Ба зарардидагони Рашт беш аз 100 тонна семент ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд

№97-98 (3398-3399) 23.07.2015

MСубҳи рӯзи 21 июли соли 2015 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  ҳайати   ҳукуматӣ  бо  роҳбарии  Сарвазири  мамлакат Қоҳир  Расулзода  ба  маҳалли аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рашт сафар кард.  Хотиррасон бояд кард, ки 20 июли  соли  равон  бар  асари  боришоти  зиёд  ва  фаромадани сел  дар  деҳаҳои  Ҳалқарф  ва  Бедаки  деҳоти  «Навдӣ»-и  ноҳияи Рашт манзилҳои истиқоматӣ, роҳ, хатҳои интиқоли барқ, иншооти обрасон ва дигар иншооти таъиноти гуногун хароб гардида, як талафоти ҷонӣ  низ  ба  қайд  гирифта  шуд.

Ҳодиса  нимаи дуюми рӯз  ба вуқӯъ пайваста,  бар асари он тибқи маълумоти пешакӣ,  зиёда аз 50 манзили истиқоматӣ пурраю қисман, беш аз ду километр роҳҳои маҳалӣ, 6 км хатҳои интиқоли барқ, зиёда аз 5 км хатҳои обгузару  иншооти обрасон ва дигар иншооти хоҷагии халқ хароб гардид. Сарвазири мамлакат Қоҳир  Расулзода ҳамроҳ бо гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар аввал  ба  хонаи нафари ҳалокшуда омада, ба ин оила таъзия ва кумаки  пулии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  расонид. Ҳамчунин дар ин рӯз кумакҳои Сарвари давлат дар ҳаҷми беш аз 38 тонна маҳсулоти хӯрока, маводи аввалияи рӯзгор, хайма  ва  сӯзишворӣ ба зарардидагон дастрас шуд.

Бегоҳии 21 июл бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ба маҳалли офатзадаи ноҳияи Рашт беш аз сад тонна семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.

Ҳоло дар деҳаи Ҳалқарф  барои зарардидагон  бунёди шаҳрчаи муваққатии хаймавӣ оғоз шуда, дар ҳамин деҳа  аллакай барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ҳашт гектар замин ҷудо гардид. Дар маҳали ҳодиса мутахассисони сохторҳои роҳу нақлиёт, энергетика, ҳолатҳои фавқулода ва тандурустӣ сафарбар гардида, ба мардуми эҳтиёҷманд хизмат мерасонанд.

Дар анҷоми боздид аз маҳалҳои офатзада ҷаласаи ситоди сайёри ҷумҳуриявӣ доир гардид. Сарвазири мамлакат роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро барои сари вақт таъмин кардани аҳолии зарардида бо барқу об, хайма, маводи ғизоӣ ва дигар ашёи зарурии рӯзгор вазифадор намуд.

 АМИТ «Ховар»