Аз нишастҳои матбуотӣ

№11 (3491) 26.01.2016

«Тоҷикматлубот»: даромади умумӣ 97 миллион сомонӣ

Дар нишасти матбуотии раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» муовини раиси раёсат Иброҳим Гулов роҷеъ ба натиҷаҳои дар соли 2015 бадастомада маълумоти муфассал дод.

Зикр гашт, ки даромади бадастомада 97 миллион сомониро ташкил намуд. Аз ҳама намуди андоз ба буҷети давлатӣ зиёда аз 31,6 миллион сомонӣ пардохт карда шуд. Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ва хӯроки умумӣ ба 86,2 миллион сомонӣ расонида, корхонаҳои истеҳсолии соҳа ба маблағи 10,8 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол карданд.

Дар робита ба саҳми иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти  озуқа ва танзими нарх зикр гардид, ки ба ин мақсад соли 2015 мунтазам дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд. Давоми соли гузашта дар ин ярмаркаҳо 411 тонна маҳсулот, аз ҷумла 6,5 тонна гӯшт, 130 тонна картошка, 131 тонна пиёз, 37 тонна сабзӣ, 14 тонна карам ва дигар навъи маҳсулот бо нархҳои аз бозор нисбатан арзон ба фурӯш бароварда шуд. Инчунин ба аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 92 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дастрас шуд.

Иброҳим Гулов ҳамзамон роҷеъ ба нақша — чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, сохтмон ва таҷдиди бозорҳо, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолияти матлуботчиён маълумот пешниҳод намуда, ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб дод.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,  «Садои мардум» 

 Сифати хиштҳои истеҳсолкардаи баъзе корхонаҳо ба талабот ҷавобгӯй нест

Муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Нуралӣ Ғиёс таваҷҷуҳи аҳли нишасти матбуотиро ба натиҷаҳои фаъолияти кумита дар соли 2015 ҷалб намуда, минҷумла зикр кард, ки дар соли сипаригардида сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи  9 миллиарду 77 миллиону 395 ҳазор сомонӣ истифода шудааст, ки нисбат ба соли 2014- ум 121,2 фоизро ташкил дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин муддат ба масоҳати умумии як миллиону 202 ҳазору 862 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ  ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба соли 2014 — ум 108, 2 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 10 ҳазору 941 хонанда, муассисаҳои томактабӣ барои 385 ҷой, беморхонаҳо барои 115 кат ва дармонгоҳ барои 661 қабул дар як баст ба истифода дода шуданд. Айни замон нақшаи генералии 32 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия гардида, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, мавриди амал қарор доранд. Дар ин росто, нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва ҳашт шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ барои мувофиқа дар вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

- Дар миқёси ҷумҳурӣ 124 корхонаи истеҳсолкунандаи хишт мавҷуд буда, аз он 94 корхона фаъолият дорад. Баъди  санҷишҳои  гузаронидаи гурӯҳи кории  байниидоравӣ оид ба санҷиши сифати хишт хулосаи озмоишӣ нишон дод, ки ҳашт корхона бе сертификати мутобиқат ва ташхиси озмоишгоҳ фаъолият дошта, сифати хишти истеҳсолкардаи 21 корхона ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯй нест, — гуфт Саидзода Нуралӣ Ғиёс.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

«Амонатбонк» дар ҷодаи рушд собитқадам аст

Тарзи баргузории нишасти матбуотии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз чанд ҷиҳат намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин  аст .

Аввалан, раиси раёсати бонки мазкур  Ҳакимзода Руҳулло Абдулғанӣ , ки  мутахассиси варзидаи соҳа маҳсуб меёбад, қисмати аъзами  вақти нишасти матбуотиро ба саволу ҷавоб бахшида, кӯшиш менамояд, ки ба саволҳои журналистон посухҳои мушаххас диҳад. Сониян,  тамоми мушкилоте , ки дар нишасти матбуотӣ  аз ҷониби журналистон бозгӯйӣ мегарданд, бо супориши раиси раёсати бонк, ба қавле дар ҷояш  ҳаллу фасл мешавад.

Ҳакимзода Руҳулло Абдулғанӣ  аз шумори ками мансабдорон аст, ки телефонии мобилии роҳбарият ва кулли масъъулини бонкро дар ихтиёри журналистон гузошта,  даъват менамояд, ки доир ба  дилхоҳ мушкилоти мавҷудбуда муроҷиат намоянд. Дар раванди нишасти фавқ иттилоъ гирифтем, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо 75 филиал, 509 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 232 нуқтаи интиқоли маблағ ба мизоҷон номгӯйи васеи хизматрасониҳои бонкиро дар сатҳи хубу  сифати баланд ва ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ пешниҳод намуда истодааст. Нишондиҳандаҳои оморӣ далеланд, ки ҷойгоҳи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар бозори бонкии мамлакат хос буда, мизоҷонаш низ ҳамвора зиёд мешаванд.Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки  дороиҳои бонк ба санаи 31 декабри соли 2015-ум 2,5 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 39 фоиз афзудаанд. Пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шудаанд. Дар ҳамин радиф, сармояи умумии бонк 249,3 млн. сомониро ташкил дода,  нисбат ба соли 2013-ум  12 фоиз  афзун гардидааст.

