Ҳамоиши байналмилалии илмӣ дар Ҳисор

№143 (3444) 27.10.2015

ЭмблемаХисорАкадемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Ҳисор санаи 21 октябри соли 2015 ба ифтихори 3000-солагии Ҳисор Симпозиуми байналмилалии илмии «Нақши Ҳисор дар таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ»-ро баргузор намуданд.

Макони баргузории симпозиум – Қасри тозабунёди фарҳанги ноҳияи Ҳисор ба ин муносибат ороставу серодам буд. Олимони ҳамаи институтҳои Академияи илмҳо, меҳмонони хориҷӣ, олимону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат, намояндагони вазорату кумитаҳои ҷумҳуриявӣ, кумитаву агентиҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассиса, идораву хоҷагиҳои ноҳияи Ҳисор ба ин ҳамоиш ҷамъ омада буданд.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо сухани муқаддимавӣ симпозиуми байналмилалиро ифтитоҳ намуда, чунин таъкид кард: — Ин чорабинӣ маҳз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад. Арҷгузорӣ ба санаҳои равшани таърих ва фарҳангии кишвар аз рукнҳои асосии давлатдории роҳбарияти олии кишвар маҳсуб меёбад.

Фарҳод Раҳимӣ дар идома иброз дошт, ки дар кори омода намудан ва баргузории ин симпозиум намояндагони 14 кишвар иштирок доштанд, ки қисмати бештарашон дар ин ҳамоиш иштирок доранд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ дар назди иштирокдорони симпозиуми байналмилалӣ суханронӣ карда, аҳли толорро ба ин ҳамоиши бузург ва Ҳисори бостон хайра мақдам гуфт.

- Тоҷикон яке аз халқҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, бо тамаддун ва фарҳанги пурғановати хеш миёни халқҳои ин минтақа ҷойгоҳи сазовор доранд, — иброз дошт Марҳабо Ҷабборӣ ва илова кард: — Агар ҳар касе Ватани худро дӯст медорад, ояндаи Ватанро бе гузаштаи он бунёд карда наметавонад. Ин ҷумла дар назари аввал одӣ, вале басо пурмаъност. Аҳли бузургони илму адаби мо таъкид менамуданд, ки аз таърих, фарҳанг ва расму русуми хеш доимо воқиф бошем.

Фарзандони баруманди халқи тоҷик, Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум барои зинда гардонидани таърих, забон, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои миллии ниёгонамон хизматҳои арзанда кардаанд.

Бо иқдоми бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву меъморӣ чора ва тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Маҳз бо ибтикороти таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин солҳои Истиқлолияти давлатӣ сар карда, ҷашнгирии саҳифаҳои таърихии халқамон ва солгарди фарзандони баруманди миллатамон ба мисли ҳазораи «Шашмақом», 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 1310 — солагии Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, 960 — солагии Умари Хайём, 1025 — солагии Абӯалӣ ибни Сино, 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан, 2700 — солагии Кӯлоб ва даҳҳо дигар рӯйдодҳои илмиву фарҳангӣ ба ҳукми анъана даромадаанд.

Дар ин радиф, ҷашни 3000-солагии Ҳисори Шодмон боз як иқдоми ватандӯстонаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст, зеро таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Ҳисор 4 октябри соли 2011 пеш гирифта шуд. Вобаста ба ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷлили ҷашни 3000 — солагии Ҳисор» қабул гардида, Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни 3000 — солагии Ҳисор ба тасвиб расид.

Баргузории ҷашни 3000 — солагии Ҳисор танҳо ёдоварӣ аз таърихи ин диёр набуда, ҳамчуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буданд, ҳадафи асосии таҷлили ҷашни 3000 — солагии Ҳисор ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ин диёр, ба гӯшаи ободу зебо табдил намудани маркази ноҳия мебошад.

Инак, тавассути ин ҷашни бузург ёдгориҳои таърихиву меъмории Қалъаи Ҳисор барқарор гардида, дар гирду атрофи маркази ноҳия шаҳракҳои зебо, чойхона ва дигар мавзеъҳои истироҳатӣ, марказҳои солимгардонӣ ва иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуд, симои меъмории ноҳия ба куллӣ дигаргун гардида, Ҳисор ба як гӯшаи биҳиштосои диёрамон табдил ёфт.

Дар поёни суханронӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ба созмондиҳандагони симпозиуми байналмилалӣ – Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор изҳори сипос намуда, ҳамчунон афзуд, ки тадқиқотҳои анҷомдодаи олимони мо ва ҳампешагони хориҷиашон таърих ва фарҳанги Ҳисори Шодмонро боз бештар равшан намуданд.

Сипас, дар ҷаласаи пленарии симпозиум узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, профессори донишгоҳи Франсия Франсис Ричард, доктори илмҳои таърих, профессор, ходими калони илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия Наталя Матвеевна Виноградова, профессор Масъуд Миршоҳӣ аз Франсия, профессори Донишгоҳи давлатии шаҳри Гроднои Ҷумҳурии Беларус Игор Эдуардович Мартиненко, намояндаи Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Иброҳими Худоёр оид ба ҷойгоҳи сазовори Ҳисор дар тамаддуни Осиёи Марказӣ суханронӣ карданд.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ҳисор Раҳмонзода Усмони Сабз иштирокчиёни симпозиумро ба диёри куҳани бостонии Ҳисори Шодмон хайра мақдам гуфта, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ибтикорот ва баргузории ин ҳамоиши бузурги илмӣ ва роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи олимоне, ки бахшида ба ин ҷашн тадқиқотҳои басо судманд анҷом доданд, изҳори сипос намуд.

Кори симпозиум дар бахшҳо идома ёфта, олимони тоҷик ва хориҷӣ роҷеъ ба тадқиқоти археологии водии Ҳисор, Ҳисор дар масири таърих, мероси фарҳангӣ ва адабии водии Ҳисор маърӯза ва гузоришҳои илмӣ карда, бори дигар таъкид намуданд, ки Ҳисор дар рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ нақши хоса ва хотирмон гузоштааст.

 Абдулмаҷид МУРОДОВ,«Садои мардум»