Афғонистон. Кӣ барандаи интихоботи президентӣ мешавад?

№122 (4072) 12.10.2019

Афган28-уми сентябри соли равон дар Афғонистон интихоботи президентӣ доир гардид. Довталабон дар ин маъракаи сиёсӣ ибтидо 18 нафар буданд, дертар 5 нафар номзадии худро пас гирифт ва 13 номзад рақобат карданд. Амалан то охирин рӯзҳо маълум набуд, ки ин маъракаи сиёсӣ баргузор мегардад ё не. Зеро пас аз таҳдидҳои пай дар пайи ҳаракати террористии «Толибон» ҷиҳати халалдор кардани он вақти баргузориро ду дафъа ба қафо партофтанд.

Бо вуҷуди ин, интихоботи президентӣ дар кишвари ҳамсоя баргузор шуд. Тибқи маълумоти Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон, 2 миллиону 700 ҳазор нафар (20 фоизи интихобкунандагон) дар он ширкат карданд. Мувофиқи қонунгузорӣ ҳамон номзаде барандаи инихобот мешавад, ки беш аз 50 дарсади овози интихобкунандагонро ба даст овардааст. Дар сурати ғайр даври дуюми интихобот бояд баргузор гардад.

Зимнан, ду рӯз пас аз баргузории интихобот номзад аз тими «Субот ва ҳамгироӣ» Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул нишасти матбуотӣ ороста, иброз доштааст, ки ҳарчанд натиҷаи расмӣ ва ниҳоиро Комиссияи интихоботӣ эълон мекунад, вале мушаххас мебошад, ки раъйи бештареро ба даст овардааст ва аз ҳамин сабаб даври дуюми он баргузор намешавад. Вай, ҳамчунин, ба интихобкунандагон барои раъяшон «бар зидди худкомагӣ ва хушунат» изҳори миннатдорӣ кардааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ду интихоботи қаблии Афғонистон ҳам номзад буд: соли 2009 бо Ҳомид Карзай рақобат дошт ва соли 2014 бо Ашраф Ғанӣ. Дар ҳар ду интихобот ҳам худро пирӯз хонда буд, вале баъдан маълум шуд, ки бояд интихобот даври дуюм ҳам дошта бошад…

Табиист, ки баёнияи охири Абдуллоҳ Абдуллоҳ боиси нигаронии номзадҳои дигар, алалхусус, президенти кишвар Ашраф Ғанӣ гардид. Ашраф Ғанӣ даъват намуд, ки бояд ба фаъолияти Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон эҳтиром гузошта шавад ва номзадҳо пешдоварӣ накарда, мунтазири эълони натиҷаи расмӣ бимонанд. Эътирози номбурда дар ҳолест, ки қаблан Абдуллоҳ ва дигар номзадҳо президентро барои суиистифода аз имкониятҳои маъмурии давлат ба фоидаи худ дар ҷараёни маъракаи интихобот айбдор намуда буданд.

Қобили зикр аст, ки интихоботи президентии Афғонистон аз ҷиҳати аҳамиятнокӣ маъракаи фаротар аз кишвар аст. Ба ибораи дигар, он на маъракаи сиёсии миллӣ, балки маъракаест, ки бо дарназардошти вазъи Афғонистон ва мавқеи стратегиву геополитикӣ дар минтақа, ҷаҳон ва арсаи байналмилалӣ алоқамандони бисёр дорад. Хусусан, чанде пеш хабаргузории «Афғонистон» бо такя ба рӯзномаи маъруфи «Independent» аз қавли Аҳмад Валӣ Масъуд — бародари Аҳмадшоҳи Масъуд ва яке аз номзадҳо ба президентӣ дар интихоботи Афғонистон навишт, ки «рақобатҳои минтақавии кишварҳои Халиҷи форс акси худро дар Афғонистон меёбанд». Собиқ сафири Афғонистон дар Лондон (Аҳмад Валӣ Масъуд) изҳор доштааст, ки Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар интихобот аз номзадии президенти феълӣ — Ашраф Ғанӣ ҷонибдорӣ мекунанд.

- Баъзе қувваҳое ҳастанд, ки бисёр мехоҳанд, то доктор Ғанӣ комёб шавад ва барои ин кор бурда истодаанд, — таъкид кардааст Масъуд дар суҳбат бо «Independent».

Дар ҳамин ҳол бисёре аз таҳ­лилгарон, бо дарназардошти вазъи феълии кишвари ҳамсоя, андеша доранд, ки интихоботи президентии Афғонистон ба даври дуюм мегузарад ва буғранҷу буҳронӣ шудани вазъият низ аз эҳтимол дур нест. Агар дар гузашта эътирозу норозигӣ боис гардид, ки қудрат дар Афғонистон байни ду нафар тақсим гардад, имсол ин қудратхоҳон метавонанд бештар бошанд. Инчунин, агар дар интихоботи гузашта вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ боис шуд, ки масъала ҳал гардад, имсол мумкин аст, кишварҳои маслиҳатгар якчандто шаванд.

Рӯзноманигор ва таҳлилгар Нуралӣ Давлат, ки борҳо ба Афғонистон сафарҳои корӣ доштааст, аввалин интихоботи президентӣ ва парлумониии кишвари ҳамсояро солҳои 2004 ва 2005 хуб дар ёд дорад. Ӯ мегӯяд, ки дар рафти сафарҳояш ба ҳайси хабарнигор ба ситоди интихоботии номзадҳо ба мақоми президентӣ, ҳамчунин, номзадҳо ба парлумони Афғонистон рафта, дидааст, ки тимҳои интихоботӣ чӣ гуна кор мекунанд. Ба қавли ӯ, интихоботҳои аввал дар ин кишвар бамаротиб шаффофу демократитар будаанд.

Роҷеъ ба интихоботи чанде пеш доиршудаи президентӣ дар Афғонистон ибрози ақида карда, таҳлилгар мегӯяд:

- Интихоботи охири Афғонистон ду пешсаф дорад — Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ. Дар ҳамин ҳол яке аз пешсафон — доктор Абдуллоҳ рақиби худро бо он айбдор карда буд, ки имкониятҳои маъмурии давлатро дар ҷараёни маъракаи интихобот ба фоида истифода мебарад. Шанси доктор Абдуллоҳ низ барои баранда шудан дар интихобот андак нест. Вале, ба назари ман, ҳамоне баранда мешавад, ки «Кохи сафед» тарафдорӣ мекунад.

Ҳарчанд то эълони натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи президентӣ дар Афғонистон ҳоло вақт ҳаст, вале эҳтимол меравад, ки (бо баргузории даври дуюм ҳам бошад) Ашраф Ғанӣ ин дафъа низ барандаи интихобот мегардад. Зеро, агар президент шудани Абдуллоҳро ҳамон қувваҳое, ки таҳлилгарон ишора мекунанд, мехостанд, вай дар ду интихоботи қаблӣ, ҳеҷ набошад дар якеаш, баранда мешуд. Аз муқоиса ва таҳлили интихоботҳои қаблии президентии Афғонистон ҳамин хулоса бармеояд.

М. УСМОН, «Садои мардум»