Бе пир марав, ки дар бимонӣ…

№96 (3733) 12.08.2017

94-1-2Пешниҳод ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» синни баромадан ба нафақаи суғуртавӣ барои мардҳо 63 ва барои занҳо 58 муқаррар гардидааст.

Қобили таъкид аст, ки дар марҳилаи кунунӣ роҳбарияти олии давлат ба хотири ояндаи кишвар як иқдоми ниҳоят заруриро рӯи кор овардааст, ки онро ба истилоҳ «ҷавон кардан»-и ҳайати кадрии мақомоти давлатӣ меноманд. Бидуни шубҳа, ба корҳои роҳбарикунанда ва давлатдорӣ ҳар чӣ бештар ҷалб кардани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд, бахусус дорои дарку ҷаҳонбинии замонавӣ, барои оянда хеле муҳим аст, зеро маҳз ҷавонон пешбурди ояндаи давлатро бар уҳда хоҳанд дошт.

Аммо аз ҷониби роҳбарияти корхонаву идораҳо ба таври оммавӣ ва иҷборӣ ба нафақа равон кардани занони ба синни 58 ва мардони ба синни 63 расида ­масъалаест, ки бо вуҷуди қонунӣ ва талаби замон будан, ба таҷдиди назар эҳтиёҷ дорад. Иддае бо диду назари маҳдуд кормандони собиқадорро «одамони бо тафаккури куҳнашуда» мепиндоранд, ки аз воқеият фарсахҳо дур ва бар зарари ҷомеа, бахусус ҷавонон, аст.

Инсон бо гузашти солҳо соҳибтаҷриба мегардад, таҷрибаи корӣ ва ҳаётӣ пайдо мекунад, зеро хирад хоси синни балоғат мебошад.

Мисоле меорам ва худ қазоват кунед. Духтуре, ки дар маҷмӯъ 9 сол таҳсил мекунад (6 сол барномаи институт, 1 сол интернатура в 2 сол ординатура), то бо ҷойи коре таъмин мегардад, ки синнаш ба сӣ мерасад. Яъне, дар ин синн ӯ ҳанӯз ҳам таҷрибаи кории мустақилона надорад. Барои духтури хуб шудан, камаш 10-15 сол ва ҳатман зери сарпарастии мутахассисони собиқадор (мураббӣ) кор кардан зарур аст. Дар ин муҳлат ӯ ба синни 45 мерасад ва барои кори пурсамар муҳлати хеле кам — беш аз 15 сол боқӣ мемонад. Дар ин муддат ҳатто ҳамон маблағҳои то ин вақт барои ӯ сарфшуда ҳам пас гардонда намешаванд. Ҳамин тариқ, барои муаллим, муҳандис ва ғайра низ вақт лозим аст, то донишҳои назариявиашонро амалан иҷро ва таҷрибаи корӣ пайдо кунанд. Аммо замоне малакаву таҷриба ба даст меоранд, ки синни нафақа мерасад ва таҷрибаву дониш, бахусус хиради аз ҳаёт андӯхтаашон баръабас меравад. Аз ин ҷост, ки қисме аз онҳо, ба қавли худашон, барои «ба қадри хизматҳояшон нарасидан» малолу норозӣ мемонанд ва аз бекорӣ, ба ғайбату сиёсатбозӣ дода мешаванд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки нафарони ба синни нафақа наздикрасида, (мардон баъди 60-солагӣ ва занон пас аз 55-солагӣ), дар андешаи нафақа меаф­танд, аз корашон дилсард мегарданд ва бо ҳамон «инерсия» аксаран рӯз мегузаронанд.

Алҳол дар кишвар, дар баробари 2.2 миллион қувваи қобили корӣ, беш аз 619 ҳазор нафақагир аст. Ба таври дигар, таносуби нафақигирон нисбат ба қувваи қобили кор беш аз 27 фоиз ва пардохти нафақаи солона наздик ба ду миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ин, аз як тараф, сарбории изофӣ барои буҷети кишвар аст, аз ҷониби дигар, захираи фаровони ақлонӣ ва физикӣ бе манфиат боқӣ мемонад.

