Аз нишастҳои матбуотӣ

№7 (3153) 18.01.2014

Камбудиҳо бартараф ва комёбиҳо афзун мешавад

 - Аз натиҷаи ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Роғун дар соли 2013 маълум гардид, ки бо вуҷуди дастовардҳо, бинобар сабабҳои объективӣ, баъзе  нақшаҳо иҷро нагардидаанд. Аз ҷумла нақшаи иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки сабаби асосии он ворид гардонидани тағйирот дар раванди маблағгузориҳои корҳои сохтмонии НБО-и «Роғун» аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ мебошад, таъмин нагардид.

Дар фаъолияти бонкӣ, ки раванди бонизоми иқтисодиётро таъмин мегардонад ва ҳамчунин бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ низ баъзе камбудиҳо вуҷуд доштанд. Ин ва дигар масъалаҳои ҷойдошта дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти яксола дар хоҷагии халқи шаҳр ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гардида, барои рафъи камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд, — гуфт дар оғози нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Роғун Шариф Шарипов.  Вай ҳамзамон, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, кӯмак ба хоҷагиҳои деҳқонӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои гуногун,  бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин намудани аҳолии ниёзманд, дастгирӣ ва рушди соҳибкориро аз ҷумлаи масъалаҳои асосӣ ва муҳим дар соли нави 2014  арзёбӣ кард.

Тавре аз маълумотномаи муфассали ба хабарнигорон пешниҳодгардида аён гардид, дар шаҳри Роғун дар бахши иҷтимоӣ, соҳаи маориф ва фарҳанг, ободонӣ нишондиҳандаҳо назаррас буданд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ соли гузашта дар деҳаи дурдасти Ҷавонӣ мактаб барои 372  нафар хонанда, бинои меҳмонхонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, китобхона ва осорхона дар идораи бойгонӣ, синфхонаҳои иловагии таълимгоҳҳо дар деҳаи Абдулбобиён, аз ҳисоби маблағгузориҳои хориҷӣ бошад, сохтмони кӯпрук дар деҳаи Қади Об, хатти оби нӯшокӣ дар деҳаҳои Шайдон, Фаррух, Ковокдара, Ҷавонӣ, Майдони нав ва ғайра анҷом дода шуданд. Ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ як қатор иншооти  хизматрасонӣ ва иҷтимоӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Яке аз манбаъҳои асосии даромади аҳолӣ аз соҳаи кишоварзӣ мебошад. Дар ин замина, аз ҷумла соли сипаришуда арзиши умумии маҳсулоти кишоварзӣ 65191,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи як соли пешин 3360.0 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар баробари пешниҳоди маълумоти муфассал раиси шаҳри Роғун, муовинон, сардорони шуъбаҳо ва роҳбарони сохторҳои гуногуни шаҳр дар нишасти матбуотӣ ширкат варзида, ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

 Ихтисосҳои нав дар Донишгоҳи миллӣ

14 январи соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни нишаст муовини якуми ректор оид ба таълим Абдуссалом Миралиев оиди фаъолияти донишгоҳ дар соли 2013 суханронӣ намуда зикр дошт, ки  баҳри беҳтар намудани корҳои ташкилӣ, таълимию методӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф 14 ихтисоси нави ба талаботи иқтисоди миллӣ  мувофиқ кушода шуд.  Ҳамзамон вобаста ба талаботи замон дар донишгоҳ якчанд кафедраҳои нав, аз қабили криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ, кори тиббӣ- ташхисӣ, усули таълими химия, кори иҷтимоӣ, забонҳои хориҷии факултети  забонҳои Осиё ва Аврупо таъсис ёфт.  Ҳоло  миқдори умумии кафедраҳои донишгоҳ ба 104 адад расидаст. Инчунин донишгоҳ бо 11 муассисаи таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Шумораи донишҷӯён ба 20121 нафар (15688 нафар дар шуъбаи рӯзона, 4189 нафар  дар шуъбаи ғоибона) — ро ташкил медиҳад. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон айни замон 244 нафар магистр таҳсил менамоянд, ки аз ин 230 нафарашон  шаҳрвандони ватанӣ ва 14 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Ҳамзамон дар донишгоҳ 191 нафар ятиму бепарастор, 25 нафар донишҷӯёни ятим ва маъюби дараҷаҳои 1 ва 2-юм, 80 нафар бепарастор ба қайд гирифта шудааст, ки  ба онҳо кӯмаки молиявию иҷтимоӣ  расонида мешавад.

