Ба тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ мебояд

№157 (3637) 31.12.2016

27 декабри соли 2016 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и пойтахт прокурори шаҳри Душанбе Саидзода Хайрулло бо кормандони мақомоти прокуратура, раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати  давлатии  молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, хадамоти гумрук ва андоз, мақомоти назоратии зидди сӯхтор, санитарию эпидемиологӣ, роҳбарият ва кормандони соҳаи маориф, мудирони кӯдакистонҳо вохӯрӣ намуд.

Саидзода Хайрулло нахуст диққати ҳозиринро ба муҳтавои Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҷалб намуда, оид ба дастовардҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмон ва ғайра мисолҳои мушаххас овард. Ҳамчунин, таъкид намуд, ки бо вуҷуди ин дастовардҳо ҳанӯз дар ҷумҳурӣ зуҳуроти номатлуб, ба монанди гаравидани ҷавонон ба созмонҳои террористиву экстремистӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба назар мерасанд. Бинобар ин, аз кормандони мақомоти марбута хоҳиш намуд, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд.

Прокурори шаҳри Душанбе махсусан аз сатҳи коррупсия дар мақомоти давлатӣ, санҷишҳои бемавриди субъектҳои соҳибкорӣ, сифати дорувории аз берун воридшуда, дар муҳлати муайян иҷро нашудани қарорҳои судӣ ва амсоли инҳо изҳори нигаронӣ кард.

Аз кормандони мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе талаб карда шуд, ки минбаъд ба санҷишҳои бемавриди субъектони хоҷагидор роҳ надода, баҳри таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чораҳои бетаъхир андешанд.

Тавре натиҷаҳо нишон медиҳанд, фаъо­лияти комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар пойтахт мувофиқи матлаб нест. Танҳо соли 2016-ум  1214 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳанӯз ҳам волидайн бо ҳар роҳу восита тӯю маъракаҳои бодабдаба мегузаронанд. Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон дидаву дониста ҷиноятҳои содиркардаи фарзандонашонро рӯйпӯш мекунанд. Соли 2016-ум 10 нафар барои чунин кирдор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Прокурори шаҳри Душанбе аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва мудирони кӯдакистонҳо  хоҳиш намуд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас ҷиддӣ машғул шаванд, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон кардааст.

Дар хотима Саидзода Хайрулло ба саволҳои иштирокдорон посух дод.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»