Дар ҷустуҷӯи изи пойи динозаврҳо

№76 (4659) 12.06.2023

ДИНОЗАВРБо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маҳфили экожурналистон» амал мекунад. Тибқи нақшаи гузаронидани чорабиниҳои маҳфили мазкур, 27-уми майи соли равон рӯзноманигорон бо Парки табиии таърихии «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода шинос шуданд.

Ин парк дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, ҳавзаи дарёи Ширкент) дар 60 километрии ғарби пойтахти мамлакат воқеъ аст. Он соли 1993 бо мақсади нигоҳ доштани олами бойи набототу ҳайвоноте, ки дар «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт гардидаанд, инчунин ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, хусусан изи пой (сум)-ҳои динозавр ва рушди сайёҳии экологӣ, ташкил шудааст.

Тавре директори Парки табиии таърихии «Ширкент» Маъруф Шарифов изҳор намуд, он дар 3000 гектар доман паҳн карда, иқлимаш дар қиёс ба дигар минтақаҳои кӯҳистон хушку сардтар мебошад. Тобистони он нисбатан гармтар, вале зимистонаш қаҳратуну тӯлонӣ аст. Бориши миёнаи солонаи барф дар моҳи феврал ба 60 — 70 сантиметр расида, шумораи рӯзҳое, ки барф ҳифз дошта мешавад, аз 100 то 130 рӯзро ташкил медиҳад. Релефи ин мавзеъ ноҳамвор буда, дар ҷануб 800 — 1000 ва дар шимол то 4000 — 4500 метр баландтар аз сатҳи баҳрро дар бар мегирад.

- Сардиҳои ғайримаъмулии моҳи январи соли равон ба олами ҳайвоноти парк чандон таъсир нарасонд, зеро корҳои биотехникӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҳайвоноту парандаҳо сари вақт бо хошоку дон таъмин буданд.

Илова бар ин, дар самти тоза кардани роҳу пайроҳаҳо, сохтану гузоштани лона барои парандагон, гузоштани намакдонҳо ва мушоҳидаи ҳайвоноти дар минтақа сукунатдошта корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд,- гуфт Маъруф Шарифов.

Зикр гардид, ки дар экосистемаи парки мазкур 9 сар бабри барфӣ (озодапаланг, ирбис), теъдоди зиёди хирси маллаи тиёншонӣ, хуки ваҳшӣ, гург, қашқалдоқ, рӯбоҳ, ҷайра ва бузи кӯҳии сибирӣ сукунат менамоянд. Дар маҷмӯъ, олами ҳайвоноти ин мавзеъ тақрибан 150 намуди муҳрадорон, аз ҷумла 30 намуд ширхӯрон, 100 намуд парандагони лонагузоранда, 41 намуд парандагони муқимӣ, ба монанди кабк, мурғи ҳилол, кабӯтар, ҷиркабк, сиёҳдуға, булбул, беш аз 55 намуд парандагони муҳоҷир ва 8 намуд хазандагонро дар бар мегирад.

Олами набототи Парки табиии таърихии «Ширкент» хеле ғанӣ буда, дар он дарахтони мевадиҳандаю соя­афкан, аз қабили бодоми талхак, арча, заранг, дӯлона, себ, олучаи кӯҳӣ, настаран (хулул, хуч), тут, чанорҳои азимҷусса ва гиёҳҳои шифобахшу ғизоӣ, ба монанди торон, чукрӣ, чойкаҳак, кокутӣ, пудинаи кӯҳӣ, юғани ғизоӣ, анвои гуногуни лола, дар маҷмуъ 150 намуд растаниҳо мерӯянд.

Ба гуфти муовини директори Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддин Наҷмиддинов, дар Парки зикршуда ҷангалзори дарахтони паҳнбарг дар баландиҳои 1800 — 2600 метр аз сатҳи баҳр доман паҳн кардааст. Солҳои охир дар ин ҷо бунёду барқароркунии ҷангалзор хуб ба роҳ монда шудааст. Аз рӯи мушоҳидаҳо, дарахтони муқимии Осиёи Марказӣ, аз қабили арчаи зарафшонӣ ва арчаи нимкурашакл, хеле фаровон рӯидаанд. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи олами набототи парк аз он иборат аст, ки дар қисми зиёди ҷангалзори он дарахтони паҳнбарг дар ҳамзистӣ бо дарахтони ҳамешасабз (арча) вомехӯранд.

