Душанбе. Нишондиҳандаҳо аз фаъолияти пурмаҳсул дарак медиҳанд

№97 - 102 (3577-3582) 01.08.2016

DSC_0636Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки 27 июли соли равон баргузор шуд, муовини якум, муовинони раиси шаҳр, раисони навоҳии пойтахт ва дигар масъулин бо журналистон суҳбати ошкоро доштанд.    

Маълум шуд, ки дар  шаш моҳи соли равон нисбат ба нимсолаи аввали соли 2015 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти  саноатӣ 100,3 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ — 107,3, ба кор андохтани фондҳои асосӣ — 1,8 баробар, ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана – 102,3, ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаю тарабхонаҳо — 119,1 ва хизматрасонии пулакӣ дар соҳаҳои хизматрасонӣ — 102,0 фоиз  таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ  беш аз 4,52 млрд. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 106,2 фоизро ташкил додааст. Аз он изҳори қаноатмандӣ шуд, ки нақшаи умумии даромадҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум  65,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷет дар шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 104,7 фоиз иҷро шуда, ба ҷойи 596,3 млн. сомонии нақша ба буҷет 635,0  млн. сомонӣ ворид гардидааст.

Соҳибкорӣ дар пойтахт хуб дастгирӣ меёбад. Шумораи соҳибкорони инфиродӣ дар ин давра 30837 нафарро ташкил намудааст,  ки  дар муқоиса ба соли 2015 -ум 1362 нафар зиёд аст. Бо ҷалби маблағгузориҳои давлатӣ ва соҳибкорон дар шаҳри Душанбе 46 иншоот ба маблағи беш аз 1,1 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дорои беморхона барои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар бо ташкили 3435 ҷойи кор ва маркази соҳибкорӣ, меҳмонхона, маҷмааи варзишию солимгардонӣ ва тиҷоратӣ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо  бо ташкили 750 ҷойи кор аз ҷумлаи иншооти мавриди истифода қароргирифта мебошанд.

Далер Мерганов, «Садои мардум». Суратгир А. Исоев