Бояд зикр намуд, ки бори аввал дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ донишҷӯйи курси чоруми факултети физика Ризои Баҳромзод ғолиб дониста шуда, сазовори шоҳҷоиза гардид.

Абдуссалом Миралиев  ёдовар шуд, ки дар соли 2013  як гурӯҳ омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ бо мукофотҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвон ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»

Натиҷаҳо ҷамъбаст ва вазифаҳо муайян гардиданд

 Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки доираи васеи фаъолони вилоят ҷамъомад барпо гардид. Дар он натиҷаи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2013 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли 2014 муайян гардиданд. Дар назди иштирокчиёни ҷамъомад иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов баромад намуд.

- Натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят хубу назаррасанд, вале ин моро қонеъ гардонида наметавонад. Бо вуҷуди пешравиҳо, камбудию нуқсон ва мушкилот низ ба назар мерасад. Барои ҳалли мушкилот ва пешрафти бештареро соҳиб гардидан моро лозим меояд, ки аз ҳозира дида, бештару хубтар кору фаъолият намоем. Лозим меояд, ки дар соли 2014 созандагию бунёдкориро вусъати тоза бахшем, — гуфт дар хулосаи суханрониаш Д.Гулмаҳмадов.

Дар ҷамъомад Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ кард.

Сипас, бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон нахустин нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов барпо гардид. Дар нишаст ҳамчунин муовинони раиси вилоят, мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардорони ташкилоту идораҳои вилоятӣ иштирок намуданд.

Давлатшо Гулмаҳмадов изҳор намуд, ки ҳамкориро бо рӯзноманигорон хуб ба роҳ мемонад. Сипас, дар бораи натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят ва корҳои басомонрасонида дар соли 2013 иттилоъ дода шуд.

Қисмати бештари нишасти матбуотӣ бо суолу ҷавоб паси сар шуд. Рӯзноманигорон ба ҳама суолҳои хеш ҷавоби муфассалу қонеъкунанда гирифтанд. Аз ҷумла, ба суоли намояндаи рӯзномаи «Садои мардум» дар бораи саҳми соҳибкорон дар ғанигардонии буҷети вилоят Давлатшо Гулмаҳмадов зикр намуд, ки ҳиссаи онҳо дар пешравию тараққиёт ва ғанигардонии буҷети вилоят хубу назаррас аст. Мо кӯшиш мекунем, барои фаъолияти хубу самарабахши чӣ соҳибкорони маҳаллӣ ва чӣ соҳибкорони хориҷӣ шароити боз ҳам беҳтару хубтар фароҳам оварем. Ман омодаам бо онҳо ҳамкории самарабахшро ба роҳ монда, барои кӯмаку дастгириашон тамоми кори аз дастаммеомадаро ба иҷро расонам.

Дар нишаст рӯзноманигорон пешниҳод намуданд, ки дар маркази вилоят бунёди Хонаи матбуот ба нақша гирифта шавад, вале, тавре  масъулини Идораи сохтмони асосии вилоят иттилоъ доданд, бунёди ин гуна муассисаи муҳими фарҳангӣ, мутаассифона, ба нақша гирифта нашудааст. Умед аст, ки дар оянда, монанди вилояти Суғд, дар Хатлон низ Хонаи матбуот бунёд гардад.

Д. СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

 Кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз нишасти матбуотӣ саркашӣ мекунанд

 Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб на ҳама шахсони масъул иштирок доштанд.

Раиси ноҳия Акбар Ятимов дар оғози нишаст оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2013 иттилоъ дод.