Бақияи сандуқи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳолати охири соли 2015-ум  1,8 миллиард сомониро ташкил додааст, ки ин нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2014-ум  47 фоиз бештар аст. Имрӯз дар фаъолияти бонк навтарин технологияи низоми бонкдорӣ мавриди истифода мебошад. Ҷоиз ба зикр аст, ки бонк дар самти ҷорӣ намудани кортҳои пардохтӣ ва насби банкомату POS- терминалҳо низ яке аз пешсафон маҳсуб меёбад. Хизматрасониҳои наве, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» яке аз аввалинҳо шуда, ҷорӣ намуд, ба дорандагони кортҳои пардохтӣ имкон медиҳад, ки аз бартариҳои зиёд бархӯрдор гарданд. Имкониятҳои кори банкоматҳои бонк зиёд шуда, тавассути онҳо на фақат гирифтани пули нақд ва маълумот оиди бақияи ҳисоб, балки  бархӯрдорӣ аз хизматрасониҳои дигар низ имконпазир  аст. Аз ҳаҷми умумии қарзҳое, ки дар ин давра дода шудаанд, ба соҳаи кишоварзӣ -21,6 фоиз, саноат -19,6 фоиз, истеъмолӣ -11,4 фоиз, сохтмон — 23,5 фоиз ва  боқимонда ба дигар соҳаҳо рост меояд.

Далер МЕРГАНОВ,  «Садои мардум»

Саҳми деҳқонон назаррас буд

Зимни нишасти матбуотӣ, ки дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баргузор гардид, раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода изҳор дошт, ки соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр тӯли соли 2015 рушд ёфтанд.

Аз ҷумла ҳаҷми истеҳсоли мол, пешниҳоди кор ва хизматрасонӣ як миллиарду 909 миллион сомониро ташкил дод, ки  назар ба як соли пеш  270, 7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Давоми соли гузашта дар шаҳр як корхонаи дорубарорӣ, чор коргоҳи саноатӣ ба истифода дода шуда, 230 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Инчунин се бинои истиқоматӣ бо 51 ҳуҷра, маркази ташхис ва  муоинаи томографӣ, филиали ҶСП «Спитаменбонк», ду муассисаи  таълимӣ барои 1080 хонанда дар як баст ва се бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон 155 километр роҳҳои дохили шаҳр ва деҳот таъмир, аз ҷумла 11,2 километри он таъмири асосӣ шуд.

Соли 2015 махсусан кишоварзон хуб меҳнат карданд. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 502,6 миллион сомониро ташкил дода, назар ба як соли пеш 14,1 фоиз афзуд. Деҳқонон дар 5600 гектар  кишти такрории тирамоҳӣ  гузарониданд, ки нисбат ба нақша 500 гектар зиёд аст.

Раиси шаҳри Турсунзода оид ба иҷрои қисми даромади буҷет дар соли 2015 сухан ронда,  гуфт, ки қисми даромади буҷет ба андозаи 94 фоиз иҷро шуда  бошад ҳам, мо бо  даразардошти вазъи ногувори молиявӣ дар иҷлосияи Маҷлиси  вакилони  халқи шаҳр ба қароре омадем, ки дар соли 2016 аз истифодаи маблағҳои барои дастгирии буҷети шаҳр (субвенсия) ҷудогардида худдорӣ намоем. Ҳамчунин дар ҷаласаи ҷамъбастӣ вазъи  баамаломадаро таҳлил намуда, барои таъмини қисми даромади буҷети шаҳр чорабиниҳои мушаххасро ба нақша гирифтем.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»

Дастгирии олимони ҷавон мадди назар аст

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  аз рӯи натиҷаҳои соли 2015  нишасти матбуотӣ  бо иштироки намояндагони  воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Дар оғози нишаст ректори  донишгоҳ Анвар Мақсудов  зикр кард, ки дар донишгоҳ дар 16 факултет, аз ҷумла 78 кафедра, аз он нуҳ кафедраи умумидонишгоҳӣ, парки технологӣ, китобхонаи марказӣ фаъол буда, таҳсил аз рӯи 73 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 29 ихтисос дар шуъбаи ғоибона дар асоси нақшаҳои таълимӣ сурат гирифт.

Соли сипаригардида дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ раванди таълим тибқи низоми кредитии таҳсил ба роҳ монда шуд. Дар донишгоҳ ҳашт бинои таълимӣ, шаш хобгоҳ, 356 синфхонаҳои таълимӣ, 101 лаборатория, 130 кабинети махсус, 70 кабинети лингофонӣ амал мекунад. Китобхонаи марказӣ бо фарогирии беш аз 500 ҳазор адабиёт фаъол аст. Ҳоло дар бахши магистратураи донишгоҳ 541 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда, соли хониши 2014 — 2015-ум 204 нафар ин зинаи таҳсилро ба анҷом расониданд.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон  вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»

Заминаи моддӣ-техникӣ тақвият меёбад

Дар нишасти матбуотии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит гузориш дода шуд, ки таълимгоҳи мазкур айни ҳол дорои  ду факултет (улуми исломӣ ва филологияи Шарқ) ва нуҳ кафедра мебошад, ки дар онҳо 186 нафар муаллимон, аз ҷумла 18 нафар номзадҳои илм фаъолият менамоянд.

