Таассурот

Биҳишт дар моварои кӯҳсорон

№106 (4526) 26.08.2022

371a6849-fcc7-443c-9801-3e209cc169beСӣ сол қабл, бо қарори собиқ Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 20 июли соли 1992 таҳти рақами 267) бо мақсади таъмини устувории мувозинати биологии табиат, ҳифзу нигоҳдории олами ҳайвоноту набототи нодир, экосистемаҳои хоси табиӣ, мониторинги биологӣ, ёдгориҳои табиию таърихӣ, рушди туризми экологӣ, кӯҳнавардӣ ва амалисозии корҳои илмӣ — тадқиқотӣ оид ба таҳлилу  баҳодиҳии равандҳои таъсиррасон ба экосистемаҳои табиӣ Парки миллии Тоҷикистон (имрӯза «Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда») таъсис дода шуд. Майдони умумии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон 3,1 миллион гектар буда, ба онҳо 4 мамнӯъгоҳи табиӣ, се боғи табиӣ, ду филиали Парки миллӣ, 13 парваришгоҳ, 37 ёдгории табиӣ ва дигар объект­ҳо шомиланд.

Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон чанде пеш мо — як гурӯҳ рӯзноманигорони Клуби экожурналистон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти резервати  биосферии «Ромит» ба дараи Ромити шаҳри Ваҳдат рафтем.

Ҳафтаи аввали моҳи июл дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво аз 42 дараҷа баланд буд, вале дар ин мавзеъ аз насими салқину форам баҳра бурда, гарморо чандон эҳсос накардем. Ҳавои дараи зебоманзараи Ромит бо гулу гиёҳҳои кӯҳӣ муаттар гашта буд.

Директори Резервати биосферии «Ромит», собиқадори соҳаи ҳифзи табиат Ҳамоиддин Маҳмудов иброз ­дошт, ки  соли 1959 бо мақсади омӯзиши олами набототу  ҳайвоноти минтақа мамнӯъгоҳи «Ромит» таъсис ёфт. Солҳои шастуми асри  гузаш­та ба ин ҷо аз  мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» бо мақсади парвариш оҳуи бухороӣ ё «хонгул» оварданд, ки саршумораш хеле зиёд шуд. Мамнӯъгоҳ тайи ин солҳо дар ҳифзи генофонди комплексҳои табиӣ нақши муҳим бозидааст. Оғози солҳои навадуми асри ХХ бо мақсади обод кардани деҳаҳои таркшуда аҳолии қаблан муҳоҷиршуда ба дараи Ромит баргаштанд, ки дар натиҷа панҷ деҳаи нав бунёд шуд.

- Соли 2014, баъди тағйир додани Низомнома, дар ҷои мамнӯъгоҳ резервати биосферии «Ромит» таъсис ёфт. Масоҳати он аз 16 ҳазору 100 гектари қаблӣ ба 16 ҳазору 478 гектар расид.

Ҳайати кормандон аз 21 нафар ба 31 нафар расонида шуд. Таи ин солҳо дар 60 гектар ҷангал бунёд гардида, беш аз 100 ҳазор бех ниҳоли дарахти мевадиҳандаю соя­афкан шинонида шуд,- гуфт Ҳамоиддин Маҳмудов.

Бо мақсади баланд бардош­тани маърифати экологии сокинони деҳот бо ҷалби олимону коршиносон ва мутахассисони соҳа машварат гузаронида, дастуру буклетҳо тақсим мешавад.

Муовини директори МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Наҷмиддин Наҷмиддинов иброз намуд, ки соли 2016 дар 10 гектар парваришгоҳи оҳуи бухороӣ таъсис ёфт. Ҳоло теъдоди оҳувони бухороӣ ба 33 сар расидааст. Инчунин, дар масоҳати 0,02 гектар парваришгоҳи кабки дарӣ сохта шудааст, ки дар он 150 сар кабк нигоҳубин карда мешаванд.

