«Дар Мурғоб мардум интизоранд, аз роҳи сафар барнамегардам»

№124 (4544) 05.10.2022

АличурБоре дар як суҳбат собиқ муҳаррири рӯзномаи «Сари кӯл»-и ноҳияи Мурғоб Султон Парманов нақл кард, ки ӯ дар хусуси ҷасорат ва далерии роҳбарони кишварҳои гуногуни дунё бисёр хондаву шунидааст ва наворҳои телевизиониро низ тамошо кардааст. Вале диловарӣ, дар ҳолатҳои фавқулода наҳаросидан ва ҳастиро сарфи ободии Тоҷикис­тон осудагӣ ва саодати мардум нисор кардани Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ба ростӣ, аз ҳама болотар медонад.

Дӯсти рӯзноманигорам барои тасдиқи гуфтаҳояш далел ва мисолҳои зиёд овард. Аз ҷумла, гуфт, ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолии кишвар Сарвари давлат дар ҳавои номусоид, борони сел, ки ба зудӣ дар осмони беканори Помири шарқӣ ба барф табдил ёфт, ба Мурғоб сафари корӣ анҷом медоданд. Дар болои ағбаҳои Кӯҳтезаку Харгӯшӣ ва наздикии Булункӯли яхбаста чархбол дигар имкони давом додани парвоз надошт. Сарвари лётчикҳо пешниҳод намуд, ки ба шаҳри Хоруғ баргарданд, вале муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъиян рад карда, кӯтоҳакак гуфтаанд, ки «дар Мурғоб ӯро мардуми бисёре интизоранд, дар ягон ҳамворӣ ба замин нишинед, аз роҳи сафар барнамегардам, бо ягон нақлиёт назди мардум меравам».

Халабонҳо бо азобе чархболро дар соҳили Булункӯл шинонданд. Сокинони ҷамоати деҳоти «Аличур» аз кӯдакони хурдсол то пирони солхӯрда бо шодиву хуррамӣ ба соҳили кӯл шитофтанд. Онҳо Пешвои миллатро истиқбол намуданд. Баъди вохӯрии кӯтоҳмуддат бо сокинони водии Аличур Президенти мамлакат бо ягона мошини «Нива»-и куҳна ба маркази ноҳия рафтанд. Дар вақти муайяншуда бо роҳбарон ва сокинони минтақаи дурдаст мулоқоти самимона орос­танд. Мошини ба китоби таърих воридшудаи «Нива»-ро духтури ҷавон, Иброҳим писари директори совхози «Аличур» Ҷӯрабой Азимов баъди фавти қиблагоҳ таи чанд сол чун гаҳвараки чашм тозаву озода нигоҳ медошт. Ҳарчанд ҷаҳонгардони хориҷӣ ҳамчун ёдгории нодири таърихӣ бо нархи гарон мошинро харидорӣ кардан мехостанд, аммо ин ҷавонмарди ватандӯст ва бонангу номус онро нафурӯхт, балки ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуд. Роҳбари хайрхоҳ ва олиҳиммати давлат дар ивазаш ба аҳли ин хонавода мошини нави «Нива» инъом карданд.

Дар ҳамон сафари таърихӣ ва хотирмон Президенти мамлакат аз баландиҳои гузаргоҳи Қулма низ дидан карданд. Ба кору амали коргароне, ки роҳи қариб 100 — километраи Мурғоб-Қулмаро сохта буданд, таҳсину офарин хонданд. Сарвари давлат, ҳамчунин, ба бун­ёди Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» санги асос гузоштанд.

Баъди он сафар бо дастур ва супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Дар бораи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Мурғоб» қарори махсус қабул гардид. Ҳоло аксар бандҳои он ба иҷро расонида шудаанд. Ба зудӣ дар ин минтақаи баландкӯҳи Помири шарқӣ, даҳҳо иншооти самти саноатӣ, иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, тиббӣ, биноҳои маъмурӣ ва садҳо манзили истиқоматӣ сохта шуданд. Неругоҳҳои барқи обии «Тоҷикис­тон», 200- киловолтаи офтобӣ, корхонаи коркард ва истихроҷи нуқраи «Истиқлол» дар мавзеи Якҷилваи водии Аличур аз ҷумлаи чунин бунёдкорӣ ва созандагиҳо мебошанд.

Ба гуфти узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода, сокинони заҳматкаш ва сарбаланди ноҳияи Мурғоб дар ҷавоби ҳама ин ғамхориҳо якдилона дастурҳои Роҳбари давлатро содиқона ба ҷо оварда истодаанд. Онҳо баҳри равнақи самти афзалиятнок — чорводорӣ ҷидду ҷаҳди зиёде менамоянд.

