Барои дарки Паём дидаи бино лозим аст

№44 (3190) 01.05.2014

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизорӣ мекашанд, зеро дар он мавқеи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва дурнамои он дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ муайян гардида, сол ба сол ба роҳнамои аслии рушду нумуи самтҳои гуногуни ҷомеа табдил меёбад.

 Паёми навбатии Сарвари давлат аз шарҳи мухтасари хусусиятҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида,  мавқеи Ҳукумати кишварро дар соҳаҳои гуногун фаро гирифт, ки боиси баҳои арзандаи коршиносону нозирон гардид.   Ширкаткунандагони ин ҷамъомад баробари аз толор берун омадан, бо таассуроти амиқе аҳамияти Паёми мазкурро бо ҷанбаҳои гуногуни он шарҳу эзоҳ медоданд, дар бораи муҳимияти масъалаҳои баррасишуда фикру мулоҳизаҳои худро ба хабарнигорон иброз медоштанд.

Мутаассифона, дар тамоми маъракаҳои сиёсии кишвар нотавонбиноне низ ҳастанд, ки онҳо бар зидди дастовардҳо, пешравӣ ва комёбиҳои миллат баромад карда, дар ҳама ҳолат мекӯшанд, ки айбҷӯйӣ ва кинаварзӣ намоянд. Тараққиёту гулгулшукуфии Тоҷикистони азизамонро дида наметавонанд. Бахусус, намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии кишварамон дар ин самт мавқеи ноустуворе доранд.

Пешвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ  тамоми иқдомоти аз ҷониби Ҳукумат пешгирифтаро аз нигоҳи  манфиатҳои шахсии худаш арзёбӣ намуда, барояш расм шудааст, ки дар назди ҷонибдоронаш худ ва ҳизбашро якумр ҷабрдидаву қурбонӣ муаррифӣ  кунад. Шояд бо гирифтани чунин мавқеъ аз ҷое манфиатеро қоил бошад. Масалан, Паёми ахири Президенти кишварро ӯ дар муқоиса бо паёмҳои қаблӣ ҳамсон шуморида, онро холӣ аз тағйироту дигаргунӣ арзёбӣ намудааст. Ӯ гуфтааст: «Интизории мо ин буд, ки бо таваҷҷуҳ ба иқдомоти ахир зидди ҳизбу ҳаракатҳо ва ҳамчунин соҳибкорон, Президент ба ин мавзӯъ  таваҷҷуҳи амиқ зоҳир мекунад ва ба ниҳодҳои зирабти давлатӣ дастур медиҳад, ки ҷилави чунин корҳо гирифта шаванд, аммо ҳеҷ дигаргуние дар Паём дида нашуд».

Ҷаноби Кабирӣ ба ҷуз «мушкилоти» бозори «Саховат»-аш   ҷанбаҳои дигари баромади Роҳбари давлатро нодида мегирад. Ҳол он ки яке аз самтҳои дахлнамудаи Сарвари давлат пешниҳод оид ба давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат эълон намудани солҳои 2014-2020 мебошад. Ба ин самт дахл намудани  Сарвари давлат ҳамчун самти афзалиятнок дар рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад.

Ё ин ки намояндаи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов Паёми имсолаи Президенти кишварро ҳамчун ҳисобот шуморидааст. Ба ақидаи Ш. Ҳакимов, дар Паём нисбат ба он масоиле, ки аз ҷониби Роҳбари давлат мавриди баррасӣ қарор гирифт, барои рушди ниҳодҳои демократӣ ва риояи ҳуқуқи башар бештар озодии баён авлотар мебуд.

Аз гиламандии ҷаноби Ҳакимов дар бораи он ки ба Паём афроди дорои назару андешаи мустақил ва намояндагони аҳзоби мухолиф, яъне худаш роҳ наёфтаанд, чунин бармеояд, ки шояд ӯ низ нияти дар Паём ширкат карданро доштааст… Вале барои дуруст арзёбӣ кардани ин маъракаи сиёсӣ чӣ тафовут дорад дар дохил бошӣ ё тавассути оинаи нилгун тамошо кунӣ? Муҳим он аст, ки ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани вазифа ва дастуру супоришҳое, ки дар Паём дар назди аҳли ҷомеа гузошта мешавад, онро дастгирӣ намоӣ ва баҳри иҷрои он сарбаландона меҳнат кунӣ. Зеро шаҳрвандоне, ки барои роҳандозӣ намудани зиндагии шоиста баҳри ҳамватанони худ талош доранд, дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро, ки дар Паёми навбатӣ ироа шуданд, дастгирӣ менамоянд.

Ба ашхосе, ки аз Паёми Президенти кишвар баҳрае набурдаанд, таъкид мекунам, ки барои дарк намудани ин Паём дилу дидаи бино лозим аст, нотавонбинӣ то ба кай?

Шоҳин Хоҷаев