Диловарии фиристодагони Файзобод

№62-63 (4324-4325) 08.05.2021

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Файзобод 16 ҳазор ҷавонмард ба ҷанг даъват шуда, қисми зиёдашон баъди ғалаба баргаштанд. Аз даъватшудагон 618 нафар дар набардҳои зидди душман ҳалок гардида, 500 кас беному нишон шуданд. 115 нафар ордени «Шараф», 25 нафар ордени «Ситораи сурх», 17 нафар ордени «Ҷанги Ватанӣ», садҳо нафари дигар медалу ифтихорномаҳои ҷангӣ гирифтанд.

Албатта, доғу дарди онҳое, ки дур аз Ватан, хешу ақрабо дар майдони ҷанг дар орзуи як коса оби чашмаҳои зодгоҳ ҷон додаанд, дилҳоро реш мегардонад. Устод Бозор Собир дар ҳамин маврид гуфтааст:

Аз Ватан дур гарчӣ бисёр аст,

Зиндаю мурдаи ба ному нишон,

Лек осон набуду осон нест,

Аз Ватан дур мурдани мардон.

Ҷавонмардони шуҷои файзободӣ солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мактубҳои сегӯша аз корнамоиҳояшон ба падару модар мужда расонида, бо ҳиссиёти баланди ватанпарастӣ ҷавонмардони диёрро ба ҷанги зидди адӯ даъват менамуданд. Номаҳои ҷанговаронро рӯзномаи ҳамонвақтаи ноҳия — «Меҳнати сотсиалистӣ» чоп мекард. Яке аз он номаҳо аз аскари қаторӣ Аминҷон Маҳмудов аз суроғаи «Почтаи саҳроии №22, 195-р» ба Кумитаи ҳизбии ноҳияи Файзобод расидааст. Аз он чунин сатрҳоро мехонем: «Саломи оташини фронтӣ ба шумо, рафиқ котиби райком (Кумитаи ҳизбии ноҳия) ва ба тамоми меҳнаткашони ноҳия. Ман узви колхози ба номи Ленини Шӯрои деҳоти «Хоҷамард»-и ноҳияи Файзобод буда, ҳоло дар сафҳои Армияи Сурх бошараф хизмат карда истодаам. Ман наказҳои шумоёнро дар хотир дорам ва дар баланд бардоштани дониши сиёсӣ ва ҷангӣ баҳои аъло гирифтам ва садоқат нишон дода истодаам. Армияи Сурхи диловари мо барои озод кардани ҳар як шаҳру деҳоти шӯравӣ, ки душман муваққатан ишғол кардааст, мардонавор ҷангида, фашистони истилогарро зада қир карда истодаем. Мо ҳар рӯз ва ҳар соат ба тарафи Ғарб пеш меравем. Намегузорем, ки фашистони гитлерӣ нафас кашанд».

Табиист, ки ин гуна номаҳо дар байни сокинони Файзобод ­ҳамовозӣ пайдо карда, рӯҳияи меҳнаткашонро барои ғалабаи комил бар фашизми гитлерӣ баланд мебардоштанд.

Мактуби ватандӯстонаи кумитаи ҳизбӣ ва комиҷроияи Шӯрои вакилони меҳнаткашони ноҳия Файзобод ба номи раиси Кумитаи давлатии мудофиа И. В. Сталин далели гуфтаҳои болост: «Коргарон, колхозчиён ва ҳамаи меҳнаткашони ноҳияи Файзободи РСС Тоҷикис­тон аз ғалабаҳои дурахшони Армияи Сурхи қаҳрамон рӯҳбаланд шуда, ёрии худро ба Армияи Сурх ва мамлакат боз ҳам пурқувват карданд. Онон дар байни чор рӯз аз маблағҳои пасандозашон 410 ҳазор сӯм пули нақд ва 540 ҳазор сӯмина облигатсияҳои заёми давлатиро ҷамъ карда, барои сохтмони эскадрияи ҳавопаймоҳои ҷангӣ супурданд.

Бигузор гузориши хоксоронаи меҳнаткашони ноҳияамон ба пора-пора кардани машинаи шумқадами гитлерӣ ба Армияи Сурхи диловарамон мадад расонад ва соати ғалабаи худро ба душман наздик намояд».

Дар ҷавоби ин навиштаҳо аз Кумитаи давлатии мудофиаи ИҶШС бо имзои И. В. Сталин номаи ҷавобӣ мерасад: «Ба меҳнаткашони ноҳияи Файзобод, ки ба сохтмони эскадрияи самолётҳои ҷангӣ 410 ҳазор пули нақд ва 540 ҳазор сӯмина облигатсияҳои заёми давлатиро ҷамъ кардаанд, саломи бародаронаи ман ва миннатдории Армияи Сурхро расонед».

Саломи оташини Сарфармондеҳи Олӣ мардуми Файзободро рӯҳбаланд кард. Аҳолии ноҳия ба таври илова ба маблағи 1 миллиону 935 ҳазору 764 сӯм заём харидорӣ намуданд.

Солҳое, ки фарзандони Файзобод дар ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон медоданд, дар ақибгоҳ падару модарон, додару хоҳарони онҳо шабу рӯз заҳмат мекашиданд. Дар колхозҳои ҳамонвақта ҷойи мардони даравгару ҷуфтрон, чигинакашу хирманкӯбро занон ишғол карда, дар ҳолати  зарурӣ наврасонро ба вазифаҳои масъул таъин менамуданд.

Соли 1942-юм 64 фоизи қувваи кории кишварро занон ташкил медоданд. Дар солҳои ҷанг мардуми Файзобод, чун тамоми сокинони Тоҷикистон, дар саҳро асосан бо юғу испор ва белу каланд кор мекарданд. Нақлиёт, техникаву воситаҳои техникӣ кам буд. Бо вуҷуди ин мушкилот, солҳои 1942-1945 ноҳия нақшаи ба давлат супоридани ғалла, гӯшт, шир, пашм,  меваю сабзавот ва пилларо якуним — ду баробар иҷро намуд.

Ватан ба меҳнати диловарони ақибгоҳ арзанда баҳо дод. Ҳамон солҳо аз 102 ҳазор меҳнаткаши бо медали «Барои меҳнати шоён» ноилгардидаи Тоҷикистон 600 нафар сокини Файзобод буданд. Даҳҳо нафар аз мардуми ин диёр барои хизмат дар ақибгоҳ бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» мукофотонида шуданд.

Диловарию шуҷоати ҷавонмардони Тоҷикистон, аз ҷумла, Файзобод дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз саҳифаҳои дурахшони таърихи кишвар сутурда намешавад.

Ҷӯрабек МУЪМИН