Бозгӯйи «саҳм» — и падарон

№33 (3513) 08.03.2016

мирзоСолҳои шастуму ҳафтодуми қарни гузашта вохӯриҳои аҳли адаб бо донишҷӯён ба ҳукми анъана даромада буд. Дар яке аз чунин маҳфилҳо, ки дар арафаи иди бонувон дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) баргузор гардид, адибони номвари тоҷик базми назм ороста, дар васфи Зан — Модар шеъру тарона мехонанд.

Дар ҷараёни маҳфил устод Мирзо Турсунзода ба аҳли толор муроҷиат карда, мегӯяд: — Агар касе аз шумо ҳам дар бораи модар, хоҳар ва ё дилбари худ ягон шеъре эҷод карда бошад, марҳамат онро хонед, то ин ки мо ҳам  шунавему ҳаловат барем.

Донишҷӯи шоиртабъ Қурбоналӣ Ҷабборов иҷозат хоста, порчаи зеринро қироат намуд:

Агар, ки зан дар ин олам намебуд,

Ба гетӣ як нафар одам намебуд.

Чӣ сон лекин маро мезод модар,

Агар шаб дар бараш отам намебуд.

Баъди паст шудани мавҷи қарсак устод Боқӣ Раҳимзода бо хушҳолию хандаи самимӣ ба тарафи устод Мирзо Турсунзода ишоракунон иброз намуд: -  Мирзоҷон (он кас ба устод ҳамеша ҳамин хел муроҷиат мекарданд), хайрият ин  ҷавони боҷуръат ҳам будаасту нақши мо — падаронро дар пайдоиши фарзанд рӯйирост ошкор намуд. Аз номи ҳамаи падарон ба ӯ ташаккур! Чапакзанӣ дубора авҷ гирифт.

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»