Дар Москва Паради Ғалаба баргузор мегардад

№66 (4172) 04.06.2020

09001850.923165.2267Ҳафтаи сипаришуда Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин эълон кард, ки Паради ҳарбӣ ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 24 июни соли 2020 дар шаҳри Москва баргузор мегардад.

Роҳпаймонии «Полки ҷовидон» бошад, дертар – 26 июли соли 2020 дар Рӯзи флоти ҳарбии баҳрии ­Федератсияи Россия доир мешавад.

Паради нахустини Ғалаба дар «Майдони сурх»-и шаҳри Москва 24 июни соли 1945 баргузор гаштааст. Ин санаро 24 майи соли 1945 Иосиф Сталин муайян карда буд. Парад зери борони шадид 2 соат идома ёфт. Дар он 24 маршал, 249 генерал, 2536 афсар ва беш аз 31 ҳазор сержанту аскарони қаторӣ ширкат намуданд. Онро Константин Рокоссовский сарварӣ намуда, Георгий Жуков қабул намуд.

Парадҳои минбаъда солҳои 1965, 1985 ва 1990 баргузор гардиданд. Аз соли 1995 дар Россия ҳар сол парад баргузор мегардад. Танҳо соли равон бо сабаби пандемия он мавқуф гузошта шуд.

Таҳияи Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»