Аз нишастҳои матбуотӣ

№77 (3223) 15.07.2014

Истифодаи нурии нави биологии «Биокомпост»

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки  дар нимсолаи якуми соли 2014 олимони Академия  таҳқиқотро аз рӯйи 70 мавзӯи илмӣ- таҳқиқотии бунёдӣ ва 31 мавзӯи амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Аз ҷумла  таҳқиқот дар илми математика дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда,  доир ба физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ, акустика натиҷаҳои зарурӣ ба даст омадаанд.  Олимони зилзилашинос (сейсмологҳо) бо истифодаи технологияҳои навтарини системаҳои иттилоотӣ -  географӣ (ГИС) таҳқиқоти аз нигоҳи сейсмикӣ хатарноки марзи Тоҷикистонро идома доданд. Кормандони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ усули аз обҳои чоҳӣ  ва техникӣ ҷудо намудани уранро  бо истифодаи сорбентҳои нави самаранок коркард намуданд. Олимон ва мутахассисони Маркази инноватсионии рушди илм  ва технологияҳои нави назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон неругоҳи офтобии  дорои  тавоноии 100 Вт-ро  сохта, аз озмоиш гузарониданд, ки он барои истифода дар хонаҳои истиқоматӣ, коттеҷҳо ба сифати манбаи эҳтиётӣ ва ё алоҳидаи таъмини барқ  истифода мешавад.  Кормандони  Маркази  инноватсионии  биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  технологияи ҳосил намудани нурии биологии аз ҷиҳати экологӣ бехатари «Биокомпост» — ро  коркард намуданд, ки  он дар хоҷагиҳои шаҳри Ваҳдат истифода карда шуд.

- Аз ҷумлаи дигар  корҳои муҳиме, ки дар нимсола ба анҷом расиданд, -  зикр кард Фарҳод Раҳимӣ, -  ба имзо расидани шартнома  оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи миллии илмҳои  Беларус мебошад. Ҳамчунин ба кор шурӯъ намудани корхонаи истеҳсоли  нитроген (азот)-и  моеъ, таъсис додани Парки технологӣ, бо мақсади гирифтани заҳри мор ва аз он истеҳсол намудани доруворӣ, ташкил кардани серпентария барои парвариши морҳои заҳрнок (кобра ва грюза),  ифтитоҳи  «Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва ояндабинии илмӣ» дар назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бори аввал  гузаронидани олимпиадаи фаннии донишҷӯён барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳо»  бо мақсади  дарёфти истеъдодҳо  ва ҷалби минбаъдаи онҳо ба корҳои илмию таҳқиқотӣ  дар сохторҳои илмии академия аз дастовардҳои нимсолаи якуми соли 2014 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

 Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»

Нишондиҳандаҳо бозгӯйи фаъолияти пурмаҳсуланд

Зимни нишасти матбуотии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  директори он Бахтиёр Шукурзода иттилоъ дод, ки бо мақсади афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини бештари талаботи мамлакат бо маҳсулоти худӣ, пешгирии воридшавии маводи озуқавории бесифат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Агентӣ соли 2014 «Соли бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ» эълон гардидааст. Дар робита ба ин масъала аз аввали соли ҷорӣ то ин муддат дар миқёси ҷумҳурӣ аз тарафи нозирони назорати давлатӣ 2065 санҷиш гузаронида шудааст, ки аз ин шумора дар 581 ҳолат камбудиҳо ошкор гардидаанд.

