Бинои нави нозироти андоз

№3 (3483) 07.01.2016

Дар арафаи Соли нави мелодии 2016 дар маркази ноҳияи Қӯҳистони Мастчоҳ бинои нави Нозироти андоз ба истифода дода шуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода ҷамъомадагонро ба муносибати баистифодадиҳии бино ва соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуд.

- Иншооте, ки имрӯз ба истифода дода мешавад, ин нишони арҷгузорӣ ва қадршиносии Давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба мардуми ин ноҳияи дурдаст мубошад,- таъкид намуд раиси ноҳия.

Дар ҷамъомад ҳамчунин сардори Раёсати андози вилояти Суғд  Бахтиёр Султон иштирок ва суханронӣ кард.

Бояд гуфт, ки иншооти мазкур бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз ду миллион сомонӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон»- и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо роҳбарии Фахруддин Зокиров сохта шудааст. Ба корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида буданд. Иншооти мазкур дорои тамоми шароити корӣ ва таҷҳизоти зарурӣ мебошад.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»