Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Елена Зайтсева

№23 (3169) 08.03.2014

4 марти соли 2014 раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев директори ҶСП «Кодимир»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия  хонум Елена Зайтсеваро, ки  тибқи Қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти №494 аз 2 августи соли 2013 «Дар бораи баргузории озмуни кушоди байналмилалӣ барои ороиши технологӣ ва мавзӯии хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе» аз тарафи комиссияи озмунӣ ширкати мазкур чун номзади асосӣ шинохта шудааст, барои муҳокимаю мувофиқа намудани ҷузъиёти корҳои ороишии дарпешистодаи шаҳр ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи хонум Елена Зайтсеваро оид ба тарҳрезии консепсияи истифодаи технологияҳои муосиру каммасрафи барқӣ нигаронида, зикр кард, ки мо дар самти амалисозии нақша — чорабиниҳои пешгирифтаи худ баҳри сазовор истиқбол намудани 90 — солагии мақоми пойтахтро соҳиб гаштани шаҳри Душанбе ва баргузории ҳамоиши Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай омодаем ҷиҳати ороиши технологӣ ва мавзӯии хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе бо истифода аз таҷрибаи ширкати мазкур роҳандозии истифодаи дастовардҳои мутараққии рекламавиро амалӣ созем.

Бо ин мақсад тибқи дастури раиси шаҳр бобати бо ҷузъиёти муҳит ва ҷойгиршавии ҷуғрофии иншоот, кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию марказҳои хизматрасонӣ шиносоии амиқ пайдо намудани мавсуф ва баррасии касбии масъала гурӯҳи корӣ бо ҷалби масъулини соҳаҳои гуногун таъсис дода шуд. Гурӯҳи мазкур муваззаф гардид, ки аз натиҷаи табодули афкор ва тафоҳумоти навсозии рекламавӣ пешниҳодоти мушаххасро унвонии раиси шаҳр манзур созад.

Ш. САИДОВ, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе