3 сентябр - Рӯзи кормандони авиатсияи гражданӣ

Ҷавонмарде, ки ҳаётро зеб мебахшад

№102 (3248) 01.09.2014

Дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», баробари ҳавонавардон ва мутахассисони варзидаи соҳаи авиатсия, ҳамчунин намояндагони соҳаҳои дигар  (амният, сарҳадот, милитсия, гумрук, хадамоти муҳоҷират) фаъолият менамоянд. Дар ин нигошта роҷеъ ба шахсе қисса мекунем, ки ӯро тамоми кормандони фурудгоҳ  мешиносанду эҳтиром мекунанд ва аз донишу истеъдоди вай баҳраманданд. Хизмати рӯзноманигори варзида Муҳаммадюсуфи Шодӣ имрӯз дар пешрафти соҳаи авиатсия  аз дигарон камтар нест.

Муҳаммадюсуфи Шодӣ, бахусус дар миёни журналистон маълум аст ва дар ин доира низ вай соҳиби обрӯю иззати хосса мебошад. Беш аз 30 сол аст, ки ҳамчун рӯзноманигори варзида дар воситаҳои ахбори омма фаъолияти густурда дорад. Дар ҳар вазорат, идора ва ё корхонае, ки кор кардааст, ҳамеша фаъолияташ бо матбуот алоқаманд буд.

Солҳои 2000-2004 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сардори маркази матбуот фаъолият мекард. Бо иқдоми эшон бори аввал дар таърихи соҳа маҷаллаи илмӣ-оммавии «Нақлиёт» бо ороиши ранга ва мазмуну мундариҷаи баланд  ба нашр расид. Дар таъсис ва пурмазмун гаштани ҳафтаномаи «Нақлиёт» низ саҳми ӯ зиёд аст. Соли 2004 Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон таъсис ёфт ва ректори он профессор Олим Бобоев Муҳаммадюсуфи Шодиро ба кор даъват кард. Дар ин таълимгоҳи олӣ вай дар вазифаҳои мудири шуъбаҳои илм, табъу нашр, ёвари ректор ва муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ кор карда, яке аз ташаббускорони таъсис ва чопи нашрияи «Раҳнавард» буд.

Айни ҳол сардори маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мебошад ва дар ин ҷо низ шахси тасодуфӣ нест  Ӯ солҳои 1974-1977 дар фурудгоҳи мазкур ба ҳайси механики чархболҳо фаъолият дошт ва барои хизматрасонӣ ба чархболҳои МИ-4, МИ-8 ва КА-25 иҷозат дорад. Зимни фаъолият дар ин ҷо дар ҳайати бригадаи сарнишинону механикҳои чархболҳо ба шаҳрҳои Салехард, Нижнийвартовск, Урай, Комсомолск ва Хантимансийскии Федератсияи Россия сафар ва як муддат дар он ҷойҳо кор кардааст.

Имрӯз дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Муҳаммадюсуфи Шодиро ҳамчун мутахассис ва тарғибгари ин соҳа  мешиносанду иззату эҳтиром мекунанд. Дар ин бора зимни суҳбат бо роҳбарияти фурудгоҳ ва ҳамкоронаш бори дигар боварӣ ҳосил кардем. Вақте аз онҳо дар бораи устод Муҳаммадюсуф пурсон мешудем қариб ҳама мисли ёвари директори генералӣ Фирӯз Эркинович Боқиев як маъниро такрор мекарданд: «Ҳар сифати неке, ки Худованд ба инсон додааст, дар акаи Муҳаммадюсуф  ҳаст». Воқеан, вақте бо ин шахс ҳамсуҳбат мешавед, гуфтору рафтораш, самимияту заковаташ шуморо ҷалб мекунад. Барои тақвияти ин суханон танҳо гуфтаҳои яке аз рафиқони наздик ва ҳамкори устод Муҳаммадюсуф — Пӯлоди Нурзодро ин  ҷо пешкаши хонандагони арҷманд мегардонем:              «Ҳанӯз давраи дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон кор карданам аз рӯзноманигорон исми Муҳаммадюсуфи Шодиро бисёр мешунидам. Мегуфтанд, ки ӯ дар маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад ва ба дархостҳои журналистон сари вақт ва мушаххас посух мегӯяд. Нишастҳои матбуотии вазоратро дар сатҳи  баланди ташкилӣ мегузаронад. Бо шунидани ин ҳама таърифот моил ба дидор ва шиносоӣ бо ин шахси наҷиб шудам. Бо гардиши тақдир соле қабл ба ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба кор даъват шудаму  бо Муҳаммадюсуф  дар як утоқи корӣ  ба ҳам омадем. Беш аз як сол мешавад, ки ҳамроҳ кор мекунем.  Агар гӯям, ки ҳама шунидаҳоям дар ҳаққи  ӯ рост баромаданд, кам аст, зеро  ман ӯро беҳтар аз он дарёфтам, ки тавсифаш мекарданд. Ӯ дар баробари хулқу сиришти накӯ, қобилияту истеъдоди фарох дорад. Хунёгару ромишгари мумтоз аст, вале бештар аз ҳама, маро инсондӯстӣ ва ҳаётпарастии  ӯ, назди мушкилоту муаммоҳои зиндагӣ сари таслим нафароварданаш тасхир кард. Шукрона мегӯям, ки дар шоҳроҳи зиндагии пурпечутоб бо Муҳаммадюсуф дучор гаштам, зеро ин гуна одамон ҳаёти моро зеб мебахшанд».