Иттилоъ гирифтем, ки ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти бесифат ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» зимни  гузаронидани санҷишҳо миқдори маҳсулоти гуногуни муҳлати истеъмолашон гузашта ошкор шуданд. Аз ҷумла 61 тонна қиммаи гӯшти мурғ дар анбори нигоҳдории маҳсулот, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ошкор ва пас аз ташхис, тибқи хулосаи комиссия, ба сифати хӯроки чорво равона карда шуд. Дар анборҳои нигоҳдории маҳсулоти ҶДММ «Кристал казбеги» ба миқдори 4456 кг чойи хушк, ҶДММ «Coca Cola- нӯшокиҳои Тоҷикистон», ки дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд ҷойгир мебошанд, ба миқдори умумии 138 828 адад нӯшокиҳои ташнашикан бо тамғаи «Фанта», «Фанта-Лимонад» ва «Coca Cola», ки муҳлати истеъмолашон гузаштааст, дарёфт ва мавриди чораандешӣ қарор гирифт. Ҳамчунин 570 кг маҳсулоти қаннодӣ, 3000 кг маёнез, 250 кг маҳсулоти қаннодии истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой аз муомилот гирифта шуда, нисбати онҳо, тибқи тартиби муқарраргардида,  чораҳо андешида шуд.

Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  15 870 кг сабзавоти тару тозаи аз  Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон воридшуда (помидор, бодиринг, сирпиёз, қаламфур ва ғайра) ва 23 200 кг маҳсулоти қиммаи гӯшти мурғи аз Ҷумҳурии Туркия воридгардида, ки дар натиҷаи риоя накардани шароитҳои интиқол ва нигоҳдории маҳсулот, ғайристандартӣ дониста шуда буданд, дар партовгоҳи шаҳри Душанбе бо иштироки комиссияи салоҳиятдор нобуд карда шуданд.

Бахтиёр Шукурзода аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки ҳамкориҳо бо мақомоти прокуратура дар самти риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи  истеъмолкунандагон» вусъат ёфта, якҷоя бо ин сохтор 36 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Соли ҷорӣ дар озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти ғизоии «Тоҷикстандарт» 117 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 152,6 тонна равғани растанӣ, 9,4 тонна маҳсулоти макаронӣ, 199 тонна орд, 8534 дал нӯшокиҳои спиртӣ, 27229,8 дал нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 5,72 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 179,8 тонна маҳсулоти ғаллагӣ, 8,49 тонна иловагиҳои хӯрока, 0,81 тонна маҳсулоти ширӣ, 9,48 тонна консерваҳо, 135,87 тонна меваю сабзавот ва даҳҳо маҳсулоти дигари истеҳсоли ватанию воридотӣ ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муқарраргардида, аз нав коркард ва ё нобуд карда шудаанд.

 Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

Қоидаҳои бехатарии саноатӣ баъзан риоя намешаванд

Сардори Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломзода Сиҷоуддин зимни нишасти матбуотӣ доир ба  фаъолияти  шашмоҳаи  соҳа   дар бораи вазъи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок, муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ,  сарватҳои зеризаминӣ,  иҷозатномадиҳӣ ба баъзе  намудҳои  фаъолият ва  санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор  ба хабарнигорон  маълумот дод.

Ёдовар гардид, ки  хадамоти мазкур аз  нимсолаи аввал 1755 корхона ва 12654 иншоотро ба қайд  гирифтааст. Дар ин давра  дар корхонаҳои ба рӯйхат гирифташуда, аз тарафи  нозироти давлатӣ ва  нозироти комплексии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, 34  санҷиши  комплексӣ, 182  санҷиши мақсаднок, 239  санҷиши  фаврӣ  гузаронида  шуд. Хадамоти фавқуззикр дар рафти назорати  техникӣ  44  нафар шахсони мансабдори корхонаҳои ба қайд гирифташударо  бинобар риоя  накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид. Шахсоне, ки ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд, тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷарима карда шуданд. Маблағи умумии ҷаримаҳо 25600 сомониро  ташкил дод.

-Ҳамчунин, — гуфт Саломзода Сиҷоуддин, — дар шашмоҳаи  аввали соли ҷорӣ  дар доираи ваколатҳо бо тартиби муқарраргардида ба корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифташуда  43  адад шаҳодатномаи хариди маводи тарканда, 19  адад шаҳодатномаи истифодаи анбори маводи тарканда, 4 адад рухсатнома барои гузаронидани корҳои таркишӣ, 47  нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ, як санади қитъаи кӯҳкорӣ дода шудааст. Аз тарафи кормандони хадамот дар корхонаҳои кишвар ҷиҳати фаҳмонидани  моҳияти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии саноатӣ 187 ҷаласа  гузаронида шудааст.

 Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»

Қонунвайронкуниҳо бартараф ва адолати иҷтимоӣ таъмин карда шуд

Тавре раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Нусратулло зикр кард, дар нимсолаи соли ҷорӣ дар марҳилаҳои гуногуни судӣ 3999 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ ва дархосту пешниҳодҳо мавриди баррасӣ, таҳқиқ ва омӯзиш қарор дода шудаанд. Чунончӣ, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси суди марҳилаи якум 68 парвандаи ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, дархосту пешниҳодҳоро баррасӣ намуданд.

Дар ин робита аз 45 маҳкумшуда ба 38- тоаш ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ба панҷ нафар ҷазои ҷарима, нисбат ба як шахс ҷазои корҳои ислоҳӣ таъин гардида, ба як нафар ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст.

Дар ҳамин давра аз ҷониби коллегияҳо 142 парвандаи ҷиноятӣ, 122 гражданӣ, 100 оилавӣ ва ду ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон ҳафт адад эътироз ва шикоятҳои хусусӣ аз болои қарорҳои судҳои поёнӣ оид ба додани иҷозат барои интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ворид шудаанд, ки нисбати ҳамаи онҳо қарорҳои асоснок ва қонунӣ қабул гардидааст. Раёсати Суди Олӣ низ баррасии парвандаҳоро аз рӯйи 17 эътироз ва шикоятҳои назоратӣ таъмин намуд. Ба Суди Олӣ 1279 арзу шикоятҳои шаҳрвандон ворид шуд, ки аз ин миқдор 1091 шикоят ҳал гардид .

Дар натиҷаи баррасии шикоятҳои назоратӣ, бо мақсади таъмини таҷрибаи ягонаи судӣ барои аз нав дида баромадани санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи суд, 84 эътироз, қарор ва таъинот дар бораи оғоз намудани пешбурди назоратӣ қабул карда шудаанд, ки онҳо баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва таъмини адолати иҷтимоӣ равона гардидаанд.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

Таъмин бо ҷойи кор масъалаи доғ аст

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.  Дар нишаст зикр шуд, ки имрӯз дар донишгоҳ аз рӯйи 80 ихтисос ба 17 000 ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд.

Бино ба гуфти ректори донишгоҳ Ҳайдар Одинаев имсол донишгоҳро 2671 нафар мутахассисон ва бакалаврҳо хатм намудаанд, ки аз ин  теъдод 147 донишҷӯ  дипломи аъло гирифт. Дар ҷамъбасти соли таҳсил 180 нафар бо сабабҳои гуногун аз донишгоҳ хориҷ карда шудаанд. Имсол нақшаи қабули донишҷӯён дар донишгоҳ 2 ҳазору 160 нафарро ташкил медиҳад.

Номбурда изҳори таассуф намуд, ки давоми сессияи тобистона як ҳолати коррупсионӣ дар донишгоҳ ба қайд гирифта шудааст.

-Дар донишгоҳ масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон яке аз масъалаҳои доғи рӯз буда, ҳанӯз ҳалли пурраи худро наёфтааст. Мо асосан хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷетиро ба корхонаҳои давлатӣ бо роҳхат ба кор мефиристонем. Онҳо бояд мувофиқи роҳхат дар корхонаҳои давлатӣ се сол кор карда, баъд дипломашонро гиранд. Ҳар сол мо 80-85 дар сади хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷетиамонро ба ҷойи кор таъмин намуда метавонему халос,- афзуд Ҳайдар Одинаев.

Робитаҳои хориҷии донишгоҳ рӯ ба рушд буда, бо зиёда аз 80 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмию таълимии хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.