Дуруст аст, ки ҷавонон бояд ҷойи кор дошта бошанд ва ҳоҷат ба баҳсу шарҳ нест. Аммо барои ҷавонон бояд бештар дар соҳаҳои истеҳсолот, соҳибкорӣ, хоҷагии қишлоқ ва ғайра ҷойи кор муҳайё кард, то онҳо тавонанд, ки аз неруи худ истифода баранд, Талаботи ҷавононро, ки бештар барои пул кор кардан, ба даст овардани неъматҳои моддии зиндагӣ равона шудааст, низ ҳамчун воқеият набояд сарфи назар кард.

Марбут ба ин масъала ба хотир овардани як сабақи замони шӯравӣ, ки ҳанӯз ҳам ибратомӯз аст, ба мақсад мувофиқ мебошад . Мошини пурқуввати идеологии он замон дар тарбияи ватанпарастӣ, муносибат ба моликияти ҷамъиятӣ, масъулият дар баробари давлат, поквиҷдонӣ ва дигар хислатҳои хоси инсон ба муваффақиятҳои қобили эътироф ноил гардида буд. Бахусус, низоми таҳсилоти олии он замон мутахассисони аз ҷиҳати идеологӣ дар рӯҳияи хизмат ба ватану халқ тарбиягирифтаро ба ҷомеа дода буд. Ҳамин аст, ки ­насли миёнсол ва калонсол сутуни асосии ­кадриро ташкил медиҳанд. Илова бар ин, аз таҷрибаву фарҳанги собиқадорон, кадрҳои ба истилоҳ замони шӯравӣ, ки дар байни 15 миллату 100 халқият аз ҷиҳати донишу маҳорат ва малака пухта расида буданд, истифода барем, аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Бояд воқеиятро эътироф кард, ки дар марҳилаи кунунӣ, замони ба ном гузариш, аксари ҷавонон чунин малакаи гуногунфарҳангӣ ва мубодилаи байни миллатҳоро надоранд. Илова бар ин, сатҳи донишу ҷаҳонбинии қисме аз ҷавонон ба иллати таҳаввулоти босуръати замон, дигаргуниҳои душворпешгӯйишавандаи ҷаҳони муосир, нисбатан маҳдуд боқӣ мондааст. Аз ин хотир, истифодаи неруи он идда калонсолон, ки ҷисму фикри солим, малакаи баланд ва хиради ғании рӯзгор доранд, чун мактаби тарбияи кадрҳо набояд аз мадди назар дар канор монад.

Бар асоси далелҳои зикршуда пешниҳод менамоям, ки синни нафақа барои мардон аз 63 то ба 65-68 — солагӣ, барои занон аз 58 то ба 60-63 солагӣ боло бардошта шавад. Барои занон то синни 60 ва барои мардон то 65 синни кории ҳатмӣ муайян гардад. Се соли дигар, яъне то синни ниҳоии нафақа, корро идома додан ё надодан танҳо бо хоҳиши худашон муайян шавад. Яъне, одамон баъди ба ин син расидан (занон 60 сол ва мардон 65) бояд имкони интихоби озод байни идома додани кор ва ё баромадан ба нафақаро дошта бошанд. Албатта, дар ин ҳолат нишондодҳои дигар, амсоли вазъи саломатӣ, вазъи молии оилавӣ, сатҳи тахассус, малака ва ғайра ба назар гирифта шаванд. Чунин таҷрибаи мусбат дар кишварҳои пешқадами дунё низ ба назар мерасад.

Ва ниҳоят, ҳикмати халқ - «Бе пир марав, ки дар бимонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ» низ маънии истифода бурдан аз таҷрибаву дониши аз худ бузургро дорад.

Имомназар Хақназар,

мудири шуъбаи дастгоҳи раиси ВМКБ, ҷомеашинос, шаҳри Хоруғ