Рушди соҳаҳои камхарҷи сердаромад ба он мусоидат кардааст, ки дар Мурғоб сатҳи камбизоатии сокинон торафт коҳиш ёбад. Аз ҳама муҳимаш, шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе — Кӯлоб — Дарвоз — Хоруғ — Мурғоб — Қулма, ки зиёда аз 600 километри он аз қалби паҳноҳо ва соҳилҳои рӯдхонаҳои Оқсу ва Мурғоб мегузарад ва сокинони ноҳия онро роҳи ҳаёт меноманд, маҳз бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бунёд гардидааст.

Чанд сол боз сокинони марказ ва авулҳои минтақаи Помири шарқӣ, аз он ҷумла сокинони водиҳои Аличур, Булункӯл, Рангкӯл, Шаймоқу Қизиларт, Зоркӯл, Қизилработ ва Қароқӯлу Кӯҳнақӯрғон барфбориҳо ва сардиҳои зиёдро дар фасли тӯлонии зимистон бе мушкилот пушти сар мекунанд. Дастуру супоришҳои Пешвои миллатро вазорату кумитаҳо ва идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Мурғоб ба ҷо меоранд. Ҳарчанд роҳи Қароқӯл — Ош баста аст ва аз водии Олойи Ҷумҳурии Қирғизистон кашонидани ангишт қатъ гардидааст, аммо сокинони ин минтақа ташвиш надоранд, зеро воридсозии ин навъи сӯзишворӣ ба ин диёри зимистонаш тӯлонӣ аз ноҳияҳои Айнӣ ва Варзоб ду сол боз ба роҳ монда шудааст. Ба наздикӣ бо супориши Президенти мамлакат Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоати ноҳия қариб 100 тонна ангишт дастрас намуданд.

Ҳоло дар ноҳияи Мурғоб як килограмм гӯшти қутос ва гӯсфанд 40-45 сомонӣ ва як литр шир 3 сомонӣ нарх дорад.

Раиси ноҳия Ҳусния Раҷабзода таъкид кард, ки солҳои муноқишаҳои бемаънии шаҳрвандӣ даҳҳо хонаводаи тоҷику қирғизи ноҳияи Мурғоб ба дигар минтақаҳои Бадахшон ва Ҷумҳурии Қирғизистон кӯчиданд. Баъди бунёди шоҳроҳи Душанбе- Кӯлоб- Дарвоз — Хоруғ — Мурғоб — Қулма бештари онҳо ба зодгоҳашон баргаштанд. Бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти аз пештара дида ободу зеботар сохтанд. Ҳамчунин, Ҳусния Раҷабзода гузаштаи на он қадар дури рӯзгори сокинони минтақаро нисбат ба имрӯза қиёс карда, гуфт, ки солҳои сиюму чилуми қарни гузашта кашонида овардани чанд адад мизу курсӣ барои мактаб ва тахтаи синф, читу сатин ва калӯшу маҳсӣ тариқи роҳи Ош — Мурғоб- Хоруғ пешрафти намоён ба ҳисоб мерафт. Ҳоло тавассути ғамхориҳои Роҳбари давлат ва аз файзу баракати истиқлолият рушди ҷомеа ба он зинае расидааст, ки дар авулҳои Кӯҳнақӯрғон, Модиён, Бешгумбез, Рангкӯлу Қизилработ ва дуриҳои дури маконҳои қутоспарварони Қароқӯл, Зоркӯлу Булункӯл низ хонандагон бо компютер ва дигар асбобу анҷоми ҳозиразамони таълимӣ ва иттилоотӣ сарукор гирифтаанд. Сокинони ин диёр сарулибоси дилхоҳашон, маҳсулоти зарурии хӯрок ва асбобу анҷомҳои рӯзгорро ба мисли дигар шаҳру навоҳии вилоят ба таври дилхоҳ пайдо карда метавонанд.

Дар анҷоми суҳбат Султон Парманови тарҷумон ва рӯзноманигор бо хушнудӣ ва арзи эҳтироми бепоён нисбат ба кору пайкори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтанд: «Барҳақ меҳри дӯст доштани диёрро дар дили сокинони Мурғоб амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагиҳое, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҷо оварда шудаанд, боз ҳам зиёдтар бедор кардааст. Хурду бузурги ин сарзамин аз он ифтихорманд ва шукргузоранд, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвар ва шахсияти нотакроранд, ки Тоҷикистони азизро дар даврони истиқлолият бо саъю талошҳои ватанпарастона ба мамлакати осоиштаву биҳиштосо табдил додаанд.

Сироншоҳи ДИЛОВАР,

рӯзноманигор, ноҳияи Мурғоб