Ҷангидани 1100 тоҷик дар сафи ДИИШ боиси нигаронист

№ 03.11.2016

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Самтҳои асосии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи пешгирии тундгароии динӣ» доир гардид.

Дар он масъулини вазорату идораҳо, олимону коршиносон, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карда, оид ба муносибати ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ниҳодҳои давлатӣ барои муборизаи якҷоя алайҳи ифротгаройиву тундгаройии динӣ, ки бахусус ҷавононро фаро гирифтааст, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба он изҳори назар намуданд.

Директори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар минҷумла зикр намуд, ки 394 нафар сокини  вилояти Суғд дар сафи ба ном «Давлати исломӣ» меҷанганд. Дар ин миён баъзеи онҳо оила ва фарзандони ноболиғи худро низ ҳамроҳ бурданд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 130 нафар роҳбар ва аъзои ҳаракатҳои экстремистию динӣ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ҳамрадиф бо ин,  алайҳи 16 нафар имом — хатиб ва ходимони масҷидҳои вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара нисбат ба 74 нафар сокини он барои иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноятии хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, ки мақсадашон бо роҳи зӯроварӣ тағйир  додани сохти конститутсионии давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барпо кардани давлати хилофати исломӣ мебошад, 43 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Дар маҷмӯъ, айни замон дар сафи ба ном «Давлати исломӣ» бештар аз 1100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ меҷанганд, ки боиси нигаронии ҷиддист.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»