Симои роҳбар

Масъулиятшиносӣ мушкили мардумро рафъ кард

№62 (3208) 12.06.2014

Ҳадафи асосии ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори  омма» дастгирӣ шудани фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар самти  инъикоси ҷараёни дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат аз ҷониби  вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, тибқи талаботи Фармони фавқуззикр, роҳбарони мақомоти  зикршуда вазифадоранд, ки ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, дар муҳлатҳои тибқи қонунгузорӣ муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд. Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки баъд аз тасвиби Фармони мазкур мақому манзалати воситаҳои ахбори омма дар ҷомеа боз ҳам болотар рафта, эътимоди аҳолӣ ба онҳо дар самти инъикос ва  рафъи мушкилоти пешорӯяшон  қарордошта  қавитар гардид.

Тамбашавии нақлиёт, ки миёни мардум чун «пробка» маъруф аст,  яке аз падидаҳои маъмули шаҳрҳои бузурги ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта,  одатан дар шаҳрҳои калон ба мушоҳида расида,  дар тамоми олам  бо истифода аз усулҳои гуногун  масъулин пайи аз байн бурдани он аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд. Дар шаҳри Душанбе низ тамбашавии нақлиёт давоми солҳои охир ба  мушкилоти доғи рӯз мубаддал гардида, боиси нороҳатии сокинону меҳмонони пойтахт шудааст. Дар натиҷа, шаҳрвандон сари вақт ба макони лозимии худ рафта наметавонанд, вақти зиёди хешро дар интизории нақлиёт сарф мекунанд.

Яке аз чунин маконҳо маҳаллаи Гипроземи пойтахт  маҳсуб меёфт.  Моҳи октябри соли гузашта, бо дарназардошти  шиддат пайдо намудани ин мушкилӣ  дар маҳаллаи фавқуззикр муаллифи сатрҳо таҳти унвони «Тамбашавии нақлиётро даво чист?» дар рӯзнома маводи   танқидӣ ба нашр расонида буд.  Дар мавод ҳамрадиф бо инъикоси  проблема,  чанд пешниҳод, ки ба рафъи он мусоидат менамоянд, ба масъулин ироа гардида буд. Аз ҷумла пешниҳод намуда будам, ки  «дар навбати аввал зарур аст, ки дар чорроҳаи маҳаллаи Гипрозем, ки дар  он ҷо нақлиёт ҷониби деҳоти «Чимтеппа» ва «Шаҳраки ҳарбиён» тақсим мешаванд, чароғаки роҳнамо насб шавад. Сониян, масъулини бозори «Деҳқон»-ро мебояд дар ҳамдастӣ бо кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатӣ ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти мамлакат гузоштани автомобилҳоро дар канори роҳи шафати бозор пурра аз байн баранд. Ниҳоят,  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо зарур аст, ки якҷо бо сохторҳои марбута ҷиҳати ҷорӣ намудани маҳдудият барои воридшавӣ ва ҳаракати нақлиёти бузургҳаҷми боркаш дар ин минтақа иқдом намояд».

Хушбахтона, дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби роҳбарияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ маводи мазкур мавриди вокуниш  қарор гирифт. Нуктаи муҳим ва фарқкунандаи вокуниши ин мақом дар  фаврияти баррасии  мушкилоти мавҷуда, ҷаҳду талош барои рафъи  бетаъхири он, эътирофи  нуктаҳои дар мавод зикршуда ва ҷой надоштани омилҳои худсафедкунӣ  зоҳир мегардад.  Барои мисол, дар вокуниши сардори Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- майор Маҳмадсаид Саидов минҷумла зикр шудааст:  «Санҷиш ва омӯзиши ташкили ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон дар чорроҳаи кӯчаи Борбад- Гипрозем ва роҳи автомобилгарди Чимтеппа- Сомон нишон  дод, ки дар ҳақиқат бо сабабҳои зерин — ҷойгир будани бозорҳои ҶДММ «Сомон», ҶДММ «Саиди Ҳалим» ва ҶДММ «Деҳқон», набудани таваққуфгоҳҳо дар назди бозорҳои мазкур;- ҷойгир намудани хатсайри микроавтобуси «Душанбе — Сарикиштӣ», ки нуқтаи охири ин хатсайр дар ҳамин чорроҳа пешбинӣ гардидааст;- назорати нокифоя аз тарафи БДА ва Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт;- инчунин ба бозор табдил додани пиёдароҳҳо ва қисми кабудизоршудаи кӯчаҳои гирду атроф боиси тамбашавии воситаҳои  нақлиёт дар ин минтақа гаштааст.Бояд зикр намуд, ки чорроҳаи мазкур ҳамчун чорроҳаи танзимшаванда ба ҳисоб рафта, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи аломатҳои роҳ ба танзим дароварда шудааст.Дар дохили чорроҳаи болозикр таваққуф намудани воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, таксиҳо ва автомашинаҳои боркаши хурдҳаҷм ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт халали ҷиддӣ ворид намуда, ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар ин чорроҳа оварда мерасонад».

Муҳимтар аз ҳама он аст, ки Маҳмадсаид Саидов ба мисли баъзе роҳбарон аз ироаи пешниҳодоти журналист «нороҳат» нагашта, баръакс нигоштааст, ки «пешниҳоди Д.Мерганов бобати дар ин чорроҳа гузоштани чароғаки роҳнамо ҳалли худро хоҳад ёфт. Ҳангоми ба истифода додани марҳилаи 2-юми лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар ин чорроҳа насби чароғаки роҳнамо ва камераҳои банаворгирӣ пешбинӣ гардидааст, ки мушкилии зикргардидаро ҳал хоҳад намуд. Оид ба масъалаи сохтмони таваққуфгоҳ дар назди бозори «Деҳқон» аз тарафи РВКД дар шаҳри Душанбе ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ахборот ирсол шудааст».

Боиси хурсандист, ки ба наздикӣ, тибқи ваъдаи М.Саидов, ки масъулиятшиносӣ дар раванди фаъолияташ нақши калидиро дорост, дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар чорроҳаи зикршуда чароғаки роҳнамо ва камераҳои банаворгирӣ насб гардида, замина фароҳам оварданд, ки  мушкилӣ  аз байн равад. Айни замон танҳо  набудани таваққуфгоҳҳо дар назди бозорҳои ҳамшафати роҳ  боқӣ мондааст, ки боварӣ дорем он ҳам дар ояндаи наздик роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт. Рӯйи саҳифа овардани ин сатрҳо ба он хотир аст, ки агар ҳама  роҳбарон   мисли Маҳмадсаид Саидов фаъолияти  хешро баҳри дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намудани  талаботи  қонунгузории ҷорӣ, Фармон ва дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  беш аз пеш вусъат мебахшиданд, эътимоди шаҳрвандон ба волоияти қонун боз ҳам фузунтар мегардид.

Далер МЕРГАНОВ,  «Садои мардум»