Аз нишастҳои матбуотӣ

№13 (3493) 30.01.2016

Ба мусофироне, ки пешакӣ чипта мехаранд, тахфиф дода мешавад

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки соли 2015 «…роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа (қисмати Ваҳдат — Ёвон) ба истифода супорида мешавад, яъне, робитаи пойтахти мамлакат бо яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар — вилояти Хатлон таъмин мегардад».

Ҳоло сохтмони ин иншооти муҳим чӣ тавр ҷараён дорад? Ин аз ҷумлаи саволҳои сершуморе буд, ки зимни нишасти матбуотӣ хабарнигорон ба роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» доданд. Муовини якуми директори корхона Баҳром Шодиев дар посухи ин савол гуфт, ки ин иншооти мазкур  дар арафаи ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба истифода дода мешавад. Алҳол дар ин ҷо кор босуръат идома дорад. Якчанд ширкати ватанӣ ба иҷрои корҳои заминӣ, пармакунӣ, таркиш, ҳамвор кардани роҳ, хобонидани релсу шпалҳо машғуланд. Бунёди нақбу пулҳоро сохтмончиён аз Ҷумҳурии Халқии Хитой пеш мебаранд. Аз оғози сохтмон то имрӯз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои иншооти мазкур 370 миллиону 796 ҳазор сомонӣ равона намудааст.

Дар нишасти матбуотӣ роҷеъ ба фаъолияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар соли 2015 маълумоти муфассал дода шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки давоми соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ 6 миллиону 121 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014-ум 688 ҳазор тонна кам мебошад. Ҳаҷми боркашонии транзитӣ 31,9 фоиз кам шуда, 1 миллиону 182 ҳазор тоннаро ташкил дод. Содироти молҳои хоҷагии халқ бошад, нисбат ба як соли пеш 85 ҳазор тонна зиёд шуд. Аз ҷумла, тавассути қатораҳо 187 ҳазору 727 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот гардид, ки нисбат ба соли 2014-ум  19 ҳазору 817 тонна зиёд мебошад.

Ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи  КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо мақсади зиёд намудани  ҳаҷми боркашониву мусофирбарӣ сабукиҳо пешниҳод гардидаанд. Масалан, барои онҳое, ки  пешакӣ чипта мехаранд, аз 15 фоиз то  40 фоиз сабукӣ дода мешавад.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум» 

Тадбирандешиҳои бонки миллӣ ҷиҳати фаъолияти муназзами бозори дохилии асъор

Дар нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо иштироки теъдоди зиёди журналистон санаи 26 январи соли равон баргузор гардид, ноустувории қурби асъори миллӣ аз масъалаҳои меҳварӣ маҳсуб меёфт.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо далелу рақамҳои асоснок масъалаи мазкурро бозгӯйӣ намуда, таъкид кард, ки ин масъала зери назорати доимии роҳбарияти бонк қарор дорад ва дар ин самт иқдомоти зиёде амалӣ шудаанд. Мавсуф, аз ҷумла гуфт, ки шароити баамаломада, дар навбати аввал, аз омилҳои берунии иқтисодӣ, бахусус вазъи геосиёсии шарики асосии иқтисодию стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Федератсияи  Россия  вобастагӣ дорад.

Раванди пурқувват шудани қурби доллари ИМА  дар тамоми ҷаҳон идома дошта, асъори дигар кишварҳо дар муқоиса бо сомонӣ зиёдтар беқурб шудаанд. Сарфи назар аз ин раванди рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи баррасишаванда тамоюли нисбатан муътадил дошт ,- таъкид намуд раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳамчунин иттилоъ гирифтем, ки дар соли 2015 сатҳи таваррум  нисбат ба соли пешин 2,3 банди фоизӣ кам гардида, 5,1  фоизро ташкил додааст. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ -4,3 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ — 7,8 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ — 2,3 фоиз ба вуқӯъ пайвастааст. Зикр шуд, ки соли 2015 бо мақсади муътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори нақдӣ ба андозаи 61,7 миллион доллари ИМА ва дар бозори байнибонкӣ дар ҳаҷми 383,4 миллион доллари ИМА мубодилаи асъорӣ анҷом дод. Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки давоми соли 2015 бақияи умумии пасандозҳо дар низоми бонкии мамлакат 9 миллиард сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба соли 2014-ум 35 фоиз афзудааст.

- Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо барои таъмини фаъолияти муназзами бозори дохилии асъор ва суботи низоми молиявии кишвар дар доираи қонунгузории ҷорӣ мунтазам тадбирҳо меандешад, — гуфт дар фарҷоми нишасти матбуотӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

 Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

Ду ҷоизаи байналмилалӣ дар як сол

- Соли 2015 барои ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон хотирмон буд, зеро дар ин сол донишкада барои дастовардҳо бо ду ҷоизаи байналмилалӣ — ҷоизаи тиллоии «Тоҷ барои сифат» (22 марти соли 2015 дар шаҳри Женеваи Швейтсария) ва ҷоизаи BIZZ -2015 (World Confederation of businesses -WORLDCOB — 1 августи соли 2015 дар шаҳри Лас-Вегаси ИМА) сазовор гардид, — гуфт дар оғози нишасти матбуотӣ ректори донишкада Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид.

