Ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастовардҳо аз баракати истиқлоланд

№114 (3415) 26.08.2015

Копия P1010122мусоҳиба бо раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд Неъматулло Раҳматуллозода

- Муҳтарам Неъматулло Раҳматуллозода, чун мо дар арафаи ҷашни 150-солагии шоири шинохта Нақибхон Туғрал қарор дорем, хуб мешавад, ки суҳбатамонро низ аз ҳамин мавзӯъ шурӯъ намоем. Мегуфтед, ки барои сазовор ҷашн гирифтани 150-солагии Туғрал чӣ корҳоро анҷом додед?

- Бояд гуфт, ки ташаббускори ҷашн гирифтани 150-солагии шоири шаҳири тоҷик Нақибхон Туғрал Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Аз рӯзҳои эълон гардидани ҷашн Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ  дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия конференсияҳои илмӣ баргузор намуда, туғралхониро ба роҳ монд. Аз моҳи сентябри соли равон, яъне бо оғози соли нави таҳсил ин иқдом идома меёбад. Кӯшиш дорем, ки китобҳо доир ба ҳаёт, осор ва эҷодиёти Нақибхон Туғрал нашршударо барои муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас намоем.

Бояд гуфт, ки ба ифтихори ин ҷашн оромгоҳи Туғрал дар зодгоҳаш деҳаи Зоосун  азнавсозӣ шуда, ҳайкал ва  хона-музейи шоир бо тарҳи нав таъмир ва роҳу гулгаштҳо чароғон мешаванд. Фикр мекунам, ки пас аз анҷоми корҳои азнавсозӣ он ҷо  на танҳо зиёратгоҳ, балки ба тамошогоҳ ва истироҳатгоҳи мардум мубаддал мегардад. Нақша дорем, ки дар он ҷо чойхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд намоем. Ин масъала бо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ  мувофиқа шудааст. Инчунин аз маркази ноҳия то деҳаи Зоосун роҳ таъмиру тармим мешавад. Ҳамаи ин корҳо то ҷашни асосӣ, ки моҳи октябр ба нақша гирифта шудааст, ба анҷом мерасанд.

- Айни замон дар сар то сари ҷумҳурӣ корҳои ободонӣ дар ҷӯшу хурӯшанд. Мегуфтед, ки ин раванд дар ноҳияи Айнӣ чӣ гуна ҷараён дорад?

- Дар ноҳияи Айнӣ низ бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат корҳои ободониву бунёдкорӣ хуб ҷараён доранд. Соли гузашта бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд беморхонаи марказии ноҳияро бо маблағи 1250 ҳазор сомонӣ пурра таъмир намуда, шуъбаи эҳё ва ҷарроҳии онро бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидем. Инчунин барои ба итмом расонидани сохтмону таъмири шуъбаи бемориҳои сироятӣ маблағҳо равона кардем. Кӯшиш мекунем, ки то охири сол сохтмони онро ба итмом расонем. Он бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда мешавад. Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияро бо хобгоҳ таъмин намудем.

Мо бояд имсол сохтмони қасри фарҳанги ноҳияро ба итмом расонем, ки як туҳфаи хуб аз ҷониби Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст. Сохтмони қасри фарҳанг ва иншооти ба ифтихори 150-солагии Туғрал сохташаванда бо супоришу ҳидоятҳои  Президенти кишвар сурат мегирад.

То охири сол роҳи Айнӣ-Панҷакент ба итмом мерасад. Ҳоло сохтмони пулу дигар корҳо рафта истодааст. Баъди сохтмони роҳ якчанд деҳаи ноҳия ба худ ҳусни нав мегиранд. Деҳаҳои Хушекат, Дар-Дар, Вешканд, Вота, Ёвон, ки роҳ аз дохилашон мегузарад, пурра чароғон мешаванд. Роҳравҳо бунёд мегарданд. Мо ҳаракат мекунем, ки то моҳи октябр кӯчаҳои маркази ноҳияро низ пурра таъмиру тармим ва бо тарзи нав чароғон созем.

Як соҳибкор соли гузашта оид ба сохтмони маркази саломатии шакли нав лоиҳа пешниҳод карда буд. Он дуошёна буда, замонавӣ бунёд мегардад ва то моҳи октябр ба истифода дода мешавад.

Инчунин сохтмони зеристгоҳи «Урметан-110»-ро бо иқтидори 10 килловолт дар нақша дорем. Чунки дар фасли зимистон танқисии барқ дар деҳоти «Урметан» ва як қисми деҳоти «Дар-Дар» мушоҳида мешавад. Онҳо аз зеристгоҳи «Шӯрча»-и шаҳри Панҷакент барқ мегиранд ва дар фасли зимистон сарбории ноқилҳо зиёд мешавад.

