Ҷиноят ва ҷазо

Ҳайфи умре, ки паси панҷараи зиндон гузарад

№146-147 (3447-3448) 30.10.2015

Ин ҷо ба парвандаи ҷиноятие рӯй меорем, ки дар Коллегияи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятии Суди вилояти Хатлон мавриди муҳокимаи мунсифона қарор гирифт ва дар рафти он гуноҳи вазнини шахсони айбдоршаванда пурра собит гардид.

… Сафаргул Хоҷаева ва Ойгул Пардаева дар деҳаи Роҳи нави деҳоти «Тахти сангин»-и ноҳияи Қубодиён бо хушдоманашон Норгул Аъзамова зиндагии якҷоя мегузаронданд. Сахтгириву панду насиҳатҳои хушдоман ва гуфтугузору баҳсҳои оилавӣ боиси пайдо шудани муноқиша дар ин хонадон мегардад.

Дар ниҳояти кор келинҳо нақшаи даҳшатангези нобуд кардани хушдоманашонро тарҳрезӣ менамоянд. Онҳо бо мақсади амалӣ намудани ин нияти ҷинояткоронаи  худ аз набудани дигар аъзои оила истифода бурда, тибқи маслиҳати пешакӣ  шаби 26 декабри соли гузашта, тахминан соати 23,  ба ҳуҷраи хоби Аъзамова Н.Т. даромада, ӯро дар ҳолати хоб дармеёбанд. Сафаргул Хоҷаева аз болои печкаи оҳанин офтобаи чӯяниро гирифта, ба қисмати пешонаи сари хушдоманаш сахт мезанад. Ҷабрдида ҷароҳати вазнин бардошта, доду фиғон мекунад. Дар ин асно Ойгул Пардаева, вориди ҳуҷра гашта, офтобаи чӯяниро аз дасти Сафаргул Хоҷаева мегирад ва чанд зарбаи дигар ба сару рӯйи ҷабрдида мезанад. Баъд аз он ки хушдоманашон беҳуш мегардад, ӯро ба саҳни ҳавлии манзили истиқоматиашон мебароранд. Сипас, Ойгул Пардаева аз ошхона зарфи пур аз бензинро оварда, ба дасти Сафаргул Хоҷаева медиҳад. Сафаргул Хоҷаева сӯзишвориро ба аъзои бадани Аъзамова Норгул пошида, дар ҳузури набераи хурдсолаш — Шукрона Хоҷаева оташ мезанад.

Баъд онҳо бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамудаашон боқимондаи сӯхтаи ҷасадро ба ароба бор намуда, ба ҷӯйбори обгузари назди бинои манзили истиқоматиашон бурда мепартоянд, ки ин ҳолат  бо хулосаи ташхиси судию биологӣ тасдиқи пурраи худро ёфтааст.

Дар асоси ин гуфтаҳо айбдоркунандаи давлатӣ асоснок меҳисобад, ки мақомоти тафтишоти пешакӣ кирдори судшавандаҳо С. Хоҷаева ва О. Пардаеваро бо моддаи 104 қисми 2, бандҳои «в, е, з» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст бандубаст кардааст.

Парвандаи ҷиноятии Хоҷаева Сафаргул ва Пардаева Ойгул баъди тафтишу санҷиши дақиқ аз тарафи прокуратураи ноҳияи Қубодиён бо тасдиқи фикри айбдорӣ аз тарафи прокурори вилоят ба Суди вилояти Хатлон ирсол гашт.

Ин ду нафар мувофиқи ҷинояти содиркардаашон ҷазо гирифтанд: Сафаргул Хоҷаева ба муддати 21 сол ва Ойгул Пардаева ба муддати 22 сол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум карда шуданд.

Чунин аст подоши кӯтоҳандешӣ. Акнун хубиҳои умри ин ду нафар ҷавонзан пушти панҷараи зиндон мегузарад.

У. ҲАИТЗОДА, и.в. прокурори шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 2,

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»