Ҷашни меҳру фаровонӣ

Ҷашни Сада дар кӯҳистони Терай

№15 (4755) 31.01.2024

Кухи Эмом АскараАгар шумо майли сайёҳӣ ва ошно гаштан бо расму оини мардуми кӯҳистонро доред, ба мавзеи Давлатободи куҳан биёед, баъд ба деҳаи хушбоду ҳавои Доғистон равед ва кӯҳи Эмом Аскараро зиёрат созед, ки дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Дар ҷониби шарқи деҳаи Доғистон тақрибан дар масофаи 8-10 км кӯҳи ҳалқамонанди Териклитоғ ба назар мерасад.

Қуллаи баландтарини он «Шоҳу арӯс» ном дорад. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» вожаи «тоғ» ё «теғ» — кӯҳ, теғаи кӯҳ, қуллаи кӯҳ баён шудааст.

Рӯ ба рӯи қуллаҳои «Шоҳу арӯс» ва «Деворбарс» пайроҳаи пурпечутоб шуморо ба мавзеи «Дунбакон»-у «Калоти Аспон» мебарад. Он ҷо манзараҳои дилфиреб ва муъҷизаосо пеши назар ба ҷилва меоянд. «Дунбакон» ҷои зисти шерпаланг, юзи ваҳшӣ ва савсорҳо мебошад. Онҳо нахчир ва бузҳои пармашох ё ба истилоҳ «бузҳои морхӯр»-ро шикор мекунанд.

«Калоти Аспон» мисли ҷазираест дар байни ҷарию қуллаҳои осмонбӯс. Маконе, ки аз аввали баҳор то фасли тирамоҳ чарогоҳи аспони бодпо буд. Дар он ҷо деҳаи Кури Шол низ мавҷуд аст, ки нақбе дорад чун қасрҳои афсонавӣ ва шаршарае, ки аз баландии 50-60 метр ба поён мерезад.

Дар ҳамин макон то солҳои 50-60 асри гузашта ҷавонмардони деҳоти Кури Шол, Ҷангалак, Лӯлибача, Боғи Сабзалӣ, Қабоқ, Навобод, Зуъ, Анҷиркон, Ворӣ, Амбрути хам, Заранг дар охири моҳи январ аз рӯи тақвими ниёгон 10 -уми баҳманмоҳ бо тӯшаю талқон омада, шикор мекарданд. Сипас, ҷашн ороста, аз гӯшти кабку мешу нахчир шӯрбою кабоб тайёр менамуданд. Гулхан афрӯхта, рақсу сурудхонӣ мекарданд, даври гулхан гирд гашта, аз болои он меҷаҳиданд. Садои фалаксароияшон кӯҳистонро фаро мегирифт. Ин ҷашн то рӯзҳои аввали моҳи феврал идома меёфт.

Фарҳангшинос Сангаҳмад Даминзода дар китоби «Авроқи зиндагӣ» навиштааст: «Шахси дигари соҳибэҳтироми деҳаи Навобод, ки ман зикрашро кардан мехоҳам, Ятим ном дошт ва 120 сол умр дид… Ана, ҳамин пири гармию сардии рӯзгорро дида сайёҳ ва боғбон буд. Борҳо ба Бухоро, Самарқанду Қӯқанд сафар карда, аз шаҳрҳои Балх ва Чаёб анҷир, челон, чормағз, аз Ҳисор шакарсеб, аз Тебалай тути музаффарӣ оварда, дар панҷ ҷойи Навобод боғ бунёд карда буд. Ӯ мегуфт, ки ҳафт пушташ дар охири зимистон Садаро ҷашн мегирифтанд».

Соли 1919 дар ҳудуди Бухорои Шарқӣ — Тоҷикистони имрӯза касалии вабо омад. Мардуми деҳот номи онро «обпартояк» мегуфтанд. Вабо дар он солҳо дар кӯҳис­тони Терай сабаби марги ҳазорон нафар гардид. Дар натиҷа деҳаҳои хурд пурра барҳам хӯрда, деҳаҳои калон камодам шуданд. Деҳоти Кури Шол, Думбакон, Лӯлибача, Седаргӣ, Чашмаи Сӯхта, Боғи Сабзалӣ, Ҷангалак аз байн рафтанд. Табиист, ки баъди ин воқеаи даҳшатбор ҷашну маросим низ камранг ва ё солҳо баргузор нагаштанд, аммо мардуми кӯҳис­тон дубора ҷашнҳояшонро эҳё карданд, чунки барояшон ин ҷашну маросим на танҳо муҳим, балки муқаддас буд.

Шоҳидон нақл мекунанд, ки солҳои 50-60 асри гузашта дар деҳаи Кури Шол ҷашни Сада бо шукӯҳ таҷлил мешуд. Ба он маросим иштирокчиёни пирони рӯзгордидаи деҳа Орифи Чӯбина, Бобо Шароф, Азим Ганҷал, Шарифи Абдураҳмон, Сайфуллоҳи Яъқуб сарварӣ мекарданд ва тамоми суннатҳои ҷашни Садаро ба ҷо меоварданд.

Солҳои 60-уми асри гузашта мардуми деҳотро ба водӣ кӯчонданд. Онҳо бояд замини таҳдаштро обод менамуданд. Сарсонию саргардониҳо боис гашт, ки баъзе маросими мардумӣ аз байн раванд ва ё камранг шаванд. Аз ҷониби дигар, ҳукумати шуравӣ барои таҷлил кардани ҷашну идҳои ниёгонамон зид буд ва онҳоро расму оини хурофотӣ мепиндошт. Аммо бузургии халқи мо он аст, ки суннатҳои миллии худро фаромӯш насохт ва баъд аз ба истиқлолияти давлатӣ мушарраф гаштан онҳоро дубора эҳё намуд. Имрӯз он дар мавзеи «Давлатобод»-у «Дашти Ҷам» бо шукӯҳи тоза таҷлил мешавад.

Исматуллоҳ ЯЪҚУБЗОД,

узви ИЖТ,

Аълочии матбуоти Тоҷикистон