Ин гуфтаҳоро ҳар журналисте, ки боре бо устод Муҳаммадюсуф ҳамсуҳбат шудааст ва ё дар  нишастҳои матбуотии  ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ки дар сатҳи баланд ва ҷолиб мегузаранд ширкат варзидааст, тасдиқ мекунад. Журналистони воситаҳои ахбори ватанӣ ва хориҷӣ медонанд,ки устод Муҳаммадюсуф ҳар дафъа пеш аз оғози нишасти матбуотӣ барояшон «сюрприз»-е омода кардааст. Аз ин сабаб ҳам теъдоди намояндагони воситаҳои ахбори омма дар нишастҳои матбуотии фурудгоҳ хеле зиёд аст ва мулоқоти роҳбарияти он бо хабарнигорон таври ошкоро ва ҷолиб мегузарад. Тамоми хадамоте, ки дар фурудгоҳ фаъолият мекунанд, аз устод Муҳаммадюсуфи Шодӣ дилпуранд, ки вай ҳеҷ гоҳ маълумот ва хабарҳои носаҳеҳро пешниҳод намекунад.

Муҳаммадюсуфи  Шодӣ дорои касб ва шуғлҳои гуногун аст. Аз ҷумла маъракаҳои хоссаи дӯстонро бо суханрониҳо, зарофату ҳикматҳо ва таронасароиҳояш гарм мекунад. Ҳанӯз солҳои ҳаштодуми асри гузашта ду таронаи  устодро («Тоҷикистон зинда бош» бар матни Ҷ.Каримзода ва «Тоири оҳантанем»  бар матни Ҳ. Юсуфӣ )  радиои Тоҷикистон сабт карда буд ва ҳоло дар хазинаи тиллоии он маҳфузанд. Воқеан, устод Муҳаммадюсуф шахси  заковатманд ва дорои ҳиссиёти воқеӣ ва баланди ватандӯстӣ аст. Ин сарзамини бою пурганҷ ва мардуми  заҳматқарину некуи тоҷикро на чун баъзеҳо дар забон, балки аз дилу ҷон дӯст медораду содиқона хизмат мекунанд. Бо ашхосе, ки зидди ин халқу Ватан изҳори ақида менамоянд, ҳеҷ гоҳ муросо намекунад, ҷавобашонро сари вақт медиҳад. Камбудию мушкилоти мавҷударо холисона ва андешамандона баён карда, дар матбуот ба нашр мерасонад. Мақолаҳои таҳлилӣ, танқидӣ ва проблемавии устод  мавзӯъҳои муҳими рӯзро дар бар мегиранд.

Зикри сифатҳои ин ҷавонмарди  хирадманду инсони нексиришт китоберо фаро мегирад. Алҳол бо ин гуфтаҳо иктифо карда, ба ӯ ва ҷамъи кормандони  соҳаи авиатсия барору комёбӣ ва тансиҳатӣ таманно дорем.

Б. КАРИМЗОДА», Садои мардум»