Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

№23 (3169) 08.03.2014

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи хабарнигори рӯзнома Д.Мергановро таҳти унвони –«Тамбашавии нақлиётро «даво» чист?», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» 19 октябри соли 2013 таҳти №133 чоп шудааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.

Санҷиш ва омӯзиши ташкили ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон дар чорроҳаи кӯчаи Борбад- Гипрозем ва роҳи автомобилгарди Чимтеппа- Сомон нишон  дод, ки дар ҳақиқат бо сабабҳои зерин: — ҷойгир будани бозорҳои ҶДММ «Сомон», ҶДММ «Саиди Ҳалим» ва ҶДММ «Деҳқон», набудани таваққуфгоҳҳо дар назди бозорҳои мазкур;- ҷойгир намудани хатсайри микроавтобуси «Душанбе — Сарикиштӣ», ки нуқтаи охири ин хатсайр дар ҳамин чорроҳа пешбинӣ гардидааст;- назорати нокифоя аз тарафи БДА ва Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт;- инчунин ба бозор табдил додани пиёдароҳҳо ва қисми кабудизоршудаи кӯчаҳои гирду атроф боиси тамбашавии воситаҳои  нақлиёт дар ин минтақа гаштааст.

Бояд зикр намуд, ки чорроҳаи мазкур ҳамчун чорроҳаи танзимшаванда ба ҳисоб рафта, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи аломатҳои роҳ ба танзим дароварда шудааст.

Дар дохили чорроҳаи болозикр таваққуф намудани воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, таксиҳо ва автомашинаҳои боркаши хурдҳаҷм ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт халали ҷиддӣ ворид намуда, ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар ин чорроҳа оварда мерасонад.

Тариқи ин чорроҳа ба самти «Шаҳраки ҳарбиён» хатсайри микроавтобусҳои №2, 10, 14, 19 ва 54 мегузаранд ва ба самти деҳаи «Чимтеппа» хатсайри микроавтобуси «Душанбе- Сарикиштӣ», ки нуқтаи охирини ин хатсайр дар ҳамин чорроҳа пешбинӣ гардидааст, фаъолият  менамояд.

Зикр намудан зарур аст, ки дар ду самти кӯчаҳои гирду атрофи бозорҳои «Деҳқон», «Сомон» ва «Саиди Ҳалим» воситаҳои нақлиёт таваққуф намуда, як қисми мошингарди ин кӯчаҳо ба таваққуфгоҳҳо мубаддал гаштаанд. Ҳамчунин пиёдароҳҳо ва қисми кабудизоршудаи кӯчаи гирду атрофи бозорҳои мазкур ба бозор табдил дода шудаанд, ки ин низ ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт боис мешавад. Таваққуфгоҳи назди бозори «Деҳқон» ба бозор ва ҷой барои давр хӯрдани троллейбусҳои хатсайри № 5 ва 12 ва автобусҳои хатсайри 18 ҳамчун таваққуфгоҳ истифода мешаванд.

Дар кӯчаи Борбад ҳамарӯза аз тарафи ШБДА РВК дар шаҳри Душанбе нозирон барои хизмат сафарбар мешаванд. Аз рӯйи тақсимбандии ҳайати шахсӣ нарядҳои БДА дар кӯчаи Борбад пешбинӣ гардида, бояд дар ҳолати ба амал омадани тамбашавӣ ё ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар дигар чорроҳаҳои ин кӯча низ хизмат расонанд.

Пешниҳоди Д.Мерганов бобати дар ин чорроҳа гузоштани чароғаки роҳнамо ҳалли худро ёфтааст. Ҳангоми ба истифода додани марҳилаи 2-юми лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар ин чорроҳа насби чароғаки роҳнамо ва камераҳои банаворгирӣ пешбинӣ гардидааст, ки мушкилии зикргардидаро ҳал хоҳад намуд. Оид ба масъалаи сохтмони таваққуфгоҳ дар назди бозори «Деҳқон» аз тарафи РВКД дар шаҳри Душанбе ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ахборот ирсол шудааст.

Аз тарафи кормандони Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт барои ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ҳамарӯза дар ин минтақа назорат бурда намешавад ва кормандон ба хизмат сафарбар намешаванд. Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро зарур аст, ки  барои роҳ надодан ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар ин чорроҳа, масъалаи кӯчонидани нуқтаи охири хатсайри микроавтобуси «Душанбе- Сарикиштӣ»- ро дида барояд.

Бояд зикр намуд, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн ба бозорҳо аз рӯйи реҷаи муайян, ҳамарӯза аз соати 2100 то соати 500 ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади аз байн бурдани тамбашавӣ ва ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Чимтеппа – Сомон, чорроҳаи Борбад- Гипрозем ва кӯчаҳои гирду атрофи бозорҳои «Деҳқон», «Сомон» ва «Саиди Ҳалим» аз тарафи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, ШБДА ШВКД- 1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ва директорони бозорҳои «Деҳқон», «Сомон» ва «Саиди Ҳалим» пешниҳодот ирсол карда шуд.

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои бамиёнгузоштаи хабарнигори рӯзномаро ба инобат гирифта, оиди аз байн бурдани тамбашавии нақлиёт дар ин чорроҳа чораҳои зарурӣ андешида, онро зери назорати доимӣ қарор медиҳад.

Барои ҳамкориатон дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ сипосгузорем.

М. САИДОВ,   сардори РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал–майори милитсия