Баррасии рушди қонунгузории кишварҳои ИДМ дар Душанбе

№48 (3685) 04.05.2017

28 апрели соли 2017 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия бо ташаббуси факултети ҳуқуқшиносӣ бахшида ба Соли ҷавонон чорумин Конфронси байналмилалӣ-илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Ҳолати кунунӣ ва муосири рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ» баргузор гардид, ки мақсад аз он дар сатҳи баланд тарғиб намудани ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли ҷавонон эълон гаштани соли 2017 буд. Дар  чорабинӣ меҳмонон аз дигар кишварҳо низ иштирок намуданд.

Декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Олтой, профессор Евгений Петухов баргузории ин гуна конфронсҳои илмиро падидаи хубе баҳри пешбурд ва тақвияти робитаҳои дӯстӣ, илмӣ миёни донишҷӯён ва устодони ду ҷониб маънидод кард. Ӯ гуфт, ки ташрифаш ба кишвари офтобиву меҳмондӯсти Тоҷикистон, вохӯриҳо бо ҳамкорон ва донишҷӯён дар афкору андешааш таассуроти хеле хубу хотирмонро боқӣ гузошт, ки наметавон онро бо сухан баён кард. Бо дидани донишҷӯёни дорои фарҳангу маданияти баланд ва либосҳои тарғибкунандаи фарҳанги миллӣ ман мехоҳам бигӯям, ки насли ҷавон оянда пешбарандаву рушддиҳандаи Тоҷикистон хоҳанд буд.

Барои иштирокдорони конфронс, инчунин доир ба мавзӯъҳои «Мушкилоти ҳуқуқии раванди муҳоҷират дар мисоли муҳоҷирати меҳнатии муосири аҳолии Тоҷикистон», «Чанд нуктаи ҳуқуқҳои конститутсионии мақоми Президенти Ҷумҳурии Беларус», «Асосҳои ҳуқуқии сиёсати муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилоти асосӣ», «Таснифи ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон дар таълимоти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» ва ғайра маърӯзаҳои декани факултети ҳуқуқҳои олии Мактаби иқтисодӣ, дотсент Евгений Салигин,  аспиранти Донишгоҳи давлатии иқтисодии Беларус Олга Полешук ва донишҷӯён пешниҳод гардиданд.

АМИТ «Ховар»