Дар деҳаи Саратоқ бунгоҳи тиббӣ ва дар деҳаи Пишанза маркази саломатӣ кушодем, ки ҳар ду ҳам бо таҷҳизоти замонавӣ таъминанд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳия сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои муассисаҳои таълимӣ низ идома доранд. Соли 2013 бинои муассисаи таълимии деҳаи Ёвонро супорида будем. Имсол бошад, ба  сохтмони бинои дигари муассисаи таълимӣ барои 160 нафар дар деҳаи Пасрӯд оғоз бахшида шуд. То охири сол сохтмони бинои муассисаи таълимии навро дар деҳаи Курӯд оғоз мекунем. Лоиҳаи он омода буда,  корҳои тендерӣ рафта истодааст. Сохтмони муассисаҳои таълимии нав боз дар деҳаҳои Мадм, Зеробод барои солҳои 2015-2016 ба нақша гирифта шудааст.

Роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳро, ки садамавӣ буд, таъмир намуда, як қисматашро пурра аз нав бунёд кардем.  Дар деҳаҳои Марғзор ва Махшевад бо ибтикори соҳибкорон ва худи аҳолӣ роҳи нав бунёд намудем.

- Ноҳияи Айнӣ дорои захираҳои бойи канданиҳои фоиданок мебошад. Мегуфтед, ки айни ҳол истифодаи захираҳо дар кадом сатҳ қарор дорад, оё соҳибкорон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд?

- Дуруст зикр намудед, ноҳияи Айнӣ аз ҷиҳати захираи канданиҳои фоиданок бой аст. Айни ҳол ширкати хитойии ТВЕА дар мавзеи Боғи Мурод ва Кумарғи боло корҳои иктишофӣ бурда истодааст. То он ҷо роҳ сохта шуд ва корҳои геологӣ дар арафаи анҷомёбист. Инчунин пешниҳоди ширкат оид ба сохтмони корхонаи коркарди тилло низ мавҷуд ҳаст. Бояд гуфт, ки захираи бойи тилло дар мавзеъҳои Чоре, Пойи Мазор, Пиндар ва Чӯлбоӣ ба чашм мерасад. Ин захираҳо ба Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни байналмилалӣ дохил шудааст, зеро масъалаи мазкур ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад ва метавонад бештар таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷиро ҷалб намоянд.

Дар ноҳия захираи бойи ангишт вуҷуд дорад. Истихроҷи ангишт сол то сол зиёд шуда истодааст. Давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ 317 ҳазору 150 тонна ангишт истихроҷ гардидааст.

Оид ба қисмати дувуми савол бошад, ҳаминро гуфтаниам, ки таваҷҷуҳи соҳибкорон зиёд шуда истодааст. Бояд гӯем, ки як соҳибкор аз шаҳри Душанбе лоиҳаи хуберо барои сохтмони осоишгоҳ дар мавзеи Искандаркӯл пешниҳод кард. Корҳо аллакай рафта истодааст ва  осоишгоҳ бояд ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ бошад. Мо боварӣ дорем, ки соли 2016 шоҳиди ба истифодадиҳии он мегардем. Бо ташаббуси табиби мардумӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ дар деҳаи Путхин осоишгоҳ кушода шуд, ки аз дигар ноҳияҳо низ ин ҷо барои табобат меоянд.

Соҳибкорон пешниҳод доранд, ки дар ноҳия коркарди меваро ба роҳ монанд, зеро зардолуи ин ҷо сифати хуб  ва талабгори зиёд дорад. Дар деҳаи Анзоб соҳибкорон коркарди сангро ба роҳ мондаанд, ки аллакай харидорони худро пайдо кардааст.

Бояд гуфт, ки ҷалби сармоя ба бахши сайёҳӣ аз ҳама фоидаовар мебошад. Сайёҳӣ яке аз сарчашмаҳои иловагии даромади буҷет аст. Мо бояд инро хуб ба роҳ монем ва инфрасохторҳои онро ташкил намоем. Минтақаҳои хуби туристӣ дорем, аз қабили кӯҳҳои Фон, дараи Яғноб, Искандаркӯл, кӯлҳои Алобиддин ва ғайра. Дар ноҳия солҳои 2012-2013 мусобиқаи байналмилалии кӯҳнавардӣ баргузор шуд. Таваҷҷуҳи кӯҳнавардони хориҷӣ дар ин масъала хеле зиёд аст ва сол ба сол шумораашон афзуда истодааст.

- Дар ҳудуди ноҳия се корхонаи бузург- ҶДММ КМ ТА «Анзоб», Корхонаи фаръии шахтаи «Фон-Яғноб» ва ҶДММ «ТАЛКО-Ресурс» фаъолият доранд. Саҳми ин корхонаҳо дар таъмини буҷет чӣ гуна аст?

- Аслан буҷети ноҳия аз ҳисоби ҳамин корхонаҳо таъмин мегардад. Бояд гуфт, ки 70-75 фоизи буҷети ноҳия аз ҶДММ КМ ТА «Анзоб», Корхонаи фаръии шахтаи «Фон-Яғноб» ва ҶДММ «Талко-Ресурс» сарчашма мегирад.

