Бонги изтироб!

Дарёи Варзоб партовгоҳ нест

№23 (4443) 19.02.2022

Ё рӯдхонаҳо бо шиорбозӣ тоза намешаванд

0-02-05-48a74bf0b3dab875cd991f1e26ebb6dc6f0d2c6b6637d02a40361eec4816f2bb_c3d3ac95720d747aДарёи Варзоб аз дараи хушманзараи Варзоб ҷорӣ шуда, ба он дарёчаҳои Деҳмалик, Лучоб ва Харангон ҳамроҳ мешаванд ва дар поёнтар номи Душанберо мегирад. Оби ширину тозаи дарёро сокинони шаҳри Душанбе, қисми зиёди ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ҳисор ҳамчун оби нӯшокӣ истифода менамоянд.

Тоза нигоҳ доштани соҳили шохобҳои болооби он бояд дар маркази диққати Шуъбаи ҳифзи муҳити зист, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, раисони шаҳраку деҳот ва муовинони раиси ноҳияи Варзоб қарор дошта бошад.

Мутаассифона, зимни сафари корӣ ба ноҳияи Варзоб мушоҳида намудем, ки аз сабаби набудани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ сокинони баъзе аз қисматҳои шаҳраки Такоб, деҳоти «Деҳмалик», «Чорбоғ» ва ба номи С. Айнӣ партовҳои гуногунро дар соҳили дарёю ҷӯйборҳои калони байни кӯчаҳо мепартоянд. Пас аз он ки нуқтаҳои партовҷамъшударо акс бардоштем, масъулини шаҳраку деҳоти зикршуда ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия аз додани иттилоъ худдорӣ намуда, гуфтанд, ки рӯзҳои истироҳатӣ бо ҳашари умумӣ мавзеъҳоро аз партов тоза мекунанд.

Вале савол пайдо мегардад, ки ­масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва деҳоти он чаро нуқтаҳои махсуси партовҷамъкунӣ ташкил наменамоянд, то шаҳрвандон партовҳоро на ба ҷӯйбору лаби дарё, балки ба он нуқтаҳо партоянду оби тозаи ошомидании дарё аз ифлосшавӣ эмин монад? Бовар дорам, агар ин кор анҷом дода шавад, маърифати экологии шаҳрвандон низ боло меравад.

Вобаста ба мушкилоти мавҷуда хос­тем, ки бо муовини якуми раиси ноҳияи Варзоб Баҳриддин Нозимзода суҳбат намоем, вале ӯ гуфт, ки «ман гап намезанам, раиси ноҳия кадом муовинеро вобаста кунад, ҳамон суҳбат мекунад».

Тибқи иттилои директори ҶСК «Шаҳрофар» Тоҷиддин Шамсиддинов, нақшаи генералии маркази ноҳияи Варзоб соли 2014 аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар» дар масоҳати 175 гектар замин бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолӣ то 4 ҳазор нафар таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2016 тасдиқ шудааст. Он фақат онро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, дар он муассисаи ободонӣ ба ҷамъоварии саривақтии партов ва бесироят кардани он машғул аст. Вале дар деҳоти ноҳия фаъолияти муассисаи ободонӣ назаррас набуда, аз ин ҳисоб партовҳои бесоҳиб бисёр гардидаанд.

Бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист, кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо ва мукаммал намудани механизми баҳисобгирии онҳо 2 ноябри соли 2012 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 626 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб» ба тасвиб расида, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат вазифадор гардиданд, ки онро сари вақт амалӣ намоянд.

Иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Неъматзода иброз дошт, ки оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб», ки барои иҷрои он масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста шудаанд, соли 2021 аз тарафи мутахассисони кумита дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ санҷиш гузаронида шуд. Он нишон дод, ки дар қисми зиёди шаҳру ноҳияҳо бо сабаби гузаштани зиёда аз даҳ сол нисбат ба қарори Ҳукумати мамлакат беэътиборӣ сурат гирифта, ҷузвдонҳои комиссияҳои ноҳиявӣ вуҷуд надоранд. Бо ҳамин сабаб партовҳои бесоҳиб дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бисёр ба назар мерасанд, ки ин амал ба ҳифзи муҳити зист таъсири бад мерасонад ва онҳо дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ назорат карда намешаванд.

