Нобуд кардани маводи мухаддир

№61 (3207) 10.06.2014

Дар  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо тартиби муайяншуда 192 кг 598,2 гр маводи нашъаовар аз рӯйи 60 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати  онҳо ҳукми  суд баромадааст, бо  роҳи сӯзонидан нобуд гардид.

Маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳангоми  гузаронидани  амалиёти фаврӣ- ҷустуҷӯйӣ  ошкор ва мусодира гардидаанд.

Зикр кардан зарур аст, ки аз оғози  фаъолияти Агентӣ зиёда аз 14 тонна маводи нашъаовар бо роҳи сӯзонидан нест карда шудааст.

Шарофат  АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»