Ҳарорат

№100 (3894) 17.08.2018

 (Ба дӯстони тоҷик)

 Чист, эй ёрон, ҳарорат? Ин нишоти безавол

Дар вуҷудам мекунад бедор эҳсоси навин.

З-ӯ ҷаҳони тозае бинам ба миръоти хаёл:

Рангҳои навбаҳору ҷилваи ҳусни замин.

 

Худ ҳарорат чист? Охир, дар куҷо маъвои ӯ?

Ё ниҳон андар нигоҳи дидаи аҳли вафост?

Ё ниҳон андар дили лабрези ишқу орзу?

Ё ниҳон андар замири партави субҳи сафост?

 

Ё ҳарорат нест он ҳиссе, ки асри бешумор

Ҷовидон бедор буда дар дили аҷдоди мо?

Ё ҳарорат нест он неру, ки умре барқвор

Медурахшад дар самои фитрати авлоди мо?

 

Эй ҳарорат! Зодаи хуршед медонам туро,

Дар ниҳодат зарра-зарра нур бошад ҷилвагар.

Дар радифи селаи истораҳои пурзиё

Дар шаби маҳтоб пайдо мешавӣ андар назар.

 

Эй ҳарорат! Мекунам эҳсос дар хунам туро,

Гар бубинам рӯи фарзанду рафиқи арҷманд.

Чун қалам гирам ба даст. эй чашмаи илҳоми мо,

Мекунам эҳсос дар шеъри баланду дилписанд.

 

Эй ҳарорат! Ту чӣ сон дар солҳои сахти ҷанг

Аз сари ман дур меандохтӣ дуди алам.

Ин ту будӣ, к-аз дили пуртоқатам бистурда занг,

То нависам шеър, медодӣ ба дасти ман қалам.

 

Ин туӣ оё, ҳарорат, Азму неруи матин?

Дар шаби ҳиҷрон ба ҷони хаста роҳат додаӣ.

Мисли дасти модари ҷонпарвари меҳрофарин,

Бо навозиш кӯдаконамро фароғат додаӣ.

 

Бингарам бар наҳри тӯлонӣ, ки бо ҳам кофтем,

Менамояд чун раги хунгард дар ҷисми замин.

Ҷавҳари омоли худ аз дӯстӣ дарёфтем,

Ҷӯши илҳом оварад ҳар боғу роғи дилнишин.

 

Як тараф тобад замини пахта чун баҳри кабуд,

Сӯи дигар боғи анҷиру анори шаҳдбор.

Ҳофизу раққоса мехонанд шодона суруд

Бо навоҳои дафу оҳанги танбӯру дутор.

 

Нағмаҳояшонро шунида,

Дил шавад аз завқ маст.

Сози ёр исёнгару овози ӯ завқофарин.

Ту забонашро надонӣ ҳам, сурудаш форам аст,

Медиҳад ҷонро ҳаловат, аллаи модар барин.

 

Хонаи ёру бародар хонаи мову шумост,

Шодии ёру бародар шодии дилҳои мост

Ин туӣ оё, ҳарорат, Нури манзилҳои мо?

Ин туӣ оё муқаддас оташи дилҳои мо?

 

Созу овозу наво, меҳмон зи ҳар қавму нажод…

Аз кӣ монд ин анъана мерос бар мову шумо?

Оташи ин расмро кӣ дар дили мо ҷо бидод?

Омад ин расму русуми нек аз аҷдоди мо.

 

Эй ҳарорат! Дидаву дилро ба сӯят мекашӣ,

То шавем имрӯз ҳам аз васли ёрон баҳраёб.

 Дар дили мо, чашми мо, дар хуни мо чун оташӣ,

Оташе, к-ӯ ҳаст ҳамҷӯши ниҳоди Офтоб!

 

Дӯстон, чун чашму абру ҳамдаму ёрем мо,

Ҳамраҳу ҳамкору ҳамтақдир будем аз азал.

Ҷовидонӣ медурахшад бар сари мову шумо

Пурҳарорат офтоби дӯстии бебадал!

ЗУЛФИЯ Шоири халқии Ӯзбекистон