Довталабон дар интихоб дақиқкоранд

№86-87 (3387-3388) 25.06.2015

testing largeМутобиқи маълумоти сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли ҷорӣ 58495 нафар довталабон Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро интихоб намудаанд, ки дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ин нишондод дувум ба ҳисоб меравад.

Дар маҷмӯъ, нақшаи қабули соли таҳсили 2015-2016 –и донишгоҳ 3424 нафар буда, аз он 240 нафарашонро дорандагони  квотаи президентӣ  ташкил медиҳанд. Айни замон донишгоҳ аз рӯи 73 ихтисос мутахассис омода менамояд.

Абдувосит САЛИМЗОДА,  «Садои мардум»