Бадахшон ба ҷашни Ваҳдати миллӣ омода мешавад

№27 - 28 (35 07 - 3508) 02.03.2016

машваратДоир ба омодагӣ ба ҷашни  19 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки бо ибтикори  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  моҳи июни соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегардад, бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим,  раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва аъзои  Кумитаи  тадорукотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳбарони  идораву муассисаҳои марбута ҷаласа баргузор гардид.

- Ваҳдати миллӣ ҷашни тақдирсози миллати тоҷик аст ва ҳар сол мо онро дар минтақаҳои гуногуни кишвар бо шукӯҳу  шаҳомати хоса таҷлил менамоем, -иброз дошт Азим Иброҳим.

- Бо супориши Роҳбари давлат маротибаи дуюм аст, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷлил мегардад, зеро Пешвои миллат нисбат ба мардуми меҳмоннавози ин диёр таваҷҷуҳи хоса дорад. Сенздаҳсолагии Ваҳдати миллӣ  соли 2010 дар вилоят дар сатҳи хеле баланд ҷашн гирифта шуд  ва боварӣ дорам, ки имсол дар заминаи он таҷрибае, ки доред, чорабиниҳои ҷашнӣ дар сатҳи боз ҳам баландтару хубтар мегузаранд, — гуфт Азим Иброҳим.

Воқеан, мутобиқи Нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар рӯзҳои ҷашн дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят гузарондани чорабиниҳои зиёди сиёсӣ, фарҳангию варзишӣ ва илмӣ дар назар дошта шудааст, ки бешубҳа, ба боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносӣ, дар рӯҳияи ватандорию ватанпарастӣ ва илмомӯзӣ тарбия намудани ҷавонон мусоидат менамояд. Аз ҷумла, дар шаҳру навоҳии вилоят баргузории фестивали байналмилалии фарҳангӣ — сайёҳии «Боми Ҷаҳон», мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Ваҳдати  миллӣ»,  конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи  «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ», маҳфили адабии «Диёри ваҳдатофаринам — Тоҷикистон», рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар назар аст. Дар майдони марказии варзишии шаҳри Хоруғ бо иштироки меҳмонони воломақоми мамлакат ва хориҷи кишвар намоиши театришуда ва барномаи калони консертӣ баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин ҳунармандони ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.

Аъзои гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба ҷараёни омодагӣ ба ҷашн ва корҳои то имрӯз дар ин самт анҷомдода маълумот дода, нуктаи назари хешро дар робита ба хотирмону шавқовар гузарондани чорабиниҳои ҷашнӣ  баён намуданд.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо ба  шахсони масъул супориш дода шуд, ки ҷиҳати сари вақт ва дар сатҳи баланд таҳия намудани чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»