-Мутобиқи маълумотҳои омории мавҷуда, дар соли 2013 ба буҷети ноҳия аз рӯйи 11 намуди андоз ба ҷойи 11 миллиону 378,8 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда 11 миллиону 843,3 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки 104 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми Маҷмӯи  Маҳсулоти Дохилӣ дар ин давра ба 102 миллиону 379,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати соли 2012-ум  6 миллиону 759,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст, — гуфт раиси ноҳия.

Акбар Ятимов ҳамчунин зикр кард, ки дар соли гузашта кишоварзони ноҳия аз ҳама захираю имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, истеҳсоли ғалладонагиҳоро ба 2674 тонна расониданд, ки назар ба соли 2012-ум  360 тонна зиёд мебошад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ин давра 1076 тонна мевагӣ, ки 662 тоннааш ангур мебошад ва 85 тонна сабзавот истеҳсол намуданд.

Соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ сол то сол рушд меёбад. Ба 1 январи соли 2014 шумораи оилаи занбӯри асал дар ноҳия 4109 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 283 оила зиёд аст. Истеҳсоли  асал дар ин давра ба 36,5 тонна расонида шуд.

Фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия низ дар соли 2013 назаррас буд. Дар ин давра корхонаи кони ангишти Зиддӣ ба маблағи 6 миллиону 568,3 ҳазор сомонӣ ангишт истеҳсол кард, ки нисбати соли 2012-ум 1 миллиону 592,7 ҳазор сомонӣ зиёд аст. ҶДММ «Тоҷикистон» ба маблағи 1 миллиону 054,7 ҳазор сомонӣ семент истеҳсол кардааст, ки ин нисбати соли пешин 529,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Корхонаи «Симод Колд», ки ба истеҳсоли қуму шағал машғул аст, дар соли аввали фаъолияташ нақшаи пешбининамудаашро 102 фоиз иҷро намуд. Дар ин давра корхонаи ҶДММ «Санғалт» суст фаъолият карда аз нақшаи пешбинишуда ба маблағи 6 миллион сомонӣ кам ангишт истеҳсол кардааст.

Дар рафти нишасти матбуотӣ хабарнигорон мехостанд ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ба прокурори ноҳия, сардори ШВКД-и ноҳия, раиси суди ноҳия, комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳия бо суолҳо  муроҷиат намоянд. Мутаассифона, бинобар сабаби иштирок надоштани шахсони масъули сохторҳои мазкур, онҳо ба суолҳои худ  посух гирифта натавонистанд. Сабаби иштирок надоштани онҳо ба касе  маълум набуд. Воқеан, ин бори аввал нест.

Дар поёни нишаст рӯзноманигорон оид ба сохтмони силсиланеругоҳҳои хурди барқи обӣ, иншоотҳои фарҳангию маишӣ, тандурустӣ, маориф, хизматрасонӣ, зиёд намудани боғҳои мевадиҳанда бо суолҳо муроҷиат намуда, посух гирифтанд.

М. ЗОКИР, «Садои мардум»

 482 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ нафақахӯранд

 14 январи соли равон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Муовини директори Агентӣ Грез Қосимов ба хабарнигорон иброз дошт, ки соли 2013 ба ин ниҳод 311 арзу шикоят ворид гардида, аз он 39 дархости хаттии мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон, 272 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон қабул ва баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, давоми соли сипаришуда, дар кишвар беш аз 18 ҳазору 700 нафар хизматчии давлатӣ ба кор фаро гирифта шудаанд, ки 23,4 фоизи онро занон ва 40, 9 фоизашро ҷавонони то синни 35 — сола ташкил медиҳад.

Ҳамзамон зимни нишаст таъкид шуд, ки алҳол 482 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ нафақа мегиранд, ки аз ин шумора 253 нафар дар мақомоти марказӣ ва 229 нафар дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кор мекунанд. Ӯ афзуд, ки соли 2013-ум  94 хизматчии давлатӣ, бинобар  сабаби ба нафақа баромадан, аз мансаб озод карда шуда, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми се музди меҳнати моҳона гирифтанд. Илова бар ин, муҳлати дар хизмати давлатӣ будани 81 нафар хизматчиёни давлатӣ тамдид шудааст.

