Ҳар чӣ дорад ин ҷамоат аз дуои модар аст

№33 (3513) 08.03.2016

Ректори инст забонхоЗан – Модар олиҳаи ҳусн ва офарандаи ҳаёт ва азизтарин мавҷуд дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри модар чун коинот ҳадду ҳудуд надорад. Ӯ тимсоли покиву назокат ва латофат, сазовори парастиш ва эҳтиром мебошад. Ақлу заковат, донишу маҳорати зан ба мард қуввату матонат бахшида, ӯро ба меҳру вафо, шуҷоат ва аз худ гузаштанҳо ҳидоят менамояд. Хушбахтии ҳар зан дар зиндагии осуда, давлати поянда, сулҳу ваҳдат, фарзандони солеҳ, оилаи обод  ва дӯстиву рафоқати байни инсонҳо зоҳир мегардад. Дар робита ба ин масъала раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо андешаҳояшро ба тариқи зайл баён дошт:

- Башарият ҳамеша ба зан ва саҳми он дар рушди ҷомеа ниёз доштааст. Имрӯз мақоми зан дар ҷомеа боло рафта, имкони иштироки фаъоли ӯ дар бахшҳои хоҷагии халқи кишварамон фароҳам аст. Дар замони соҳибистиқлолӣ барои боло бурдани мақому манзалати Зан — Модар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхориҳои пай дар пай зоҳир менамояд. Бо мақсади эҳтиром гузоштан ба модар дар гузашта низ аҷдоди мо ҳар сол рӯзи муайянеро ҳамчун иди модар ҷашн мегирифтанд. Чуноне Абӯрайҳони Берунӣ менависад, миёни ҷашну маросимҳои мардуми тоҷик ҳанӯз аз замони қадим анъанаи ҷашнгирии иди модар роиҷ будааст.Тибқи гуфтаҳои ӯ, ин ид дар сарзамини тоҷикон дар моҳи сеюми зимистон, ки Исфандормуз ном дошт (мутобиқ ба моҳҳои феврал-март), ҳамчун иди иффату зебоӣ ва бузургдошти Зан — Модар ҷашн гирифта мешудааст. Бо мурури замон, ин иди фаромӯшшудаи бошукӯҳи таърихии аҷдоди мо ба шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон аз нав зинда гардид.

Ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар фарорасии фасли баҳор рамзист, зеро бедоршавии табиат ба ҳаётбахшии модар шабоҳат дорад. Дар ин рӯзи муборак инсонҳо бояд ба аёдати модарону  хоҳарон биёянд. Хотири онҳоро болида намоянд ва анъанаи неки ниёгонро гиромӣ доранд. Панҷ сол сипарӣ гашт аз он рӯзе, ки бо пешниҳоди Президенти  кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Иди байналмилалии занон — 8 март  ба  Рӯзи Модар табдил дода шуд. Ин иқдом маънии амиқ дорад, зеро бузургии модарро бори дигар таъкид ва хотирнишон месозад. Месазад ба модарон — офарандагони зиндагӣ ва тарбиятгарони фарзандон арҷ бигзорем.

Нақши занон дар ҷомеа хеле бузург аст. Бар замми он ки зан модар аст, ҳамчунин хизматчии давлатӣ, олим, муаллим, ҳуқуқшинос… ва муҳандису духтур мебошад. Бузургтарин шахсиятҳои таърих — арбобони давлативу сиёсӣ, илму фарҳанг, адабиёту ҳунар тарбиятгирандаи модар буданду ҳастанд. Ҳоло ҳар яки мо шоҳиди онем, ки дар кишвар барои фаъолияти ҳамаҷонибаи занон имкониятҳои мусоид фароҳам аст ва ҷалби онҳо ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамеша дар мадди назар қарор дорад. Аз ин лиҳоз, занони кишварро лозим  аст, ки зарурати таъмини баробарии гендерӣ ва татбиқи сиёсати гендерии давлатро дарк намоянд. Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар арсаи ҷаҳон давлати демократӣ ва дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар собит сохт. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқии дигар, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ — иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак заминаи мусоид фароҳам овард, Модар  нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву чаҳонбинии фарох мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид». Модар, ғайр аз ин ки ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, инчунин хислатҳои накутарини инсониро дар сиришти ӯ бо шири поки худ ҷой медиҳад. Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борандагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳорро ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Дар олам муқаддастар аз модар мавҷуде нест. Аз ин ҷост, ки мо дар лаҳзаҳои душвортарин калимаи модар, модарҷон — ро ба забон меорем. Меҳру муҳаббати самимии модар ва шабзиндадориҳои ӯро бо ҳеҷ чиз баробар наметавон кард.

«Алла»-и модарро ҳама шунидаему аз шири сафедаш баҳра бурдаем. Адибону олимон ва бузургони дунё дар васфи Зан-Модар суханҳои меҳрбор зиёд гуфтаанд.

Пас месазад, ки ӯро болои дидагонамон ҷой бидиҳему нагузорем камтарин осебе ба ӯ бирасад.

Идатон муборак, модарони азиз!

Таҳияи Р. ҲАБИБОВ, «Садои мардум»