Аз оши оштӣ то оши яктоннагии Муродҷон Отабоев

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

9Баргузории маъракаи «Оши оштӣ» яке аз рӯйдодҳои марбут ба иҷлосияи тақдирсози миллат маҳсуб меёбад. Зимни омӯзиши маводи дастрас ва суҳбат бо шоҳидони рӯзҳои иҷлосия ба мо муяссар гардид, ки ташаббускори он иқдоми хайр ва ҳайати хизматрасонҳои он маъракаро муайян созем.

  Яке аз онҳо Муродҷон Отабоеви 69 — сола, сокини деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.

- Он шабу рӯзҳо дар қаҳвахонаи «Хуҷанд», воқеъ дар автостансияи «Хуҷанд»-и ноҳия ба ҳайси мудири қаҳвахона кор мекардам,- ба суҳбат оғоз кард акаи Мурод, — Се рӯз қабл аз баргузории иҷлосия сардори шуъбаи молиявӣ — иқтисодии Раёсати корҳои дохилии вилояти Ленинобод полковник Турдӣ Орифов (рӯҳашон шод бод)  ману роҳбарияти шуъбаи хӯроки умумии Ҷамъияти матлуботи деҳаи Унҷиро даъват карда гуфт, ки мо ба таъмини хӯроки вакилон ва иштирокчиёни иҷлосия масъул шудаем. Бинобар ин, бояд рафта ҷойҳои хӯрокпазиро муайян созем. Мо шафати чойхонаи тобистонаи Қас­ри Арбоб — варзишгоҳро интихоб кардем. Се дег мондему ва дар онҳо 19 рӯз хӯрок пухтем.

Дар идомаи суҳбат Муродҷон Отабоев дар бораи назорати қатъии кормандони стансияи санитарӣ-эпидемиологии ноҳия таҳти роҳбарии Ҳабибулло Маҷидов нақл карда, гуфт, ки ҳама гуна хӯроки тайёршударо қабл аз додан ба вакилон, худашон мечашиданд.

- «Оши оштӣ»-ро 26-уми ноябр дар чор дег  пухтем. Ба ҳар дег 60 кило биринҷ андохтем, яъне он рӯз аз 240 кило биринҷ ба вакилону меҳмонон ош тайёр кардем.

Ҳамроҳи ман дигар ошпазҳои касбӣ — Муинҷон Маҳмудов ва Абдухолиқ Султонов низ ош пухта буданд, ки дар қайди ҳаётанд. Аммо дар реза кардани сабзии ош касе ба мудири анбори ҷамъият Рустамбой Сангинов баробар шуда наметавонист. Рӯзҳое, ки ба иштирокчиёни иҷлосия хизмат расонидем, сабзиро он кас реза карданд. Суръати сабзирезакуниашон чунон тез буд, ки дар як муддати кӯтоҳ барои се дег ош сабзӣ тайёр мекарданд.

Муродҷон Отабоев дар вазифаҳои роҳбари Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардори шуъбаи Раёсати «Тоҷикматлубот»-и ҷумҳурӣ ва дигар вазифаҳои масъул кор карда, ҳунари волои пазандагиашро дар даҳҳо озмунҳои байналмилалӣ — шаҳрҳои Сочиву Оренбурги Федератсияи Россия ва Остонаи Қазоқистон  намоиш додааст.

Пазандаи «Оши оштӣ» аз рӯзҳои хизматрасонӣ ба ­иҷлосияи тақдирсози миллат хотираҳои зиёд дорад. Аз ҷумла, вай муносибати мардуми маҳаллиро нисбати интихоби Роҳбари давлат хуб дар хотир дорад:

- Дар деҳаи Унҷии мо Мирпочо Оқсақол  ном мӯйсафеде мезист, ки аз ҳисоби мӯйлаби калон доштанашон «Будённий» лақаб гирифта буд. Баъди интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ ба ҳавлӣ омада аз ман пурсиданд:

9-1- Ягон нафарро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб карданд?

- Бале, ин касро интихоб карданд,- гӯён сурати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯзнома ба Оқсақол-бобо нишон додам. Он кас чун одат мӯйлабҳояшонро тофта, гуфтанд:

- Ҳа, хуб шудаст. Дидӣ, ин ҷавонмардро дар рӯяш нур аст. Худо хоҳад давлатро тинҷ мекунад.

Баъдан дар замони соҳибис­тиқлолӣ пухтани оши палав дар вазни як тонна анъана шуд. Онро ба муносибати идҳо дар чанд гӯшаю канори ҷумҳурӣ пухтанд.

- Соли 2019 раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ман хоҳиш карданд, ки дар деги яктоннагӣ оши палав пазам, — варақгардон мекунад хотираҳояшро М. Отабоев. Вақте пурсидам, ки деги яктоннагиро аз куҷо меёбед,  гуфт, ки илоҷаш ҳаст.

- Ба ноҳияи «Оҳангарон»-и Ӯзбекистон рафта, дегро ёфтем. Аммо, чун илоҷи дар шакли бутуниаш овардан набуд, онро ба 4 қисм бурида, ноҳияи Ховалинг овардем. Васлгарон бо метали алюминий ба ҳам пайвастанд, ки деги бутун шуд, — гуфт номбурда.

- Шуморо тарсу ҳаяҷон фаро нагирифт?

- Рости гап, сахт дар тарсу ҳаяҷон будам, ки мабодо шарманда нашавем. Тасаввур кунед, 130 кило равғану 250 кило гӯшт ва як сар гӯсфанди бутун, 1 тонна биринҷу 1 тонна сабзӣ, 300 кило пиёзу 30 кило кишмишро мо бояд эҳтиёткорона зирбак мекардем. Шукр, ҳамроҳи се шогирдам Норҷон Абдуллоев, Абдурашид Тӯрабоев ва Абдусаттор Абдураҳмонов тамоми маҳорату малакаро истифода бурдем, то ки оши палав писанди ҳама гардад.

Хушбахтона, ба таъми оши пухтаамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд доданд. Бо пешниҳоди Пешвои миллат оши палавро ба хонаи бачагон ва мардуми ба ид ҷамъомада ройгон тақсим кардем.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»