Донишгоҳи мазкур имкони то чор ҳазор донишҷӯро бо хобгоҳ таъмин карданро дорад, ки маблағи моҳонаи истиқомат дар хобгоҳ 60 сомониро ташкил медиҳад.

 Хайрулло ШАРИПОВ,  «Садои мардум»

Моҳипарварӣ рушд мекунад

Зимни нишасти матбуотӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулаҳмадзода аз муваффақиятҳои тӯли 6 моҳ бадастовардаи заҳматкашони вилоят, мушкилоту масъалаҳои ҳалношуда ва роҳҳои ҳалли онҳо, вазифаҳои дар назди масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузошташуда иттилоъ дод.

Мавсуф аз ҷумла зикр намуд,ки қисми даромади буҷети вилоят дар ин муддат ба андозаи 111,3 фоиз иҷро гардидааст. Дар ин давра 27,6 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардидааст. Имсол дар вилоят 3632 адад хоҷагиҳои нави деҳқонӣ таъсис ёфт ва шумораи умумии онҳо акнун 56 ҳазору 900 ададро ташкил медиҳад. То ин дам ба хориҷи мамлакат беш аз 35 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Моҳипарварӣ бошад, дар вилоят сол аз сол рушд карда истодааст.

Сипас, раиси вилоят ба суолҳои хабарнигорон посух дод.

 Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Ҳамкориҳои илмӣ тақвият меёбанд

Зимни нишасти матбуотӣ ректори  Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон Нуралӣ Салихов иброз дошт, ки самтҳои нави таълим,  ба монанди бакалавриат- математика, физика, химия, биология, магистратура- информатикаи амалӣ, иқтисодиёт, молия ва кредит, таърих, маданиятшиносӣ бомуваффақият аз аккредитатсия гузаштаанд.

Ҳамзамон соли равон бо мақсади беҳгардонии ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,  бо мактабҳои олии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳашт қарордод баста шуд. Ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои Тоҷикистон  ва Япония дар соҳаи маориф, илм ва маданият моҳи январи соли равон дар донишгоҳ Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Япония ташкил ёфт. Ҷамъияти мазкур ба робитаҳои илмию таълимии байни ду кишвар диққати махсус медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки  чанде пеш бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Конфутсий байни донишҷӯёни макотиби олии кишвар ва Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон озмуни «Пули забони хитойӣ» гузаронида шуд, ки  дар озмун 16 нафар донандагони забони хитойӣ ширкат варзиданд. Донишҷӯёни мо ҷойҳои 2-юм ва 3- юмро ишғол намуданд.

- Ба донишҷӯёни бесаробон, мактаб интернати №15-и деҳоти  «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат, мактаб-интернати №1-и ноҳияи Шаҳринав аз тарафи  донишгоҳ кумаки моддӣ расонида шуд, — гуфт дар охир Нуралӣ Салихов.

 Шарофати Бобоҷон, «Садои мардум»

Барномаҳои нав рӯйи кор омаданд

Ёздаҳуми июли соли равон нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси кумита Асадулло Раҳмон зикр кард, ки давоми шаш моҳи соли равон шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ чорабиниҳои муҳими давлативу байналмилалӣ, маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои корӣ, расмӣ ва давлатии  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз онро дар сатҳи баланди касбиву ташкилӣ инъикос карданд.  Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳо ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи тамошобинон ҷадвали барномаҳои Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон қариб пурра иваз шуда, беш аз панҷоҳ барномаву рубрикаҳои нав рӯйи кор омад.

Асадулло Раҳмон иттилоъ дод, ки айни ҳол фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо барномаҳои Шабакаи  якуми телевизиони Тоҷикистон 99,72 фоиз, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» 84,7 фоиз, Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон- Баҳористон» 86,4 фоиз ва Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» 75,71 фоизро ташкил медиҳад.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки нишондиҳандаҳои фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии шабакаҳои телевизионӣ  ба 47 фоиз баробар аст. Бино ба гуфти мавсуф, то охири соли равон боз 23 адад фиристандаи аналогӣ ва чор адад фиристандаи рақамӣ харидорӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳурӣ насб карда мешавад, ки дар ин замина фоизи фарогирии шабакаҳои телевизионии пахши аналогӣ панҷ фоиз ва пахши рақамӣ 9,14 фоиз зиёд мешавад.