Х. ШАРИПОВ, «Садои мардум»

 Ҳифзи мероси ниёгон вазифаи ҳар шаҳрванд аст

-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзу эҳёи мероси ниёгон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад,-гуфт дар суҳбат директори Ширкати сайёҳии ҷузъии «Суғдиён-Помир Тур» дар шаҳри Истаравшан Қаюм Ҳомидов. Номбурда зикр намуд, ки халқи тоҷик, чун яке аз мардумони куҳанбунёди Осиёи Марказӣ, дар давраҳои муайяни таърихӣ дар ғанӣ гардонидани тамаддуни умумибашарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Нишони бевоситаи ин мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии халқамон мебошад, ки бо ҳама фарозу нишебиҳои таърих то замони мо омада расидааст ва имрӯз ин халқи тамаддунофарро дар арсаи ҷаҳонӣ муррифӣ мекунад.

Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 таҳти №577 «Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум ва дастраси  наслҳои оянда гардонидани ин сарвати бебаҳо яке аз самтҳои сиёсати  давлати соҳибистиқлоламон дар соҳаи илму фарҳанг ба шумор рафта, ҳар як тоҷику тоҷикистониро водор месозад, ки  ин асолати миллиро ҳифзу дастгирӣ намоянд.

-Тибқи ин барнома як силсила ёдгориҳои бостонию меъмории ниёгон, ки алҳол дар  шакли тахрибшуда ба замони мо  расидаанд, бояд ба шакли аслӣ  пурра барқарор  шаванд,-иброз дошт Қ.Ҳомидов.

Эҳёи Қалъаи Муғ, ки дарвозаи он бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷашнгирии 2500-солагии Истаравшан соли 2002 қомат афрохт, низ дар ин барнома таҷассуми худро ёфтааст. Дар натиҷаи барқарорсозӣ, сохтмони девору бурҷҳо ва дигар иншоотҳои ин ёдгорӣ ба он ҳусну таровати нав зам гардонида, барои эҳёи таъриху фарҳанги ин ёдгорӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ заминаи зарурӣ муҳайё хоҳад гашт.

Дар барнома ҳамчунин ҷиҳати такмили ихтисоси кормандони соҳа дар хориҷи кишвар, баргузорсозии намоишу конфронсҳо роҷеъ ба ҳифзу истифодаи иншоотҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ворид намудани беҳтарини онҳо ба мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО, сертификатнамоӣ ва нишонгузории ёдгориҳо ва таҳияи шиносномаҳои онҳо маблағҳои муайян пешбинӣ гардидаанд. Аз ин рӯ, бо боварӣ метавон гуфт, ки ҷиҳати амалишавии Барномаи мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба хотири эҳёи мероси фарҳангии ниёгон ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ чораҳои мушаххас андешидааст.

-Амалӣ шудани онҳо боиси ривоҷу равнақи туризми байналмилалӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги халқ ба ҷаҳониён хоҳад гашт,-мегӯяд Қаюм Ҳомидов.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум»

Теъдоди гирандагони стипендияи президентӣ афзуд

Соли сипаригардида 912 нафар донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм намуд. Аз ин шумора 51 донишҷӯй донишгоҳро бо дипломи сурх хатм карданд, ки 21 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар ин бора муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Бобоҷон Самиев зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Перомуни нарасидани омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, аз қабили русӣ ва англисӣ дар таълимгоҳҳои кишвар Б. Самиев гуфт, ки соли пешин 112 нафар факултети забони англисӣ ва 78 нафар факултети забон ва адабиёти русро дар назди донишгоҳ хатм намуд, ки қисмати зиёдашон дар мактабҳо тибқи роҳхат машғули омӯзгорӣ мебошанд.

-Дар ин самт донишгоҳи мо бо Донишгоҳи омӯзгории Томски Федератсияи Россия барои омода намудани мутахассисон ҳамкории зич  дорад. Соли гузашта се маротиба намояндагони ин муассисаи таълимӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, курсҳои омӯзишӣ гузарониданд. Ҳамзамон дар асоси шартномаи дуҷониба аз соли 2013-ум 13 нафар хатмкунандагони риштаи бакалавриати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар зинаи магистратура, аз рӯйи ихтисосҳои гуногун таҳсилро дар Донишгоҳи омӯзгории Томски Федератсияи Россия идома медиҳанд, иброз дошт Б.Самиев.

