ДУШАНБЕ. (Х. АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум») Имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 292666 гектар кишти ғалладона гузарониданд. То санаи 10 июни соли равон ҳосили майдони 20796 гектар даравида шуд, ки ҳосили он 53116 тоннаро ташкил дод. Ба иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло 431 адад комбайни ғалладарав дар мавсими ҷамъоварии ҳосил ба кор ҷалб шудааст. Ҷамъоварии ҳосили ғалла ҳоло асосан дар вилояти Хатлон оғоз гардидааст. Тибқи маълумот, имсол дар вилоят майдони кишти ғалла 135466 гектарро ташкил медиҳад.
Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон