Шарҳи мо

Чаро шумораи бекор кардани ақди никоҳ афзудааст?

№96 (3242) 15.08.2014

Дар шаш моҳи соли равон аз тарафи мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 4663 ҳуҷҷати бекор шудани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд. Сабабҳои афзоиши бекоршавии ақди никоҳро ба хабарнигорамон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл шарҳ доданд:

-Тибқи моддаҳои 42- 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ дар ҳолатҳои зерин бекор карда мешавад:

-ҳангоми мавҷуд будани розигии мутақобилаи ҳамсарон барои бекор кардани ақди никоҳ, ки аз ҳамин ақди никоҳ фарзандони умумии ноболиғ надоранд;

-бо аризаи яке аз ҳамсарон агар ҳамсари дигар:

- аз ҷониби суд бедарак ғайбзада эътироф гардида бошад;

-аз ҷониби суд ғайри қобили амал эътироф шуда бошад;

-вафот карда бошад ё аз ҷониби суд фавтида эътироф гардида бошад;

-барои содир кардани ҷиноят ба муҳлати зиёда аз се сол маҳкум шуда бошад.

Ҳамзамон тақрибан 70- 75 фоизи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси ҳалномаи суд дар мақомоти САҲШ- и ҷойи истиқомати ҳамсарон (яке аз онҳо), бо пешниҳоди иқтибос аз ҳалномаи суд ва аризаи собиқ ҳамсарон (яке аз онҳо) ба ҷо оварда мешавад, ки сабабҳои он ноаён мемонад. Лекин аз рӯйи пурсишу мушоҳидаҳо маълум гашт, ки тахминан сабабҳо чунинанд: мувофиқ набудани хислати ҳамсарон, дахолати шахсони сеюм, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, безуриётӣ, талоқи мусулмонӣ, нашъамандӣ ё истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ, беморӣ, хиёнат, муҳоҷирати меҳнатӣ (яке аз ҳамсарон дар муҳоҷират оилаи дигар барпо намуда, оилаи аввалаашро нигоҳубин намекунад ё зану шавҳар дар асл бо ҳамдигар зиндагӣ дошта бошанд ҳам бо мақсади гирифтани шаҳрвандии дигар давлат, бахусус Федератсияи Россия ақди никоҳашонро қонунан бекор менамоянд).

М. Аъзам, «Садои мардум»