Инчунин зикр шуд, ки соли гузашта теъдоди донишҷӯёни гирандаи стипендияи Президентӣ аз се нафар ба 11 нафар расид. Ҳамзамон соли 2013 дар ин донишгоҳ ду стипендияи Шӯрои олимон, дутои дигар ба номи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва ду стипендияи академик М. Нуъмонов таъсис ёфт, ки тибқи Низомнома ба донишҷӯёни аълохон оғоз аз соли 2014 супорида мешавад.

Х.АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»

Дар шаҳри Душанбе 727 нафар соҳиби қитъаҳои  замин шуданд

Чанде пеш дар  КВД «Маркази равобити пойтахт» масъулини идораву муассисаҳои зертобеи шаҳрдорӣ, роҳбарони  субъектҳои соҳибкорию хоҷагидории шаҳр дар ҳузури рӯзноманигорон фаъолияти солонаи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо натиҷагирӣ намуданд. Дар нишасти матбуотӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Бурҳон Назаров зикр намуд, ки масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти сохторҳои шаҳрдорӣ дар соли сипаришуда ба ҳисоб мерафт. Ба гуфтаи ӯ, дар доираи амалисозии сиёсати иҷтимоӣ оид ба фароҳам овардани шароити муфид барои оилаҳои эҳтиёҷманд ва ҷиҳати беҳбудии вазъи манзили онҳо, илова ба тадбирҳои роҳандозишуда, дар маҳаллаи мавсуф ба «Ховарон» ба 727 сокинони шаҳр ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа тариқи  қуръапартоӣ қитъаҳои  заминҳо  барои сохтмони манзил ҷудо гардид. Дар моҳҳои январ-декабри соли 2013 шумораи кормандони кироя дар ҳама намуди фаъолияти иқтисодӣ нисбат ба соли 2012-ум 4,8 фоиз зиёд шуда, 141810 нафарро ташкил додааст. Шумораи бекорони расман ба қайдгирифта то 1 декабри соли 2013-ум 2839 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин нишондод 44,2 фоиз (1256 нафар) занон мебошад. Илова бар ин, соли 2013 гардиши савдои хориҷии шаҳри Душанбе 482,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба як соли пешин 10,2 фоиз ё 44,8 миллион доллари амрикоӣ зиёд аст. Б. Назаров иброз дошт, ки соли ҷорӣ ҷашнвораҳои зиёд сокинонро интизор аст, аз ҷумла таҷлили 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе. Дар ин самт масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва  аҳли ҷамоатчигиро мебояд корро ҷоннок карда, соли равонро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст намоянд.

 Х. АБДУВАҲҲОБ,   «Садои мардум»

Баргузории ҷашну маросимҳо назорат мешавад

Тавре аз ҳисоботи раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов дар нишасти матбуотӣ маълум шуд, Кумита баҳри амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба таъмини  ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, ҳамоҳанг сохтани муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар робита ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои мушаххасро ба анҷом расонидааст.

Кумита барои ба низом даровардани фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва ҳимояи фазои андешаи динӣ корҳои мушаххасро анҷом дода, бобати амалӣ шудани ҳуқуқи шаҳрвандон дар самти озодии виҷдон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Низоми ягонаи ҳуҷҷатгузории иттиҳодияҳои динӣ ба роҳ монда, Низомнома ва дастурамалҳои ҳуқуқии бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ тартиб дода шудаанд.

Айни ҳол, дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 1 маркази исломӣ, 47 масҷиди ҷомеи марказӣ, 366 масҷиди ҷомеъ, 3567 масҷиди панҷвақта, 6 мадрасаи мутавассита, 74 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, 1 ҷамоатхона, 1 ҷамоаи динии ғайриисломӣ, дар маҷмуъ 4063 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст, ки имрӯз фаъолият карда истодаанд.

Айни замон 135 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст, ки се масҷиди ҷомеи марказӣ, даҳ масҷиди ҷомеъ ва 122 масҷиди панҷвақта аз ҳамин ҷумла мебошанд.

