Байни террористу ришвахӯр тафовут нест?

№97 (3243) 18.08.2014

Чанд соли охир сарварони ҲНИТ ва аъзои фаъоли он пайваста дар гӯши мардум фасонахонӣ доранд, ки мақомоти давлатӣ пайваста ба ҳизб фишор меоваранд, аъзои онро таъқиб мекунанд ва дар роҳи пешбурди фаъолияти он монеаҳо эҷод менамоянд (мубоҳисаҳои охирини раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар «Фараж» ва «Наҷот»). Барои раиси ҲНИТ дигар гилаи доимӣ гаштааст, ки «… айби дигаронро намебинанд, аммо айби ҲНИТ-ро ҳама мебинад» ё «ҳама ҷиноят содир мекунанду танҳо ҷиноёти наҳзатиҳоро мебинанд».

Намедонам, наҳзатиҳо ва пешвоёни онҳо бо чунин баробаркуниҳо  содалавҳии худро собит карданианд ё дигаронро аблаҳ гумон мекунанд. Куҷо метавон  ҷурмҳоеро монанди ришвахӯрию фасод бо ширкат дар суиқасд ба сулҳу суботи кишвар, анҷоми амалҳои террористӣ, кӯшиши яроқнок аз байн бурдани пояҳои сохти конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ дар як паллаи тарозу гузошт? Танҳо ва танҳо наҳзатиҳо ва роҳбаронашон ин ҳамаро шабеҳи якдигар мебинанд. Агар аз рӯйи мантиқи гуфтаҳои эшон хулоса намоем, гуноҳи узви фаъоли ҲНИТ Аловиддин Давлатов, маъруф бо лақаби «Алии Бедакӣ», ки зимни як ҳуҷуми террористӣ  23 сарбозро аз ҷони ҷавонашон бенасиб гардонид, бо ришваситонии як нафар корманди мақомоти давлатӣ, ки узви ҲХДТ ё дигар ҳизби дар ҷумҳурӣ амалкунанда мебошад, баробар аст.

Ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон ин ҷиноятҳоро бо ҳам қиёсбандӣ кард. Шояд дар муқоиса бо дигар қишрҳои ҷомеа теъдоди ҷиноятҳои содирнамудаи наҳзатиҳо камтар бошад, вале сухан сари вазнинии онҳост. Оё метавон дуздию ришвагирию фасодкориро бо суиқасд бар сулҳу салоҳи миллат, қатли ҳамватану ҳамдиёрони худ баробар донист? Ҳақиқати талх ин аст, ки ғайр аз ҲНИТ узви  ягон ҳизби дигаре муқобили миллати хеш яроқ набардоштааст.

Оилаи Давлатовҳо, сокинони деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт, занҷираи пайвасткунандаи ҲНИТ бо мулло Абдулло ва пуштибонони хориҷии онҳо буданд. Падарашон Музаффар Давлатов узви фаъоли ҲНИТ, Аловиддин аъзои қаноти размандагони ҳизб,  Ҳусниддин масъули ҷанбаи ташвиқотии он ва ҳатто вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳисоби ҲНИТ буд. Ӯ зери ниқоби тиҷорат дастаҳои террористиро бо маводи хӯрокаю пӯшока таъмин мекард.  Ба  дастаи террористии Алии Бедакӣ аъзоёни ҲНИТ — Лоиқов Муртазобек, лақабаш  «Мустақим» ва Нозимов Шараф — зодагони ноҳияи  Рашт, Қиронов Бахтиёр, лақабаш «Алишери Исфарагӣ»- зодаи шаҳри Исфара, Абдулҳақов Нурмаҳмад — зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, Умаров Саидҷон, лақабаш «Ҳоҷӣ Саид»- зодаи шаҳри Душанбе, Шукуров Маҳмуд, лақабаш «Маҳмудча — Зубайр» — зодаи ноҳияи Ҳисор, Эшов Фазлиддин, лақабаш «Қорӣ Мусо» — зодаи шаҳри Турсунзода ва дигарон шомил буданд.

Рӯйхати 53 нафар аъзоёни ҲНИТ, ки  бевосита дар амалиётҳои террористии Рашт, Хуҷанду Исфара даст доштанд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сомонаҳои интернетӣ ва расонаҳои хабарӣ нашр шуда буд ва аз миёни наҳзатиҳо алоқамандии нафареро ба ҳизб инкор карда натавонистанд.