Вобаста ба парвариши кабк, механизми зиёд кардану ба табиат сар додани он корҳои илмӣ — тадқиқотӣ ба роҳ монда шудааст.

Резервати биосферӣ дар баландии 1176 — 3195  метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифта, дар ҳудуди он 197 намуд гиёҳҳои  шифобахш мерӯяд. Дар он хирси маллаи тиёншонӣ, баб­ри барфӣ (озодапаланг), бузи кӯҳии сибирӣ, бургут, гуроз (хуки ваҳшӣ),  силовсин ва дигар навъи ҳайвонот дучор меоянд.

Аз қисмати  ғарбии резерват дарёи Сардаи Миёна ва аз  қисмати шарқии он дарёи Сорво ҷорӣ шуда, якҷоя дарёи Ромитро ташкил медиҳанд. Баъди ба он ҳамроҳ шудани рӯди Ёс дарё номи Кофарниҳонро мегирад. Дарозии Кофарниҳон 387 километр буда, дар ҷануби мамлакат ба Амударё ҳамроҳ мешавад.

Муовини директори МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», номзади илмҳои биологӣ Нуралӣ Саидов иброз дошт, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30 марти соли 2020 таҳти №195 МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» аз тобеияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуд. 21 июни соли 2013 дар Иҷлосияи 37- уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Пномпени Камбоҷа ба Феҳрис­ти мероси ҷаҳонии идораи омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) шомил гардид. Масоҳати умумии он 2 миллиону 611 ҳазору 674 гектар буда, 306 ҳазору 613 гектар ҳудуди ноҳияи Тавилдара, 69 ҳазору 912 гектар ноҳияи Лахш ва 2 миллиону 235 ҳазор гектар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро фаро гирифтааст. Пиряхи Федченко, ки яке аз бузургтарин пиряхҳои олам буда, дарозиаш 77 километр мебошад, дар ҳудуди боғи мазкур ҷойгир мебошад. Он манбаи асосии оби тозаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

bea6384c-d55c-4ed9-a824-7e214e5fad36- Олами набототу ҳайвоноти Боғи миллии Тоҷикистон барои таҳқиқот хеле ҷолибанд. Ин минтақа макони зисти гӯсфанди кӯҳии Марко — Поло (архар), бузи кӯҳии сибирӣ, бабри барфӣ, хирси маллаи  тиёншонӣ, ғози ҳиндӣ, мурғи ҳилоли тибетӣ ва ҳимолоӣ мебошад, — гуфт Нуралӣ Саидов.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 сентябри соли 2000 — ум дараи Ромит минтақаи сайёҳию истироҳатӣ эълон шудааст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин мавзеи  зебоманзара сол то сол меафзояд. Тавре Ҳамоиддин Маҳмудов зикр намуд, дар резервати биосферии «Ромит» барои сайёҳон хатсайрҳои  аспсаворӣ, кӯҳнавардӣ ва дарёнавардӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, якуми июли соли равон  намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба ин мавзеи хушманзара ташриф оварданд.  Меҳмонон бо осорхона, имкониятҳои технологӣ, намоиши расмҳои манзаравӣ, китобу дастурҳои соҳавӣ  ошно гардида, аспсаворӣ карданд. Пас аз баҳрабардорӣ аз тамошои табиати дилангези дараи Ромит  меҳмонони хориҷӣ 100 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинониданд. Чунин ташаббусҳо таваҷҷуҳи хориҷиёнро ба туризми экологӣ бештар ҷалб мекунанд.

Тавре Нуралӣ Саидов ба хабарнигорон иттилоъ дод, умед аст, ки оянда Резервати биосферии «Ромит» низ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии идораи омӯзиши илмӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) шомил шавад.

Тавре зимни сафар эҳсос намудем, воқеан ҳам Резервати биосферии «Ромит» бо олами ғании набототу ҳайвоноташ қалби ҳар бинандаро тасхир месозад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»