Зикр гардид, ки дар самти назорати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар беш аз 650 маърака рейдҳо гузаронида шуданд. Дар натиҷа, 60 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбати баргузоркунандагони онҳо маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба мақомоти  судӣ ирсол гардид.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»         

   Барои қонуншиканӣ ҷазо гирифтанд

    Тавре Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азизов дар нишасти матбуотӣ  зикр намуд,  дар робита ба татбиқи Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2008-2015 ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар» ба  судҳои ҷумҳурӣ 571 ҷамъбасткуниҳои судӣ, бо омӯзиши парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, авбошӣ, дуздӣ ва ғайраро гузаронида,  барои бартараф намудани онҳо 611  пешниҳод намуданд.

Инчунин барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии қонунвайронкуниҳо  дар Шӯрои адлия мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳои оилавӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ оид ба вайрон намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ва ба воситаи шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон аз тариқи  барномаи «Неруи  қонун» намоиш дода шуд. Ҳамзамон судҳо оид ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 5432 парвандаи ҳуқуқвайронкуниии маъмуриро баррасӣ намуданд, ки аз ин шумора 1438 нафар огоҳонида шуда, 3402 нафар  ба маблағи умумии 196 662  сомонӣ ҷарима гардиданд. Бинобар риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  374 нафар ба маблағи умумии 1 152 500 сомонӣ ҷарима супурданд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ нафар судя бо хоҳиши худ, як нафар бо сабаби ба кори дигар гузаштан , як нафар барои содир кардани рафторе, ки шарафу номуси судяро  доғдор мекунад ва ду нафар бо сабаби ба нафақа баромадан  аз кор озод карда шуданд.

 Шарофати Бобоҷон, «Садои мардум»

  Инъикоси барномаҳои фарҳангӣ вазифаи мост

     16 январи соли ҷорӣ нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»  баргузор шуд. Тавре  муовини якуми директори  Муассисаи мазкур Карим Азизов зикр намуд, дар давоми соли 2013 бисёр чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд, ки кормандони муассиса дар инъикоси он саҳми назарраси худро гузоштанд. Аз ҷумла ҷаласаи 11-уми Муколамаи Ҳамкориҳои Осиё, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардиданд, ки  аз ҷониби ҳайати кормандони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар ин робита барномаҳои ҷолиб,  аз қабили «Эҳдои табиат», «Об-  манбаи ҳаёт» дар сатҳи касбӣ таҳия ва пешниҳоди тамошобинон карда шуд.

Инчунин ба истиқболи 22 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  барномаҳои «Ахтари иқбол», «Дар Ватани мо», «Замзамаи истиқлол», «Тараннуми Ватан», «Файзи истиқлол» таҳия ва пахш гардиданд. Бояд гуфт, ки яке аз рӯйдодҳои муҳим барои кормандони Муассиса ин ба ҷоизаи  Фестивали 3-юми байналмилалии телевизионии ТЭФИ-Иттиҳод сазовор гаштани барномаи «Зебосанам»  мебошад, ки аз 20 то 23-юми сентябри  соли сипаришуда дар шаҳри Одессаи ҷумҳурии  Украина баргузор шуда буд.

Ҳамзамон идораи таҳия ва дубляжи филмҳои Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар соли гузашта 22 филми бадеӣ ва 66 филми мустанадро тарҷума ва пешниҳоди тамошобинон кард.

Боиси хушнудист, ки имрӯз дар  ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ  намояндагиҳои муассиса амал менамоянд,- гуфт  дар охир Карим Азизов.

 Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»

Ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар истифодабарии қаъри замин

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Ҷумъаев оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолият дар соли 2013 маълумоти муфассал дода, гуфт, ки Саридора соли гузашта аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз рӯйи 32 лоиҳа ба маблағи 7 миллиону 900 ҳазору 105 сомонӣ корҳои  иктишофӣ-геологӣ  ва аз рӯйи 156 лоиҳа  дар ҳаҷми  11 миллиону  131 ҳазору 131 сомонӣ корҳои шартномавиро ба анҷом расонидааст. Корҳои пудратиро дар ин давра ба маблағи 98470 сомонӣ иҷро намуда, Саридора дар давоми сол ба буҷети ҷумҳурӣ 6 миллиону 340 ҳазору 018 сомонӣ андоз супоридааст.