Баҳри бартараф кардани мушкилоти партовҳои бесоҳиб 19 январи соли 2021 оид ба гузаронидани аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» қарори раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ шудааст, ки дар асоси он шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои мамлакат вазифадоранд, ки бо ҷалби сокинон дар як моҳ ду маротиба ­аксияи тозагӣ гузаронанд. Тибқи ҳисоботи оморӣ, соли 2021 дар ноҳияи Варзоб 16 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» ва 18 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуда бошад ҳам, мушкилоти партовҳои бесоҳиб дар канори дарёю маҳаллаҳо ҳалношуда боқӣ мондааст.

Иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукуров доир ба партовҳои бесоҳиб ва ифлос намудани дарёи Варзоб ба хабарнигорон гуфт, ки «дарёи Варзоб, дар ҳақиқат, яке аз дарёҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро, тибқи маълумоти Корхонаи обу корези шаҳри Душанбе, зиёда аз 45 фисади аҳолии шаҳри Душанбе аз он бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд. Аз ин рӯ, шаҳрвандоне, ки дар соҳили дарёи Варзоб, хусусан дар деҳоти ноҳия зиндагӣ мекунанд, муваззаф ҳастанд, ки дарёро тозаю озода нигоҳ дошта, аз кори онҳое, ки партовҳоро дар лаби дарё мепартоянд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияро огоҳ кунанд. Зеро дар ноҳияи Варзоб аз ҳисоби кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ду нафар фаъолият мекунанд. Релефи маҳал имкон намедиҳад, ки онҳо ин ноҳияи кӯҳсорро пурра назорат баранд. Соли 2021 аз тарафи мутахассисон дар ноҳияи Варзоб бинобар вайрон намудани талаботи экологӣ, бахусус нодуруст ҷойгир кардани партовҳо ва ифлос намудани об дар шаҳраку деҳоти ноҳия нисбат ба 102 нафар сокин санадҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шудааст».

0-02-05-61c568dd8b76122f971a58f9f9671c7e79eb54078b4e5fc30901ebdbbd68e9c4_c7709e5cc3ccffa5Маълум гардид, ки айни замон дар деҳоти «Чорбоғ» се нуқтаи партовҷамъкунӣ мавҷуд аст, ки барои хизматрасонӣ ба зиёда аз 34 ҳазор аҳолии он қонеъкунанда нест.

Ҳамчунин, аксар деҳаҳои ноҳия дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷойгир буда, мутаассифона, нуқтаҳои партовҷамъкунӣ надоранд. Сокинони деҳот, албатта, партовҳои ғизоии ҳосилшударо ба чорво медиҳанд, вале партовҳои полиэтилению сахти маиширо дар соҳили дарё ва ҷойҳои дигар мепартоянд. Мақомоти маҳаллӣ вазифадоранд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва қарорҳои Ҳукумат дар маҳали аҳолинишин нуқтаҳои партовҷамъкунӣ бунёд намуда, механизми безараргардонию интиқоли онро ба партовхонаи ноҳия ё дигар партовхонаҳо ба роҳ монанд.

Ҳарчанд аз эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» беш аз се сол сипарӣ мегардад, вале маълум мешавад, ки масъулини ноҳияи Варзоб баҳри татбиқи ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу ободонӣ коре анҷом надодаанд. Зимнан, ­масъулинро зарур аст, ки дар навбати аввал барои тозаю озода нигоҳ доштани шохобҳои дарёи Варзоб ва соҳилҳои он чораҷӯӣ намуда, нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ташкил диҳанд. Ва ба ин восита ҳифзи муҳити зист, вазъи санитарию безараргардонии дарёи Душанберо, ки сокинони пойтахти мамлакат ва дигар мавзеъҳои поёноб аз он истифода мебаранд, таъмин намоянд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»,

Субҳониддин МАҲМУДОВ,

рӯзноманигор