Фаъолзанони пойтахт қадрдонӣ шуданд

№36 (3337) 11.03.2015

Ба ифтихори Рӯзи Модар- 8-уми март ва фарорасии Наврӯзи хуҷастапай Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба анъаноти худ занон- кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо ва фаъолзанони шаҳрро бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид.

Ин навбат барои қадрдонии 2586 нафар занони роҳрӯб ва фаъолзанони пойтахт, ки дар пешрафти шаҳр саҳми бориз доранд, тибқи қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе қариб 1,7 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ҷудо карда шуд.

Кумаки молиявии мазкур тибқи муқаррароти Раиси шаҳр, аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ 5 марти соли 2015 дар расми тантанавӣ ба роҳрӯбони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр тақдим карда шуд. Идома бар он, нимаи дуюми рӯзи 6 марти соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи таҷлили Рӯзи Модар ва истиқбол аз қудуми мубораки фасли баҳор мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо фаъолзаноне, ки дар рушду нумуи пойтахт саҳми арзанда доранд, баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқоти тантанавӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳар кадоми онҳоро бо туҳфаву мукофотпулиҳои шаҳрдорӣ қадрдонӣ намуда, дар шахси онҳо кулли модарон ва бонувони шаҳрро бобати саҳми арзандаашон дар ободонию тараққиёт ва ҳамкориҳои рӯзафзунашон дар татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр изҳори сипос карда, бо ибрози таманниёти самимӣ итминон намуд, ки минбаъд низ неру, имконот, масъулият, таҷриба ва малакаи созандагии онҳо ба нафъи ҷомеаи пойтахт раҳнамун гардида, бо тарбияи насли солиму пешаи зиндагии қонунсолорӣ, бо ибрати шахсӣ риоят намудани танзими расму оин ва роҳ надодан ба исрофкориҳо дар ҳамзистии осоиштаи ҷомеа ва пешрафти шаҳр муваффақтар мегарданд.

Ш.Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе