Ҳадаф: дарёфти беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ

№44 (3190) 01.05.2014

Дар толори Маҷмааи «Душанбе  Плаза»  озмуни ҷумҳуриявии  меъмории  «Услуби миллӣ  дар санъати  меъмории  муосири Тоҷикистон»  баргузор гардид.  Озмуни мазкур аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки  мақсад аз баргузории он дарёфти  беҳтарин лоиҳаи бинову  иншоот бо истифода аз  унсурҳои  миллӣ  мебошад. Дар озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим, раиси  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдувалӣ Комилзода,  раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон Баҳром Юсупов ва намояндагон аз ташкилотҳои дигар  ширкат доштанд.  Дар ин ҷо зиёда аз 150  лоиҳа аз ҷониби 41 ширкату пажӯҳишгоҳ,  ташкилотҳои  лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ ба  маърази тамошо гузошта шуда  буд.

Натиҷаи озмун  дар се  бахш -  биноҳои маъмурӣ,  ҷамъиятӣ  ва истиқоматӣ  ҷамъбаст  гардид. Ғолибон — Ширкати лоиҳакашии «Тоҷик — лоиҳа»   барои  лоиҳаи  «Азнавсозии  бинои «Барқи Тоҷик», Ширкати лоиҳакашии  ҶМ «Партнёрс»  барои  лоиҳаи «Бинои маъмурии «Ориён — сентр», Пажӯҳишгоҳи  илмӣ – тадқиқотӣ ва лоиҳакашии (ПИТЛ) «САНИИОСП»  барои  лоиҳаҳои  «Бинои «Амонатбонк»,  «Осорхона дар Ҳисор»,  Ширкати лоиҳакашии «Арх-Проект»  барои  лоиҳаи «Маркази ҷамъиятӣ бо чойхона», ПИТЛ «Сохтмон ва меъморӣ» барои лоиҳаи «Бинои Консерваторияи миллӣ»,  Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Шарофат»  барои  лоиҳаи «Бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе», КВД «Лоиҳакаш» — и шаҳри Хуҷанд барои лоиҳаи «Бинои истиқоматӣ  дар шаҳри Хуҷанд», Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ барои  лоиҳаҳои «Бинои баландошёнаи истиқоматӣ» -и донишҷӯ Р. Шарипов ва «Хонаи истиқоматии миллии тоҷикӣ»- и донишҷӯ Х. Аюбҷонов бо  мукофотҳо сарфароз гардонида  шуданд.

Ҳамчунин  дар  озмун зиёда аз 30 лоиҳаи  дигар  соҳиби ифтихорномаву дипломҳои  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  гардид.

Дилором ШЕРАЛИЕВА,  «Садои мардум»