Алоқаи мобилӣ дар Аличур

№111 (3591) 25.08.2016

smartsДар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ширкати мобилии «Мегафон»  барои муштариёнаш дар деҳоти «Аличур»-и ноҳияи Мурғоб истгоҳи нави пуриқтидорро ба истифода дод. Дар маросими ифтитоҳи он директори Департаменти кор бо ҷомеаи ширкати «Мегафон» дар Тоҷикистон Валентина Бутник ва сардори минтақавии ширкати «Мегафон» дар ВМКБ Раҳим Қадамшоев ширкат варзиданд.

Ба иттилои Раҳим Қадамшоев, истгоҳ  дорои радифи мавҷдиҳанда,  генератори офтобӣ, бодӣ ва бензинӣ мебошад. Дар дигар минтақаҳои Бадахшон бошад, ин  ширкати мобилӣ  истгоҳҳои электронӣ сохтанӣ аст.

Дар деҳоти «Аличур» қувваи барқ тамоман вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, истгоҳ ба генератори офтобӣ ва бодӣ пайваст гардид. Истгоҳро «Боми ҷаҳон» номгузорӣ намуданд.

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»