Дар донишкада 1966 донишҷӯ, аз ҷумла 404 нафар  духтарон ба гурӯҳҳои рӯзонаю ғоибона, фаро гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 1169 нафарашон тариқи шартномавӣ ва 797 нафар дар гурӯҳҳои буҷетӣ таҳсил менамоянд.

Айни ҳол 45 нафар  донишҷӯёни эҳтиёҷманд бо хобгоҳ таъмин гаштаанд. Теъдоди адабиёти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва бадеӣ дар китобхонаи донишкада ба 10578 адад расидааст, ки нисбати соли 2014- ум 392 адад зиёд шудааст.

Дар Маркази таълимии курсҳои кӯтоҳмуддати назди Донишкадаи исломии Тоҷикистон  ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, таълими таҷвид (фонетика) ва технологияи компютерӣ аз рӯи барномаҳои дарсии тасдиқшуда ба роҳ монда шудаанд, ки ба онҳо на танҳо донишҷӯёни донишкадаи мазкур, балки муҳассилини дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷалб карда мешаванд.

Шароити таълиму тарбия ва заминаи моддӣ-техникии донишкада сол аз сол беҳтар шуда истодааст.

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»

Чораҷӯйӣ баҳри омодасозии кадрҳои баландихтисос

Муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат  оид ба таълим Самариддин Низомов зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки донишкада дар самти фаъолияти  илмӣ - тадқиқотӣ корҳои зиёдеро  анҷом додааст.

Соли 2015 олимон ва устодони донишкада дар омодасозии дастуру воситаҳои таълимӣ нақши назаррас гузоштанд. Аз тарафи устодон 13 монография,  се китоби дарсӣ, се брошюра ва 421 мақолаи илмӣ нашр гардид. Аз омӯзгорони донишкада 27 нафарашон унвонҷӯ, 15 нафар аспирант ва ҳашт нафар докторант (PhD) мебошанд. Соли ҷорӣ аввалин маротиба шаш нафар докторант (PhD — доктор аз рӯи ихтисос) қабул карда шуд.  Донишкада давоми соли 2015  бо донишкадаву донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ- тадқиқотии ватанию байналмилалӣ робита дошт. Аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии ба номи И. А. Бунини шаҳри Елесткии Федератсияи Россия дар соҳаи таълим, илм ва фарҳанг қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонд.

Дар соли 2015 аз тарафи намояндаи Иттиҳоди Аврупо мониторинги лоиҳаи «Рушд ва такмили идоракунии донишгоҳ доир ба масоили робитаҳои байналмилалӣ» гузаронида, ба рафти иҷрои корҳо баҳои баланд дода шуд. Барои соли таҳсили 2015- 2016 утоқҳои корӣ,  синфхонаҳои биноҳои таълимӣ ва китобхонаи электронии донишкада таъмиру таҷдид карда шуданд, ки дар натиҷа 50 ҷойи нишаст зиёд гардид.

Ҳамин тавр, раёсати донишкада тасмим гирифтаст, ки дар самти баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии донишҷӯён, омӯхтани илмҳои замонавӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси муосир иқдомоти зиёдро амалӣ созад.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»

Кормандони кумита дар амалиёти кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ фаъол буданд

Дар соли 2015 дар ҳудуди ҷумҳурӣ  аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  90  ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ, ки қариб дар ҳамаи ноҳияҳо ба амал омаданд, ба қайд гирифта шуд.

Аз ҷумла ҳодисаҳои фаромадани тарма, асосан дар ВМКБ, ноҳияҳои  Айнӣ, Рашт ва Варзоб, сардиҳои сахт дар шаҳру ноҳияҳои шимоли ҷумҳурӣ, омадани сел дар ноҳияҳои Ҳисору Рӯдакӣ, қисми зиёди ноҳияҳои вилояти Хатлон, водии Рашт ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуқӯъ пайвастанд. Бар асари офатҳои табиӣ 38 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Аз ҳама зиёдтар талафоти ҷонӣ имсол дар ноҳияҳои тобеи марказ (15 нафар), ВМКБ (11 нафар), вилояти Суғд (9 нафар) ва ноҳияҳои минтақаи Рашт (3 нафар) ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамкориҳои байналмилалии Кумита тӯли соли 2015 густариш ёфтанд. Чунончӣ, байни  ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода созишнома ба имзо расонида шуд.

Соли 2015 кормандони Кумита дар тамоми ҷумҳурӣ дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта, амалиёти кофтуковӣ — наҷотдиҳӣ ва расонидани кумаки аввалия ба зарардидагон фаъолона иштирок намуданд.

Р. ҲАБИБОВ, «Садои мардум»