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2012 таҳти №227 дар натиҷаи муттаҳид намудани ду донишкада — Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон таъсис шудааст. Мувофиқи сохтор дар шаш факултет ва 26 кафедраи донишкада аз рӯи 36 ихтисос мутахассисонро тайёр менамоянд. Илова бар ин, донишкада барои  шаш ихтисоси нави зинаи таҳсилоти бакалавр, шаш ихтисоси Phd ва барои пешбурди фаъолияти Парки технологӣ иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардидааст.

Айни замон дар шуъбаи рӯзона 3668 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 2574 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Сессияҳои зимистона ва тобистонаи соли 2015 нишон доданд, ки дар самти таҳсили донишҷӯён донишкада ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст. Сафи донишҷӯёни бо баҳои аъло ва хубу аъло таҳсилкунанда аз 13,8 фоиз то 25,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар донишкада имтиҳонҳо пурра ба воситаи  компютер дар панҷ синфхонаи Маркази тестии дорои 350 компютери бо сервери ягона пайваст гузаронида мешавад, ки ин тадбир боиси аз байн бурдани дахолат ба ҷараёни имтиҳонҳо ва таъмини шаффофият дар қабули имтиҳонҳо гардида, донишҷӯёнро водор менамояд, ки барои супоридани имтиҳонҳо омодагии ҷиддӣ бубинанд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти донишкада дар самти пешбурди корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ, тарбиявию ташкилӣ, робитаҳои байналмилалӣ, иқтисодию хоҷагидорӣ ва эҳсонкорӣ мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»        

 Пинҳонкориҳоро мақомоти андоз ошкор намуд

- Соли 2015 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 101,3 фоиз таъмин ва ба Буҷети давлатӣ 7 миллиарду 961,8 миллион сомонӣ ворид шуд, ки назар ба соли 2014 — ум  844,7 миллион сомонӣ ва ё 12 фоиз бештар мебошад, — иттилоъ дод раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим зимни нишасти матбуотӣ.

Мавсуф афзуд, ки иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ин давра дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -111,0 фоиз, вилояти Хатлон — 103,1 фоиз, вилояти Суғд-101,5 фоиз ва шаҳри Душанбе-95,0 фоиз таъмин шудааст. Бино ба гуфти номбурда, қарзи калони андоз ба ШСХК «Барқи Тоҷик» тааллуқ дорад, ки то якуми декабри соли 2015 беш аз 142,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мақомоти андози ҷумҳурӣ 22 566 ҳолати қоидавайронкунӣ ошкор ва шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида, нисбати онҳо ба маблағи умумии 162,5 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ шудааст.

Давлатзода Нусратулло Муқим дар идома гуфт, ки соли 2015-ум аз ҷониби кормандони мақомоти андоз нисбати фаъолияти 2100 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуд. Дар натиҷа, ба маблағи 636,6 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардид, ки 563 миллион сомонии он ба буҷети давлатӣ ворид карда шуд. Ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо 9800 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул будани шахсони воқеӣ, 1220 ҳолати бе қайд дар мақомоти андоз аз тарафи шахсони воқеӣ ба иҷора додани молу мулки ғайриманқул ва зиёда аз 1800 ҳолати вайрон намудани тартиби истифодаи мошинҳои назоратии хазинавӣ ошкор гардидааст.

Мутобиқи маълумотҳои Феҳристи ягонаи давлатӣ, ба якуми январи соли 2016 дар ҷумҳурӣ 276 044 адад субъектҳои хоҷагидор фаъолият менамоянд. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ ва ба таври электронӣ пешниҳод кардани эъломияҳо барои андозсупорандагон барномаи компютерӣ ба роҳ монда шудааст, ки имрӯз бо истифода аз он беш аз 24000 нафар андозсупорандагон эъломияҳои худро пешниҳод намуда истодаанд. Мутаассифона,  сарфи назар аз чораҳои зиёди андешидаистодаи  мақомоти андоз, 24 фоизи шахсони ҳуқуқӣ ва 21 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ба мақомоти андози маҳалли фаъолияти худ сари вақт ё умуман ҳисоботу эъломияҳои андозро пешниҳод наменамоянд.

 М. Худойназаров, «Садои мардум»

 Пешравиҳо далели фаъолияти пурмаҳсуланд

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз рӯи 26 ихтисос фаъолияти худро доир ба тайёр намудани кадрҳо, ки аз ин теъдод 24 ихтисос ба  шуъбаи рӯзона ва ҳафт ихтисос ба шуъбаи ғоибона  рост меояд, ба роҳ мондааст.

Бино ба гуфтаи ректори донишкада Ҷамшед Ғаниев, агар дар соли гузашта ҳамагӣ 47 гурӯҳи таълимӣ бо фарогирии 422 донишҷӯй  таҳсил карда бошанд, пас дар соли 2015 боз шаш гурӯҳи академӣ зам гардид. Акнун теъдоди умумии гурӯҳҳо дар  бахши  рӯзона ба 53 адад расидааст, ки 746 нафар донишҷӯйро дар бар мегирад. Айни ҳол 12 гурӯҳи шуъбаи ғоибона  дар маҷмӯъ 873 нафарро ба таҳсил фаро гирифтааст.

Соли таҳсили 2015-2016 дар донишкада се нафар доктори илм, ҳафт нафар номзади илм, панҷ нафар Арбоби ҳунари Тоҷикистон, се нафар рассоми халқии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ 186 нафар омӯзгорон ба таълим ва тарбияи донишҷӯён машғул буданд.Донишкада дар ҷодаи таълиму тарбия ба муваффақиятҳо ноил гаштааст  ва ин раванд минбаъд низ  идома хоҳад ёфт, — муътақид аст ректори донишкада.

 Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»