Дар нишаст атрофи дигар масъалаҳои вобаста ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафта, миёни рӯзноманигорон ва роҳбарияти кумита саволу ҷавоб сурат гирифт.

Аз Асадулло Раҳмон оид ба тақдири маҷаллаи навтаъсиси «Кино», ки соли гузашта ҳамагӣ як шуморааш нашр шуда буд, пурсон шудам. Мавсуф дар ҷавоб изҳор дошт, ки маҷалла мувофиқи таъиноташ бояд дар се моҳ як бор нашр мешуд, аммо шояд бо сабаби мушкилоти маблағ ва ё пайдо накардани харидор чопи шумораҳои навбатии он қатъ гардид. Дар ҳамин ҳол роҳбари КВД кино ва видеои «Тоҷиккино» иттилоъ дод, ки семоҳаи оянда нашри маҷалла аз нав ба роҳ монда мешавад.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

Мутахассисони  касбҳои гуногун тайёр мешаванд

Тавре  ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Муминҷон Шарипов зикр дошт, дар донишгоҳ раванди таълим тариқи  рӯзона ва ғоибона сурат гирифта, дар 184 гурӯҳҳои академӣ 5963 нафар донишҷӯ таҳсил менамояд.  Инчунин дар донишгоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи касбҳои ҳуҷҷатгузории фаъолияти идоракунӣ, тайёр кардани роҳбалади сайёҳон, тартиб додани нақша ва лоиҳаҳои соҳибкорӣ, маъмурияти меҳмонхонаҳо, андоз ва андозбандии фаъолияти соҳибкорию бонкӣ  ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Имсол 17 нафар устодони ҷавон дар риштаҳои магистратура ва аспирантураи мактабҳои олии  Кореяи Ҷанубӣ, Полша, Австрия, Испания, Чехия, Словения, Беларус ва Федератсияи  Россия таҳсил  намуданд.  Донишгоҳ дар доираи лоиҳаи Барномаи Темпус ва TuCAHEA (Towards a Сentral Asian Higher Education Area: Tuning Structure and Building Quality Culture) ҷаласаи сеюми пленарӣ ва кориро дар мавзӯи «Ташаккули салоҳияти умумӣ ва тахассусии донишҷӯён» дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ду шумораи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон» аз чоп баромад, ки дар китобхонаи электронии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудааст.

 Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»

Шумораи сайёҳон меафзояд

Фаъолияти шашмоҳаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ бо ҳузури рӯзноманигорон баррасӣ гардид. Дар нишаст раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам иброз дошт, ки дар ин давра дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» , ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012 таҳти №620 тасдиқ шудааст, тибқи тартиби муқарраргардида 170 лоиҳа (чорабинӣ) амалӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 фоиз зиёд мебошад. Дар натиҷаи амалисозии лоиҳаҳо мувофиқи маълумотҳои пешакӣ 121500 нафар ҷавонон бо иттилоот, донишу малака ва таҷрибаи зарурӣ  фаро гирифта шуданд, ки 41,5 фоизи онҳоро духтарон дар бар мегиранд.

Дар ин давра 1032 нафар варзишгарони мо -  аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои гуногуни варзиш дар 44 чемпионати ҷаҳон, Осиё, Ҷоми ҷаҳон Гран-При ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори  440  медал, аз ҷумла 148 тилло, 120 нуқра ва 172 биринҷӣ гардиданд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 92830 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд, ки аз ин шумора 74002 нафарашон ба ҳайси сайёҳ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти мамлакат 37 миллион доллари ИМА маблағ ворид гаштааст.

М. МИРЗОЕВА, «Садои мардум»