Парки мазкур миёни сайёҳони дохилию хориҷӣ бо изи пойҳои динозаврҳо машҳур аст. Аъзои «Маҳфили экожурналис­тон» бо мақсади дидани ин осори таърихӣ 13 километрро пиёда тай намуда, бо таассуроти ғанӣ баргаштанд. Шумораи умумии изи пойҳои динозаврҳо тақрибан 400 ададро дар бар мегирад. Олимон муътақиданд, ки 160 — 140 миллион сол пеш дар қаламрави маҷрои дарёи Ширкент динозаврҳо зиндагӣ мекарданд. Як намуди динозаврҳои ин ҷоро аз рӯи хусусияти фарқкунандаи изҳояшон «Ширкентазавр» ном ниҳодаанд. Аз ангушти якуму панҷуми динозаврҳо осор намонда, танҳо изи се ангушти миёнаи онҳо дар сангҳо нақш бастааст.

Дарозии ангуштҳои миёна 26 ва бари он 9 сантиметр мебошад. Чуқурии изҳо 3 — 5 сантиметрро ташкил медиҳад. Дарозии қадами «Ширкентазавр»- ҳо аз 48 сантиметр то 1 метру 69 сантиметр аст. Чунин изҳо наздики 200 адад ҳастанд.

Намуди дигар «Харкушозавр» ном дорад, ки дарозии қадамҳояш аз 69 сантиметр то 1 метру 80 сантиметр мебошад. Ҷойи дарёфти ин изҳо 4 километр шарқтари деҳаи Қирғизқиш­лоқ буда, шумораашон ба 50 адад мерасад.

«Мирзозавр»-ҳо динозаврҳои дупо буда, ба изи динозаврҳои иёлати Ютаи ИМА шабоҳат доранд. Дарозии қадами «Мирзозавр»-ҳо 68 сантиметр ва дарозии қадамҳояшон то 1 метру 80 сантиметр мебошад. Теъдоди изи ин намуд низ 50 ададро ташкил медиҳад.

Изи пойи «Регарозавр»- ҳо нисбатан хурд буда, дарозии қадамҳояшон 26 ва паҳнии он ба 16 сантиметр мебошад. Ин намуд из дар қисмати чапи маҷрои дарёи Ширкент воқеъ буда, теъдодашон ба 45 адад мерасад.

Маъруф Шарифов иброз намуд, ки то давраи бемории сирояти Covid-19 барои шиносоӣ бо хатсайри сайёҳии экологии «Аз пайи изи динозаврҳо» сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои Шветсия, ИМА, Федератсияи Россия, Британияи Кабир ва Олмон меомаданд. Ҳоло бештар сайёҳони дохилӣ ба ин ҷо меоянд.

- Дар парк 7 мутахассис ва муҳофиз фаъолият намуда, дар як вақт рисолати роҳбаладиро низ иҷро менамоянд. Ҳар семоҳа тамоми ҳайвоноту набототи мавзеъ ба қайд гирифта мешавад,- иттилоъ дод Маъруф Шарифов.

Роҳбарияти Парки табиии таърихии «Ширкент» бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии ҳар чӣ бештари манзараҳои табиати назаррабо, ёдгориҳои табиии таърихӣ ва олами бойи набототу ҳайвоноти он ҷо мақсад доранд, ки корҳои тарғиботию кабудизоркуниро вусъат бахшанд. Оянда дар ин ҷо меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурии сайёҳию истироҳатӣ бунёд мешавад.

Хуб мешуд, ки дар бораи ёдгориҳои парки мазкур бештар ба забонҳои англисию арабӣ, хитойӣ ва олмонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоот нашр намуда, роҳнамоиҳои сайёҳӣ таҳия шаванд, зеро чунин ёдгориҳои табиӣ на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон нодиранд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»