Сарвари минтақавии ягон ҳизбе наркобарон (Имомназар Имомназаров) ва ё ҷанговари силоҳбадасти гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ (С. Мамадризоев, Ш. Карамхудоев) набудааст. Роҳбари бахши ягон ҳизбе монанди Адолатов Саодатшо мардуми диёрашро ба худиву ғайримазҳаб ҷудо накардааст ва тухми нифоқу адоватро дар байни мардум накоштааст. Аъзои ягон ҳизби сиёсии кишвар, ба ҷуз намояндагони ҲНИТ, барои ширкат дар ҷангҳои террористӣ ба Сурия сафарбар карда нашудаанд.

Воқеиятро нодида гирифта, масъулини ҲНИТ ҳамеша аснои ёдоварӣ аз ширкати аъзоёни ҳизб дар ҳаводиси хунину нангин иддао пеш меоранд, ки дигарон низ ҷиноят содир мекунанд, вале мансубияташон ба ину он ҳизб таъкид намегардад. Эроди баҷост, вале ҳақиқат он аст, ки ғайри наҳзатиҳо дигар аъзои ягон ҳизби расмии ҷумҳурӣ дасти таарруз ҷониби сулҳу оромии Тоҷикистони азиз дароз накардааст. Роҳбарони ҲНИТ, шурӯъ аз раиси он, бояд аз модарони фарзандгумкарда, ҷавонзанони бевамонда ва тифлони сағиршуда узр мепурсиданд. Узр мехостанд, ки ба умеди афзоиши теъдоди аъзоёни ҳизб бадгуҳару бадсиголони зиёдеро дар сафҳои ҳизб роҳ додаанд. Ваъда медоданд, ки минбаъд пазириши аъзоёни ҳизбро ба танзим медароранд. Онҳоро дар роҳи азиз донистани истиқлолияти кишвар, боло бурдани арзишу муқаддасоти миллии тоҷикӣ аз эҳсосоти динӣ ва гароиш ба маърифату фарҳанги бегона тарбия хоҳанд кард. Сукут дар муқобили қазияҳои рухдода ва адами маҳкумияти амали ин аъзоён аз ҷониби ҲНИТ-у роҳбаронаш маънии дуруст донистани амалҳои террористони зикршударо дорад.

Вақте ки ҲНИТ пайи ҳодисае дар ягон кишвари арабӣ  маҳкум карданҳову баёнияпахшкуниҳоро оғоз мекунад, ба ёди ман ҳамаи он ҷиноёте мерасанд, ки аз ҷониби наҳзатиҳо содир шудаанд. Боре нашудааст, ки онҳо нафари худиашонро барои кирдорҳои зиддиинсонӣ маҳкум карда бошанд. Барои онҳо ҳаёти 23 сарбози ҷавонмарг, чандин ҷавони аз тарафи гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар шаҳри Хоруғ роҳгумазадаю муҷиби марги бемаҳалгашта арзише надорад. Барояшон мурдаи араббачае, ки аз ниҳояти ҷаҳлу торикӣ бо дасти холӣ муқобили танк рафтаю кушта шудааст, азизтар аст. Метавонанд барояш ҳафтаҳо нолаю шеван барпо кунанд.

Ин ҷо дар бораи ҷиноятҳои ахлоқии наҳзатиҳо ҳарфе намегӯем, зеро ҳамагон аз силсиланаворҳои ғайрирасмии «Нури наҳзат» дар сомонаҳои интернетӣ ва баъзе барномаҳои махсуси шабакаҳои телевизионӣ огаҳанд. Сухан сари он намеравад, ки ин наворҳо аз ҷониби киҳо сабт мешаванду муаррифӣ, ғаразноканд ё мақсаднок? Ҳақиқат он аст, ки ин қабил шахсони риёкору зинокор дар сафҳои ҳизб арзи ҳастӣ доранду сари ҳар вақте бар нангу номуси хонаводае дасти таҷовуз дароз мекунанд. Наҳзатиҳо бошанд, ба ҷойи ислоҳи ин кирдорҳои ҷиноятолуда шикваю гила мебардоранд, ки мавриди «фишор»-у «тазйиқ» қарор доранд.

Қамариддини  Субҳиддин