- Минтақаи Зарафшон, махсусан ноҳияи Айнӣ барои сохтмони силсиланеругоҳҳои барқи обӣ хеле мувофиқ мебошад. Аз ин рӯ, якчанд лоиҳаи сохтмони НБО-ҳо ва як неругоҳи ҳароратӣ мавҷуд аст. Дар ҳолати сохтани ин неругоҳҳо ноҳия ба як минтақаи саноатӣ табдил меёбад…

- Бале, дуруст аст. Барои бунёди неругоҳи ҳароратӣ таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ, махсусан мутахассисони хитойӣ зиёд аст. Ин неругоҳ бо иқтидори 700 мВТ ба нақша гирифта шудааст. Чунки захираи ангишт зиёд буда, кашонданаш низ осон аст. Барои силсиланеругоҳҳои обӣ низ лоиҳаҳо вуҷуд доранд. Ширкатҳои эронӣ ва хитойӣ ба ин кор таваҷҷуҳ  доранд, айни ҳол масъалаи ҷалби сармоя ҳал шуда истодааст. Фикр мекунам, ки агар сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар водии Зарафшон вусъат ёбад, барои ояндаи Осиёи Миёна аз манфиат холӣ нест ва барқи истеҳсолшаванда, ки аз нигоҳи экологӣ тоза ва арзон мебошад, бозори худашро меёбад.

- Чанд сол пештар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарашон ба минтақаи Зарафшон аз тарзи истифодаи заминҳои обӣ дар ноҳия изҳори нигаронӣ намуда буданд, зеро дар онҳо аксаран хӯроки чорво кишт шуда буд. Айни ҳол заминҳои кишоварзӣ чӣ гуна  истифода мешаванд?

- Замони шӯравӣ аксари мардуми ноҳия ба парвариши тамоку машғул буданд. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин зироат аз байн рафт. Ҳарчанд соҳибкорон мегӯянд, ки харидорӣ мекунем, аммо маблағи кам пешниҳод мекунанд, ки аз лиҳози иқтисодӣ барои деҳқон самаранок  нест. Аз ин рӯ, айни ҳол мардуми ноҳия ба картошкапарварӣ машғуланд. Хушбахтона, мо истеҳсоли картошкаро зиёд кардем ва соли гузашта ба зиёда аз 15 ҳазор тонна расонидем. Аз танқисии об аст, ки мо аз ғалладонагиҳо ҳосили хуб намегирем. Барои ҳамин ҳам Ҷаноби Олӣ изҳори нигаронӣ карданд. Айни ҳол дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ кӯшиш карда истодаем, ки парвариши зироатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ самаранокро ба роҳ монем.

Ноҳияи мо аз нигоҳи боғдорӣ, хусусан зардолу, мавқеи намоёнро ишғол мекунад ва мо низ ният дорем, ки майдони ин гуна боғҳо боз ҳам зиёд шавад.

- Дар пайи гармшавии аз меъёр зиёди ҳаво чанде пеш якчанд минтақаи кишвар, аз ҷумла ноҳияи Айнӣ, аз офати табиӣ, яъне сел, зарари ҷиддӣ диданд. Барои бартарафкунии оқибати ин офат чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Дар натиҷаи боронҳои пай дар пай пойгоҳи обкашии деҳаҳои Шамтуч тӯли 40-45 рӯз таги об монд ва имкони онро ба ҷойи дигар кӯчондан набуд. Аз ин рӯ, мо тавассути дигар сарчашмаҳо мардумро бо об таъмин намудем. Пойгоҳи обкашии Сангистон низ дар натиҷаи баланд шудани сатҳи об ва шусташавии соҳил аз фаъолият монд. Вобаста ба ин ҳайати комиссияи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия омад. Пешниҳод шуд, ки ин пойгоҳи обкашӣ ба дигар ҷо кӯчонда шавад. Ҳоло мо якҷо дар ин самт кор бурда истодаем. Бовар дорам, ки то мавсими нави обёрӣ ин мушкилот ҳал мешавад. Инчунин дар километри 25-26-уми роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ сатҳи об боло рафта, як қисми роҳро пӯшонд. Мо кӯшиш намудем, ки роҳро дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ дорем ва ҳаракати нақлиёт қатъ нагардад. Дар деҳаҳои Мадм, Вашан ва Хушекат заминҳо зери сел монда, як қисми зироатҳо нобуд шуд, ки дар ин хусус мо ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем.

Дар мавзеи Шодани деҳаи Дижик сели зиёд омад. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест. Зарари ба хонаҳои аҳолӣ расидаро, мо якҷо бо мардуми деҳаҳо ва ҷамоатҳои деҳот дар доираи имконот бартараф карда истодаем.

Ҷоиз ба зикр аст, ки хоҷагии халқи ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 пурра омодааст. Тамоми муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ бо ангишти хушсифат таъминанд. Аз ҷониби Раёсати кишоварзӣ омодагӣ ба зимистон барои чорво низ хуб ба роҳ монда шудааст.

Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»