Муборизаи зидди малах

№72-73 (3057-3058) 14.06.2013

ДУШАНБЕ. (Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум») То санаи 10 июни соли равон дар ҷумҳурӣ масоҳати  паҳнгаштаи малах 96178 гектарро  ташкил намуда, дар майдони 79429 гектари он коркард гузаронида шудааст. Тавре аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барои муборизаи зидди малах дар минтақаҳои паҳнгашта  38 трактори дорупошак (ОВХ) ва дастгоҳи аэрозолӣ, 662 дорупошаки дастӣ ва 919 нафар кувваи корӣ сафарбар гардидааст. Ба иттилои манбаъ, мавзеъҳои паҳнгаштаи малахҳо дар вилоятҳои Хатлон 59200 гектар, Суғд 22278 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13200 гектарро ташкил медиҳад.