Ҷаласаи кории раиси шаҳри Душанбе

№110 (3256) 23.09.2014

20 сентябри соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили ҳолати санитарию экологӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, пешгирии савдои кӯчагӣ ва таъмини амнияти истеъмолию ғановати бозорҳо бо маҳсулоти ниёзи аввалия, безараргардонии сагҳои дайду ва ҳолати таъмиру нигаҳдории роҳҳо, инчунин омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар робита ба онҳо дар иртибот ба ҳар кадом масъулин дастуру супоришҳои дақиқ дода шуд.

Дар ин зимн аз прокуратура ва комиссияҳои марбутаи депутативу ҷамъиятии шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки назорати дахлдорро дар ҳамаи  самтҳо аз рӯйи фаъолият ва иҷрои вазифаҳои таъинотии роҳбарони субъектҳои хоҷагидории шаҳр пурзӯр намоянд.

Бо дахли масоили татбиқу риояи «Маромномаи сокини пойтахт» ва «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе» аз ҷониби сокинони пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини шаҳр ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дастур дод, ки нисбати рафъи амалҳои номатлуби талбандагӣ дар шаҳр, ки мутаассифона, зиёдаравии ин  раванд вақтҳои охир ба мушоҳида мерасад, чораҳои пешбининамудаи қонунгузориро муассир амалӣ созанд.

Дар ҷаласа инчунин аз ҷониби раиси шаҳр нисбати санаи баргузории тантанаҳои истиқболи ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе таҷдиди назар карда шуд, ки мутобиқ ба он ҷашнвораи мазкур 18-19 октябри соли 2014 доир карда мешавад.

Тибқи ин муқаррарот 18 октябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бо консерти идона ва нимаи дуюми ҳамон рӯз тантанаҳои марбута дар чор боғи фарҳангӣ ва фароғатии шаҳр дар сатҳи ноҳияҳо, 19 октябр дар боғи «Наврӯзгоҳ» карнавали идона  баргузор мегардад, ки дар он дилхоҳ сокини шаҳр имкон дорад фаъолона ширкат варзад.

Бо мақсади омодасозии шаҳр ба ин ҷашн дар ҷаласа қарор дода шуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар ҳудуди пойтахт бо ҷалби васеи  сокинону субъектҳои хоҷагидорӣ ҳашари умумишаҳрӣ доир карда шавад.

Ш.Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе