Ҷаласаи васеи кории раиси шаҳри Душанбе

№20-21 (3321-3322) 14.02.2015

9 феврали соли 2015 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баррасии масъалаҳои мубрами ҳаёти шаҳр аз кулли иштирокдорон, ки масъулияти роҳбарии соҳаҳои алоҳидаи хоҷагидориро ба зимма доранд, даъват ба миён овард, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва бо ҷалби васеи ҷамоатчигӣ таври фарогир роҳандозӣ намудани фаъолияти ташкилотчигӣ,  бе саҳлангорӣ муносибат намуда, ҷиҳати ташкил кардани хизматрасонӣ  ба сокинон тибқи талаботи Оиннома чораҳои муассир андешанд.

Ҷиҳати амалан дар марзи маъмурии шаҳр татбиқ намудани ин муқаррарот  аз прокуратураи шаҳр  даъват ба миён овард, ки бо ҷалби прокуратураҳои ноҳиявӣ шурӯъ аз 10 феврали соли 2015 фаъолияти роҳбарони сохторҳои дахлдори шаҳрию ноҳиявиро дар иҷрои вазифаҳои таъинотӣ  мавриди назорат ва санҷиши доимӣ қарор диҳад.

Ҳамзамон бобати риояи муқаррароти Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе, қабл аз ҳама дар самти беҳдошти муҳити зист, таҳкими талқини фарҳанги шаҳрнишинӣ миёни сокинон дастур дода шуд, ки ҷалби васеи институти волонтёрӣ  таъмин карда шавад.

Гузашта аз ин, бо дарназардошти фарорасии рӯзҳои мусоид барои идомаи маъракаҳои сабзкорию ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои ободонӣ, қабл аз ҳама таъмири ҷории роҳҳои бар асари сардиҳои зимистон харобшуда, Раиси шаҳр супориш дод, ки тавозундори роҳҳо дар шаҳр – раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо бо ҷалби васеи субъектҳои соҳибкорию сокинони шаҳр  раванди барқарорсозии қитъаҳои харобшудаи роҳҳои маҳаллагузарро  вусъат бахшанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев инчунин зикр намуд,  ки тамоми кӯчаю роҳҳои шаҳри Душанбе то давраи соҳибистиқлолӣ аз рӯи вазн дар меҳвар 6-10 тонна  ҳисоб карда, сохта шудааст, ки ин нишондод нисбати стандартҳои байналмилалӣ кам аст. Барои ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй намудани он лоиҳаҳои омодашаванда ба 11 тонна вазн дар меҳвар, вобаста аз моҳияти хиёбон, кӯчаю роҳҳо, ҳисоб карда мешавад, ки ин муқаррарот азнавсозӣ ва хобонидани қабатҳои иловагии ҷодаи роҳро талаб менамояд, ки барои амалӣ намудан ба ҳар як км роҳ 138 ҳазор сомонӣ маблағи иловагӣ зарур мебошад.

Вобаста аз он ки татбиқи ташаббусҳои сохтмонии шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар шаҳр дар доираи татбиқи Нақшаи генералӣ ва амалисозии сиёсати дастгирии соҳибкорӣ асосан дар шаҳраку  маҳаллаҳои аҳолинишин сурат мегирад ва дар раванди корҳои сохтмонӣ аз техникаҳои вазнашон аз меъёри муқаррарӣ зиёд, ки боиси харобшавии роҳҳо мегарданд, истифода мешаванд, дар ҷаласа қарор дода шуд, ки минбаъд дар шаҳр ягон қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба иҷозат додан барои сохтмон бидуни саҳмгузорӣ дар барқарору нигаҳдории минтақаи роҳи истифодашаванда аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба тасвиб нахоҳад расид.

Ҳамзамон дар ҷаласа ҳолати зимистонгузаронӣ ва фаъолияти шабонарӯзии ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ дар ин хусус, сарфаву сариштакорона истифодабарии неруи барқ ва пардохти ҳаққи барқи истифодашуда дар шаҳр, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, бо ғамхориҳо фаро гирифтани маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, риояи танзими расму оин, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, пешгирии савдои кӯчагӣ, роҳ надодан ба зиёдаравиҳо дар иҷрои фаризаҳои динӣ, иштироки фаъолона дар маъракаҳои интихоботӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, риояи интизоми меҳнат дар мақомоти давлатӣ ва омодагиҳо ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ  баррасӣ ва ба масъулин супоришҳои мушаххас ироа карда шуданд.

Ш. САИДОВ, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе