Аз нишастҳои матбуотӣ

№14 (3160) 11.02.2014

Раҳнамо оид ба кор бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

Зариф Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ  гуфт ки, соли чорум аст ҷиҳати тақвият додани кафолатҳои конститутсионии  ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақомоти мо фаъолият менамояд.

Бо дастгирии ниҳоди Даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон « Раҳнамо барои кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кор бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳия  ва нашр карда, « Маҷмӯаи санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба пешгирии шиканҷа » ба табъ расонида шуд.   Ҳамзамон амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013- 2020, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 тасдиқ гардидааст, оғоз ёфта,  ҷиҳати татбиқи он  Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ таъсис дода шудааст.

6 декабри соли 2013 конференсияи илмӣ- амалӣ бахшида ба 65-солагии қабули Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар дар мавзӯи «Рушди ҳуқуқи инсон дар даврони Истиқлолият» баргузор гашт, ки дар он намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Бо мақсади рушд додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва инчунин ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик  то имрӯз бо омбудсменҳои чор минтақаи  Федератсияи Россия, аз ҷумла шаҳрҳои Москва, Санкт- Петербург, Оренбург, Екатеринбург ва омбудсмени федералии Федератсияи Россия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

- Бояд гуфт, ки тӯли соли 2013 ба  дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон 492  нафар  шаҳрвандон муроҷиат кардаанд, — ҷамъбаст намуд Зариф Ализода.

 Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»

 Муштариёни алоқаи мобилӣ боз ҳам зиёд шуданд

-Даромади умумии корхонаҳои зертобеи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо операторон ва провайдерон дар соли 2013-ум        2 миллиарду 639 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 14,9 фоиз зиёд аст,- изҳор дошт Рафиқҷон Шокиров — муовини аввали сардори хадамоти фавқуззикр. Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ 1 миллиарду 749 миллиону 100 ҳазор сомониро дар бар гирифта, хизматрасонии алоқа ба шахсони имтиёздор аз тарафи оператори миллии алоқаи барқӣ ба 880 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Соли сипаришуда  шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 10 миллиону 666 725 нафарро ташкил намуд, ки аз он 6,1 миллион нафарашон фаъол мебошанд. Шумораи истифодабарандагони Шабакаи интернет бошад, якҷоя бо истифодабарандагони интернети мобилӣ 3,8 миллион нафарро ташкил намудааст.

Доир ба фаъолияти КВД «Почтаи Тоҷик» Р. Шокиров изҳор дошт, ки  аз ҷониби ин муассиса давоми соли 2013 ба маблағи 6156,1 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 555 шуъбаи алоқаи марбут ба КВД «Почтаи Тоҷик» фаъолият мекунад. Соли сипаришуда ҳаҷми муросилоти почта 762,2 ҳазор килограммро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 15,5 фоиз зиёд мебошад.

Ш. Атобуллоев, «Садои мардум»

 Муроҷиати шаҳрвандон асос дорад

- Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 баҳри таъминоти волоияти қонун, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Зиёда аз 12700 муроҷиати шаҳрвандон бевосита аз ҷониби мақомоти прокуратура баррасӣ  гардида, қариб 2000 ё 15 фоизи онҳо асоснок ҳисобида, талаботи шаҳрвандон қонеъ ва ҳуқуқҳои поймолгаштаи онҳо барқарор карда шуд. 610 нафар  шахсоне, ки баррасии холисона ва ҳаматарафаи муроҷиатҳоро таъмин накардаанд, ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида, нисбати 41 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд, — гуфт дар нишасти  матбуотӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина.

Дар соли 2013-ум 18336 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин 1743 адад ва ё 10,5 фоиз назар ба соли 2012 ва қариб 6 ҳазор адад (с.2009-12408 ҷиноят) ё 47,8 фоиз назар ба чор соли пеш зиёд мебошад.

Нисбати 146 нафар аъзои ташкилотҳои террористию экстремистӣ 68 парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтиш қарор дода шуда, 46 парванда нисбати 92 нафар ба судҳо ирсол гардид.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 264 парвандаи ҷиноятӣ нисбати  298 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ оғозу тафтиш  шуд, ки аз он 162 парванда нисбати 185 нафар ба суд ирсол гардидааст.

Давоми соли гузашта 16 арзу шикоят дар бораи шиканҷа ва дигар намудҳои зӯроварӣ дохил гашта буд, ки дар чор  ҳолат онҳо тасдиқ  ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Дар самти назорати риояи қонунгузории замин 2300 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, шуданд. 103 адад оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ буд, ки нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, 402 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Дар робита ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 234 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 76 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд. Вобаста ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бошад,1566 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 331 парвандаи ҷиноятӣ, аз ин 114 парванда оид ба монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти умумии ҳатмӣ оғоз гардид.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»