Ба истиқболи 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия — тақозои ҷомеаи ҳуқуқбунёд

№54 (3200) 26.05.2014

Садои мардум сахифаи 1

Чанде  қабл дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Прокуратураи генералӣ ба муносибати 20-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Риоя  ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  конститутсионии инсон  ва шаҳрванд дар ҷараёни ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии далелҳо» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш  ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Шӯрои адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, олимону мутахассисони варзида, кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва суд, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, адвокатура ва воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири ҳақиқии давлатии адлия Салимзода Шерхони Одина конфронсро  ифтитоҳ намуд.

- Дар таълимоти илми ҳуқуқшиносӣ зери мафҳуми Конститутсия  қонуни асосии қувваи олии ҳуқуқидошта фаҳмида мешавад. Истилоҳи Конститутсия ҳанӯз дар Рими қадим маълум буд. Дар асл бошад, ҳамагон огоҳ ҳастем, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ дар шаклу мазмуни ғояҳои имрӯза зиёда аз дусаду бисту панҷ  сол боз арзи вуҷуд дорад, — гуфт зимни  суханронӣ Салимзода Шерхони Одина ва идома дод:

-Нахустин Конститутсияи олами башарӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1787 дар заминаи ҷунбишҳои ҷамъиятию сиёсӣ қабул гардидааст ва аввалин президенте, ки ба Конститутсия савганд ёд карду ба маснади Президенти Амрико нишаст, Ҷорҷ Вашингтон буд.

Суоле пеш меояд, ки чаро тӯли ҳазорсолаҳо мамолики дунё бидуни Конститутсия фаъолият доштанду ду асри охир рӯ ба он оварданд? Ақидаҳои дорои хусусиятҳои объективию субъективӣ, тибқи адабиёти ҳуқуқӣ, ки бештари онҳо Конститутсияро чун санади синфи ҳукмрон оид ба пойдории ҳокимияти худ маънидод мекунанд, зиёданд. Аммо агар ба ин масъала амиқтар назар андозем, пас дигар омили муҳимеро, ки ба далели устувор асос меёбад, пайдо менамоем.

Сарчашмаи асосии пайдоиши Конститутсия ба шуури ҳуқуқии инсоният, ки дар ду асри пуринқилоб мукаммалтар гардид, вобастагӣ дорад. Пайдоиши Конститутсия тақозои ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад, ки барои фароҳам овардани шароити арзандаи ҳуқуқӣ мусоидат мекунад.

Тоҷикистон низ таърихан дорои  конститутсияҳои худ мебошад. Дар раванди таърихи Тоҷикистон, бешубҳа, Конститутсияҳои солҳои 1924, 1931, 1936, 1978 ва Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (соли 1991) нақши созанда бозидаанд. Имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик аст ва дараҷаи самаранокии амалишавии муҳтавои он ба савияи қонундониву риояи бемайлони он аз тарафи ҳар як фарди ҷомеа иртиботи бевосита дорад.

Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик Конститутсияи (Сарқонуни) давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати  қонуни олии кишвар бо ташаббуси Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бевосита аз ҷониби  халқ қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз, ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд.

Конститутсия ба сифати санади олии  қувваи ҳуқуқидошта, заминаҳои қонунии пешрафти ҷомеаро муайян намуда, барои  қабули қонунҳои нав ва ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятии гуногун асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Ифода гардидани халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ аз демократӣ будани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Меъёрҳои меҳварии қонуни асосии кишвар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мавриди баҳрабардорӣ  пешниҳод намудааст, ки аввалин маротиба  дар таърихи қонунэҷодкунии давлат ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ ва заволнопазир эътироф  кардааст, ки ин ифода қурбу манзалати инсонро дар ҷомеа боз ҳам барҷаста таҷассум намудааст.

Ҳуқуқи инсон мафҳуми мураккабу серҷабҳа буда, ба он таърифи  ягона ва маънидоди якранга намудан қобили қабул нест, зеро ин вожа яке аз арзишҳои муайянкунандаи тамаддуни ҷаҳони муосири имрӯза маҳсуб меёбад ва на танҳо мафҳуми ҳуқуқӣ, инчунин философӣ, сиёсӣ ва аҳлоқиро низ доро мебошад. Ба ҳамин мақсад дар ин конфронс масоили басо муҳиму мубрами раванди тафтишот — «Риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар ҷараёни ҷамъоварӣ ва баҳодиҳии далелҳо» манзури шумо мегардад.

Ҷамъ овардану баҳодиҳии далелҳо дар раванди таҳқиқу тафтишоти пешакӣ барои исботи дараҷаи гунаҳгорию бегуноҳии ашхоси таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарордошта ва дар ин замина ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон бевосита аз меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон манша мегирад, зеро таҳқиқу тафтиши ҳамаҷониба, холисона ва одилона дар раванди тафтишоти пешакӣ ва ба амал баровардани адолати судӣ ба принсипи эҳтимолияти бегуноҳии инсон пойдевори устувори ҳуқуқиро замина  мегузорад.

Вақте мо ба таърихи гузашта назар меафканем, ҳодиса ва воқеаҳои зиёди поймоли ҳуқуқи инсонро мебинем, ки солҳои минбаъда ислоҳ карда шуданд. Аз солҳои 60-уми асри гузашта то ҳол қариб 2,5 млн маҳкумшудагони солҳои 30-юми Давлати Шӯравӣ сафед карда шуданд. Ин ҷараён ҳанӯз идома дорад.   Раванди фаъолияти 22 — солаи соҳибистиқлолии миллати тоҷик бо сарварии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақозогари бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд буда, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ин абармарди асил ҳуқуқу озодиҳои инсон мавқеи муҳтарамона ишғол намудааст. Дар суханрониҳои худ Сарвари давлат пайваста кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҳушдор медиҳад, ки дар ҷараёни тафтишу баамалбарории адолати судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон қатъӣ риоя карда шавад.

Дар Конститутсия арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон, муайянкунандаи мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ будани онҳо маънои онро дорад, ки риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон вазифа ва уҳдадории ҳуқуқии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо мебошад. Қонунҳо набояд қоидаҳои рафтореро муайян намоянд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқ  набошанд ё онҳоро халалдор созанд.

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ аз  ҳуқуқбунёду демократӣ будани низоми давлатдории мо гувоҳӣ медиҳад. Ин ибора аз фарҳанги динию суннатии миллати мо маншаъ мегирад, ки дар китоби Қуръон гуфта шудааст: «Мо гиромӣ доштем фарзанди инсонро» ва дар яке аз ҳадисҳои Пайғамбар (с) омадааст:  «Мақоми қозии одилу боадолат биҳишт аст» ва ё «Яксоата мурофиаи одилонаи додгоҳӣ баробар ба шаст соли тоату ибодат аст».

Аз ин бармеояд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон,санадҳои байналмилалӣ ва  фарҳанги оламшумули динию суннатии мо ашхоси мутасаддиро водор месозад, ки аснои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидану маҳкум намудани инсон меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро комилан риоя намоянд.

Дар Конститутсияи амалкунандаи кишвар диалектикаи замон, раванди демократия ва ғояҳои давлати ҳуқуқбунёд дар замони имрӯза ва оянда таҷассум ёфтааст.

Ҳамин тариқ, ҷузъиёти асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки ҳуқуқи инсон маҳаки асосии  сохти конститутсионии давлатро ташкил медиҳад.

Иштирокдорони конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир ба ин мавзӯъ бо маърӯзаҳои ҷолибу пурмуҳтаво баромад намуданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»