Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Душанбе

№16 (3317) 05.02.2015

2 феврали соли 2015 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, бо дарназардошти «Соли соҳибкории истеҳсолӣ ва иқдомоти креативӣ» эълон гардидани соли 2015 дар шаҳр, қабл аз ҳама масъалаи дар асоси таъмини рақобат ва бо роҳи пешниҳоди моли хушсифат ба даст овардани боварии истеъмолкунандагони шаҳр, густариши истеҳсоли сару либоси мактабӣ барои эҳтиёҷоти мактабиён ва либосҳои шинами корӣ барои кормандони дигар  соҳаҳои хоҷагидории шаҳрро баррасӣ намуд.

Бо ин мақсад дастур дод, ки ҷиҳати баамалбарории ин тасмимот ва бо пешниҳоди маоши муносиб бо мутахассисон таъмин кардани ҷойҳои кории мавҷударо роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ дар ҳамкорӣ бо раисони ноҳияҳо ва Хадамоти шуғли аҳолӣ ҳал намоянд.  Барои омӯзиши масъалаи мазкур гурӯҳи корӣ таъсис ёфт, то ки дар иртибот ба ин масъала ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ пажӯҳиши дахлдорро анҷом диҳад.

Инчунин дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҳолати зимистонгузаронӣ, фаъолияти шабонарӯзии ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ, дар  робита ба ин сарфаву сариштакорона истифодабарии неруи барқ ва пардохти ҳаққи барқи истифодашуда дар шаҳр, нигаҳдошти хиёбон, кӯчаю роҳҳои нақлиётию маҳаллагузар ва пиёдароҳҳо аз тарафи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо ва дар ин ҷода ҷалби зарфиятҳои соҳибкорон ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ мутобиқ ба идомаи анъаноти мавҷуда, беҳбудбахшии вазъи санитарию эпидемиологӣ, бахусус дар муассисаҳои томактабӣ, таълимию тандурустӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, иштироки фаъолона дар маъракаҳои интихоботӣ, вусъати ҷараёни ниҳолшинонию хуррамгардонии марзи маъмурии шаҳр ва  омодагиҳо  ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ   матраҳ гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, тибқи анъана қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд, сурат гирифт.

Ш.Саидов, котиби матбуотии Раиси  шаҳри Душанбе