Даъвати ҳарбии баҳорӣ — 2022

№43 (4463) 05.04.2022

20220331_112912Ноҳияи Фархор нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар рӯзи аввал 102 фоиз иҷро намуд.

Ба ин муносибат якуми  апрели соли равон дар маркази ноҳия гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Раиси ноҳия Зариф Назирӣ хизмат ба Ватан — Модарро қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷавонони Фархор низ барои ҳифзи марзу бум ҳамеша тайёранд.

Сипас, ба даъватшудагон сарулибос ва пойафзол тақдим карда, ба 80 нафари онҳо, ки аз курси семоҳаи ронандагӣ гузаштанд, шаҳодатнома супорида, баҳри болидахотириашон консерти идона барпо гардид.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷавонони ватандӯст барои адои қарзи фарзандӣ ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ омада, барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ариза доданд. Шумораи онҳо ҳамон миқдореро ташкил дод, ки ба беш аз фоизи нақшаи даъвати ҳарбӣ баробар аст.

Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маълумот доданд.

Якуми апрели соли 2022 дар ноҳияи Рашт низ таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар рӯзи аввал ноҳияҳои Сангвору Лахш нақшаи даъвати ҳарбиро сад фоиз ва ноҳияҳои Тоҷикобод 105, Нуробод — 101 ва Рашт 100,7 фоиз иҷро карданд. 

Ба 90 нафар наваскаре, ки курси ронандагии ҶДММ «Мададгори мудофиа»-ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навиштанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Дар ҳамоиш  раисони ноҳияҳои минтақа, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеа иштирок намуда, наваскаронро бо дуои нек гусел намуданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»