Ҳамадонӣ. Қарзи барқ — беш аз 21 миллион сомонӣ

№68-69 (4330-4331) 22.05.2021

Афзоиш ёфтани қарзи истифодаи неруи барқ, симчӯбҳои куҳнаю фарсуда дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҷумлаи мушкилотест, ки солҳо боз кормандони Шабакаҳои барқи ноҳияро нигарон кардааст. То якуми апрели соли 2021 қарзи истифодаи неруи барқ, дар маҷмӯъ, ба 21 миллиону 219 ҳазору 61 сомонӣ расидааст ва мутаассифона, нисбат ба аввали сол рӯ ба афзоиш дорад. 

Тавре сардори Шабакаҳои барқи ноҳия Ҷовидон Нуров иттилоъ дод, алҳол қарзи барқ аз аҳолӣ дар ноҳия 17 миллиону 380 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. Корхонаву ташкилоти буҷетӣ 3 миллиону 838 ҳазору 561 сомонӣ қарздор мебошанд. Аз ҷумла, Беморхонаи марказии ноҳия 300 ҳазору 955 сомонӣ, қисми ҳарбии дар ноҳия мустақарбуда 675 ҳазору 430 сомонӣ ва Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ 305 ҳазору 45 сомонӣ қарздоранд.

Ӯ, ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар тобеияти Шабакаҳои барқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ панҷ ҳазору 100 симчӯби фарсуда ба қайд гирифта шудааст, ки 210 адади он дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Ҳоло дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шумораи муштариёни маишӣ 21 ҳазор ва корхонаву ташкилот 1270 адад мебошад.

- Мутахассисони Шабакаҳои барқи ноҳия оид ба дуздӣ ва истифодаи пинҳонии неруи барқ дар се моҳи аввали соли 2021 нисбат ба 49 сокин санади қоидавайронкунӣ тартиб доданд, ки маблағи он 21 ҳазору 629 сомониро ташкил медиҳад, — афзуд номбурда.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»