Аз гуфтаҳои сардори Саридора бармеояд, ки соли 2013 соҳаи геология барои Буҷети давлатӣ мушкилии молиявӣ наовардааст. Бо усули хоҷагидорӣ ба маблағи 18 миллиону 932 ҳазору 766 сомонӣ ё худ нисбати ҳамин давраи соли 2012 ба маблағи  1 миллиону 811 ҳазору 375 сомонӣ зиёд корҳо анҷом ёфта, суръати афзоиш 111 фоизро ташкил медиҳад.

Мурод Ҷумъаев афзуд, ки Саридора мутобиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 таҳти № 599 тасдиқ шудааст, фаъолияташро ба роҳ монда, дар объектҳои металлҳои сиёҳ, металлҳои ранга, металлҳои қиматбаҳо, канданиҳои фоиданоки ғайриметалӣ, ашёи сангҳои худҷило ва ороишӣ, ашёи радиоактивӣ, геофизикӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология корҳои зиёдеро иҷро намуд.

Ҷиҳати дастгирӣ ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар самти истифодабарии қаъри замин дар соли 2013 дар Шӯрои илмӣ-техникии Саридораи геология ду асосноккунии техникӣ-иқтисодии кондитсияҳо барои ҳисоби захираҳои конҳои тиллои «Тарор» ва сурбу руҳи «Зарнисор» ва 27 ҳисобот – бозҳисобкунии захираҳои як партовгоҳи  саноатии сурбу руҳ ва нуқра, ду кони оҳаксанг, як кони гаҷсанг, як кони ангишт, панҷ кони гилу хок, 14 кони регу шағал, як кони қалъагӣ  ва ду кони реги кварсӣ баррасӣ гашта, ба Комиссияи  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок пешниҳод гардид.

-Ҳангоми истифодабарии  қаъри замин, — зикр намуд мавсуф, 350 ҷойи кории нав таъсис меёбад.

 Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

Масъалаҳои мубрам мавриди тадқиқот  қарор мегиранд

- Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 корҳои илмию тадқиқотиро  аз рӯйи ду самти афзалиятнок-  Стратегияи  рушди низоми сиёсӣ  ва фарҳанги сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи таъмини сифатии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монд, -гуфт дар нишасти матбуотӣ директори Марказ Худойбердӣ Холиқназаров.

Марказ дорои ҳашт раёсат мебошад, ки онҳо ба тадқиқоти илмӣ машғуланд. Натиҷаҳои ниҳоии тадқиқоти гузаронидашаванда дар охири сол дар шакли ҳисобот оид ба корҳои илмию тадқиқотӣ пешниҳод  шуда, дар Шӯрои илмӣ мавриди баррасӣ  қарор мегиранд. Аз рӯйи натиҷаҳои тадқиқот мутобиқи мавзуъҳои буҷетӣ гузоришҳои таҳлилӣ, ҳисоботи мухтасар омода карда, ба Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва иҷтимоии Академияи илмҳо ва шуъбаи  илм ва техникаи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад. Инчунин, натиҷаҳои номбаршуда вобаста ба аҳамияти амалиашон ба муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, таълимӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо фиристода мешаванд.

Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар созмону ташкилотҳои манфиатдор 108 адад гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми 1297 саҳифа пешниҳод намудаанд.

Тадқиқотҳои сотсиологӣ  аз рӯйи масоили мубрами рӯз- омӯзиши синфи миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои ҳифз ва таҳкими амнияти иттилоотӣ  дар шароити ҷаҳонишавӣ, омӯзиш ва таҳлили проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди Федератсияи Россия гузаронида шуданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

 Палатаи савдо ва саноат ба рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунад

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии ТоҷикистонТоҷикистон (ПСС ҶТ) муассисаи ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ буда, ба корхонаву муассисоти кишвар ва соҳибкорон дар рушду тавсеаи фаъолият ва ҷустуҷӯи сармоягузории хориҷӣ кӯмак мерасонад. Яке аз вазифаҳои палата ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, танзими муносибатҳои соҳибкорони ватанӣ бо ҳамкасбони хориҷиашон мебошад. Дар ҳамкорӣ бо палатаҳои давлатҳои узви ИДМ ва дигар кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 200 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст, ки мақсад аз он ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар аст. Аз ҷониби палата унвонии доираҳои тиҷоратии кишварҳои олам ба 700 суроға перомуни роҳандозии ҳамкории судманд дар бахшҳои афзалиятноки саноату иқтисоди Тоҷикистон «Пешниҳоди ҳамкориҳо» ирсол шудааст. Бо мусоидати ПСС ҶТ даҳҳо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишварамон самаранок фаъолият доранд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси ПСС ҶТ Шариф Саид ахборот дода, хулоса намуд, ки соли 2013 барои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли фаъолияти пурсамар буд.

Илова ба ташкили суҳбату мулоқотҳо, бизнесфорумҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо, ки боиси ҳамкориҳои бештари соҳибкорони ватаниву хориҷӣ гардид, дар соли гузашта як қатор рӯйдодҳои барои кишвари мо хурсандибахш ба амал омаданд.

Ба хабарнигорон боз дигар маълумотҳо оид ба фаъолияти пурсамари Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришуда пешниҳод гардида, ба саволҳои мавҷуда низ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.

Б. КАРИМ, «Садои мардум»

Дар шаҳри  Ваҳдат захираҳо фаровонанд

Бо вуҷуди он ки аз рӯйи ҷамъбасти соли 2013 нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи шаҳри Ваҳдат назаррасанд, вале раиси он Раҳмоналӣ Амиров таваҷҷуҳи аҳли нишастро пеш аз ҳама ба камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои рафъи онҳо ҷалб кард.

-Шаҳри Ваҳдат барои рушди саноат, кишоварзӣ, тиҷорат ва дигар соҳаҳо  захираю  имконоти зиёд дорад ва онро бояд истифода кард, — таъкид намуд дар ин замина Р. Амиров ва мушаххасан баён кард, ки соли гузашта аз заминҳои киштбоб  самаранок  истифода нашуд. Дар натиҷа, аз баъзе намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ ҳосилнокии паст ба даст омад. Пахтакорон аз иҷрои нақшаи солона набаромаданд. Онҳо ба ҷойи  1649 тонна 1178 тонна, яъне нисбат ба нақша 471 тонна кам ҳосил  ҷамъ оварданд, ки баробари 71,4 фоиз мебошад. Нақшаи кишти тирамоҳӣ низ иҷро нашуд.

Тибқи маълумотномаи пешниҳодгардида, дар ҳама сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 674 миллиону 869 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 451,4 миллион сомонӣ ва чорводорӣ 223,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки афзоиши он 8,9 фоизро ташкил медиҳад. Шароити иқлими минтақа, захираҳои фаровони истеҳсолӣ ва қувваи корӣ имкон медиҳад, ки ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ баланд бардошта  шавад ва меҳнаткашони шаҳри Ваҳдат дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ саҳми бештар ҳамроҳ намоянд.

Сипас Р. Амиров иттилоъ дод, ки имрӯз пеш аз нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо соҳибкорон мулоқот баргузор гардид. Беш аз 80 нафар соҳибкорон даъвати моро пазируфта, барои саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ омодагӣ изҳор карданд. Зимни мулоқот фикру пешниҳодоти ҷолиб баён гардид, ки мо онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, нақшаи фаъолиятро таҳия месозем.

Ҳамаҷониба  ёрӣ расонидан ба деҳқонон  аз ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои онҳо бо тухмии хушсифат, дору ва техника, дар ин замина ривоҷи корҳо дар соҳаи чорводорӣ, зироаткорӣ, ташкили бештари гармхонаҳо, аз ҷумлаи омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ  арзёбӣ гардид.

Дар қисмати дуюми нишаст иҷрокунандаи  вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат Р. Амиров ва муовинони раис ба саволҳои хабарнигорон посух доданд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»