Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Душанбе

№11 (3491) 26.01.2016

23 январи соли 2016 баҳри вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёдшаванда дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназардошти дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки масъулини соҳа ва институтҳои лоиҳакашӣ масъалаи аз рӯи меъёрҳои охирину муосири боғэҷодкунӣ таҷдид намудани гулгашти мавҷудаи кӯчаи Н. Ганҷавиро дар масоҳати 15 гектар замин ба миён гузошта, баҳри таҳияи лоиҳаи дархостшаванда аз роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  хоҳиш намуд, ки дар муҳлати ду ҳафта Консепсияи дахлдорро нисбати масъалаи мазкур таҳия сохта, пешниҳод намояд.

Ба Сарраёсати меъморию  шаҳрсозӣ ва Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки дар ин муҳлат баҳри интихоби қитъаи замин дар ҳудуди кӯчаи С.Айнӣ ва қисмати шарқии шаҳраки Академикҳо барои дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудани мактаби инкишофи зеҳнӣ тадбирҳои судмандро анҷом диҳанд.

Дар робита ба вусъатбахшии ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нахустин иншооти сатҳи меъёрҳои олимпию байналмилалӣ дар шаҳр — қасрҳои теннис барои 3000 ва намудҳои варзишии обӣ барои 2000 ҷойи нишаст, бо дарназардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ, воқеъ дар кӯчаи Карамови шаҳри  Душанбе таъкид гардид, ки нақшаи корҳои сохтмонӣ бо риояи сифат ва меъёрҳои техникӣ аз ҷониби пудратчиён амалӣ карда шавад.

Ҳамзамон ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар оянда бунёд намудани иншооти варзишӣ — қасрҳои волейбол ва баскетбол қитъаҳои заминро интихоб карда, корҳои пажӯҳиширо анҷом диҳанд ва пешниҳодҳояшонро ба унвонии Раиси шаҳр ирсол намоянд.

Ш. Саидов