«Бозори деҳқон» — кафолати бехатарии маҳсулот

№153 (3138) 05.12.2013

Имрӯзҳо дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бозорҳои зиёд фаъолият мекунанд, ки дар таъмини сокинон бо молу маҳсулоти лозима саҳмгузоранд. Доир ба фаъолияти яке аз бозорҳои ҳудуди шаҳри Душанбе  — КВД «Бозори деҳқон» ба хонандагони рӯзнома иттилоъ медиҳем.

КВД «Бозори деҳқон» дар таъмини сокинони шаҳри Душанбе ва  аҳолии шаҳру ноҳияҳои атрофи он бо маводи кишоварзӣ саҳми  босазо мегузорад. Бозори мазкур соли 1989 таъсис ёфтааст. Дар робита ба фаъолияти КВД «Бозори деҳқон» муовини директори он Ҳақдод Сафаров  минҷумла зикр кард, ки вазифаи асосии бозори зикршуда ворид ва пешкаш намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба сокинони пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он  аст. Бозор зиёда аз 300 ҷойи нишаст дошта,  шабонарӯзӣ фаъолият мекунад ва бо 61 хоҷагии деҳқонии атрофи шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шартнома дорад.  Аз ин хоҷагиҳо ҳамарӯза ба бозор маҳсулоти тарутозаи кишоварзӣ ворид мегардад.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар ин бозор нисбат ба дигар бозорҳои шаҳри Душанбе  20-25 фоиз арзонтар аст. Бо мақсади мунтазам таъмин намудани  сокинони пойтахт бо маҳсулоти тарутоза ва ба танзим даровардани нарх дар назди  КВД «Бозори деҳқон» тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти рақами 310/5 аз ҳафтуми июли соли 2011 дар масоҳати 16 гектар хоҷагии ёрирасон ташкил шудааст, ки дар он картошка, гандум, каду, карам, лаблабу ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия парвариш ёфта, ҳамарӯза аз хоҷагии ёрирасон беш аз 1, 5 тонна маҳсулот вориди бозор мегардад.

Дар КВД «Бозори деҳқон» тамоми анвои маҳсулоти кишоварзиро пайдо намудан мумкин аст. Ӯ изҳор дошт, ки то имрӯз аксари маводи ниёзи аввалияро захира намудаанд ва ин кор идома дорад. Айни ҳол дар анбори бозори зикршуда 500 тонна орд мавҷуд аст, ки ҳамарӯза аз ду то чор тоннаи он ба савдо рафта, арзиши он нисбат ба соли гузашта арзонтар аст. Инчунин 14 нуқтаи гӯштфурӯшии КВД «Бозори деҳқон»  маҳсулоти гӯштиро  пешкаши сокинон мегардонад, ки пеш аз фурӯш дар озмоишгоҳи байтории дохили бозор аз ташхис мегузарад.

Ба саволи инҷониб, ки савдои яклухт дар «Бозори деҳқон» аслан шабона сурат мегирад ва дар ин сурат оё молу маҳсулоти воридшаванда аз ташхис мегузарад ё не? Ҳақдод Сафаров гуфт, ки фаъолияти бозор шабонарӯзӣ аст, аз ин рӯ, дар дилхоҳ вақту соат ҳамаи ташхисгоҳҳо фаъолият мекунанд ва тамоми маҳсулотро сари вақт санҷида, барои фурӯш иҷозат медиҳанд. Вобаста ба боло бардоштани нархи маҳсулот аз ҷониби савдогарон ҳамсуҳбатам афзуд, ки ин гуна амалҳо асосан дар арафаи идҳои  Рамазон ва Қурбон сурат мегиранд, ки боиси нигаронӣ аст. Аз ин рӯ,  дар арафаи иди Рамазон тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе бо ташкил кардани ярмаркаи шабонарӯзии маҳсулоти кишоварзӣ арзиши нуҳ намуди маҳсулоти ниёзи аввалро дар КВД «Бозори деҳқон» ба танзим дароварданд. Оид ба фурӯш баровардани маҳсулот аз ҷониби деҳқонон – худи онҳое, ки соҳибони аслии маҳсулот мебошанд, Ҳамсуҳбатам изҳор дошт, ки дар ин масъала ҳеҷ мушкилӣ вуҷуд надорад.

-Ҳар нафаре, ки мехоҳад маҳсулоташро ба фурӯш барорад, дар асоси қонуну қоидаҳои шаҳрдорӣ ва бозорнишинӣ бе мушкилӣ метавонад, ки дар КВД «Бозори деҳқон» ҷой гирифта, маҳсулоташро ба харидорон пешкаш намояд, — изҳор дошт ӯ.

Зикр кардан бамаврид аст, ки сарфи назар аз мавҷуд будани шароити мусоиди кор дар КВД «Бозори деҳқон» шахсони зиёдеро дидан мумкин аст, ки дар роҳравҳои назди бозор молу маҳсулоташонро ба фурӯш баровардаанд. Вобаста ба ин ҳолат масъулини бозор изҳори ташвиш намуда, зикр карданд, ки бо вуҷуди андешидани чораҳо аз ҷониби мақомоти лозима ин ҳолат давом дорад. Хуб мебуд, сокинон ҳангоми харидорӣ аз дохили бозор молу маҳсулоти даркориашонро интихоб намоянд, зеро агар аз як тараф он аз ташхисҳои лозима гузашта, бехатариаш муайян шуда бошад, аз тарафи дигар барои барҳам хӯрдани  савдои кӯчагӣ мусоидат менамояд. Маҳсулоте, ки дар роҳравҳо фурӯхта мешавад, аз ягон намуди ташхис нагузаштааст ва бехатариашро низ касе кафолат намедиҳад.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»